Ин китоб ба ифтихори 5500 – солагии Саразми бостонӣ зери назари академик Фарҳод Раҳимӣ чоп шудааст. Муаллифи тарҷума Олими Хоҷамурод ва муҳаррири масъул Аслиддин Низомӣ мебошад. Ба китоб номзади илми филология Павел Лурйе тақриз навиштааст. Китоб дар шаҳри Душанбе ба теъдоди 200 нусха чоп шудааст. Мутарҷим дар ёддошти худ менависад:
Рисолаи мазкури бостоншинос ва шарқшиноси маъруфи рус Борис Ильич Маршак ( 9.07. 1933 – 28.07.2006) аз охирин таълифоти эшон ба шумор рафта,як навъ таҳқиқоти ҷамъбастӣ доир ба олами пурасрори ҳунари (санъати) сарзамини Суғди бостонӣ маҳсуб мешавад.
Ҷолиби зикр аст,ки Б. И. Маршак аз соли 1954 – то вопасин лаҳазоти зиндагияш дар пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент ба ҳафриёти ин шаҳри қадими Осиёи Марказӣ машғул буда,тибқи васияташ дар канори ин шаҳри қадима ба хок супорида шудааст. Зиндаёд Борис Ильич Маршак ҳамчун бостоншиноси варзида, баъд аз вафоти устодаш А. М. Беленитский аз соли 1978 роҳбарии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакентро ба ўҳда дошт ва дар айни замон аз соли 1958 дар шуъбаи Шарқи Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург ба ҳайси мудири бахши Осиёи Миёна Қафқоз фаъолият дошт.
Ба поси хотири ин донишманди барҷастаи таърихи ҳунари Шарқ,ба вижа Суғди бостон, Эрмитажи давлатии Санкт – Петербург Россия матни рисолаи мазкурро бидуни тағйир дар таҳрири худи муаллиф зери унвони «Искусство Согда» соли 2009 дар шакли китоби мусаввари ранга ва дар коғази хело олӣ ба зевари табъ даровард.
Матни тарҷумаи тоҷикие, ки ба хонандагони азиз пешниҳод мегардад, дар асоси ҳамин нашр баргардон шудааст. Дар ҷараёни тарҷимаи матн мо ҳаддалимкон кўшиш намудем, ки услуби нигориши матни аслӣ риоя карда шавад, зеро чуноне, ки дар шарҳи нашри русии он зикр гардидааст, он ҷо низ мураттибон қарор додаанд,ки матни ин рисолаи хеле ҳам пурарзиш чун рамзи эҳтироми хотира маҳз дар таҳрири худи муаллиф ва бидуни иловаҳо ба чоп расонида шавад.
Дар зимн бояд хотирнишон сохт, ки дар матн ҳама ҷо вожаи «искусство» ба тоҷикӣ «ҳунар» тарҷума шуд, зеро вожаи «ҳунар» решаи санскритӣ – авастоӣ дошта, ҳамрадифи вожаи арабии «санъат» асту маънои «тавон ва маҳорати эҷоди зебоӣ» - ро дорад. Аз ин рў,мо зарур шуморидем, ки дар матни ин рисолаи нодири бахшида ба олами хеле пурасрори зебоӣ ба ҷои истилоҳи «санъат» маҳз вожаи «ҳунар» истифода шавад.
Мавзуна Назарова,
сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.