Мо барои васл кардан омадем...

Хонандагони азиз! Мехоҳам роҷе ба муҳимтарин неъмати гаронбаҳои тоҷик, истиқлоли миллӣ ибрози назар намоям. Зеро ҳамаи ин  хушбахтиҳое, ки имрўз  барои мо ҷавонони саодатманд насиб гаштааст, аз баракати истиқлоли миллӣ аст. Ва бояд донист, ки яке аз муҳимтарин рукни таҳкими истиқлоли давлатӣ дар  сиёсати давлатдорӣ ин ваҳдати миллист. Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо, аз ҷумла оғози созандагию ободкорӣ, расидан ба ҳамаи орзўву омолҳои нек ва шиори миллати куҳанбунёд ва соҳибтамадуни мост.

Пеш аз он ки оиди фазоили Сулҳу Ваҳдат ибрози назар намоем, мехоҳам, ки  чанд лаҳза ҳамроҳ бо Шумо хонандаи мўҳтарам, ба сайри таърихии чӣ гуна ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ бароем. Дар ҳар давру замон Сулҳу Ваҳдат ва ягонагӣ ба осонӣ ба даст намеояад, ҳатман дар рафти муваффақ шудан ба ин неъмати гаронбаҳо чандин нафар ҷони худро қурбон ва ё дар хатар мегузоранд.

Дар воқеъ ҳар вақте, ки мо дар мавзўи истиқлолияти миллии тоҷикон сухан меронем, бучунучаро симои саиёсадмадори варзида, ҳомии сулҳу ваҳдат ва Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд.

Бояд ёдовар шавем, ки абрҳои сиёҳи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ осмони кишвари азизамон Тоҷикистонро фаро гирифта, мардумро ба муқовиматҳои дохилӣ барангезониданд, ки аз  натиҷааш  зиёда аз 25 ҳазор оилаҳо бесаробон ва қариб 60 ҳазор нафар кӯдакони маъсум талхии ятимиро чашиданд. Ва инчунин ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ  хосса ба маъхазҳои илму маърифат хисороти ҷиддӣ ворид гардид. Дар он айём 126 муассисаи таълимӣ ба пуррагӣ хароб гардиданд ва наздики 120 ҳазор нафар хонандагон аз беҳтарин неъмат - омўхтани илму дониш  маҳрум шуданд.

Бешубҳа, дар он лаҳзаҳои хеле-хеле ҳассоси таърихӣ, ки  эҳтимолияти аз байн рафтани давлату миллат вуҷуд дошт, барои Тоҷикистон нафаре лозим буд, ки пеши роҳи ин ҷангӣ хонумонсӯзи шаҳрвандиро бигирад ва Ватану миллатро аз хатари нобуд шудан раҳоӣ бахшад.

Бешак, дар он лаҳзаҳои ҳасоси таърихӣ Худованди бузург аз байни теъдоди зиёди сиёсадмадорон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари дилсўзу меҳрубон ба саҳнаи сиёсат овард.Чи тавре дар ин мавзўъ Саъдии Шерозӣ баён доштаанд:

Агар қавмеро писандад Худой,

Диҳад хусрави одилу некрой.

Агар хоҳад, ки вайрон кунад оламе,

Ниҳад мулк дар панҷаи золиме.

Мехоҳам ин ҷо сафари хеле ҳасос ва таърихии Роҳбари давлатро ба кишвари дар байни обу оташи ҷанг қарор доштаи Афғонистон баён намоям. Роҳбари мамлакат барои ҳарчи пештар хомўш кардани шўълаи оташи ҷанг ва ба даст даровардани сулҳи тоҷикон, ирода намуданд, ки ба хотири мусолиҳа ва музокара ва муваффақ шудан ба Ваҳдати миллӣ ва тақвияти истиқлол ба кишвари Афғонистон ба назди мухолифин раванд. Дар воқеъ ин иродаи Раҳбари олӣ амалӣ гардид ва тавасути чархбол ба болои марзи кишвари дар ҳолати ҷанг қарордоштаи Афғонистон расиданд, аммо чархбол ҷои фуруд омадани худро пайдо карда натавонист. Ёварони  сарвари давлат ҳама дар таҳлука ва хатари ҷони худ афтоданд ва яке аз онҳо ба Сарвари Давлат фикри худро чунин иброз намуд: «Ин тавр бе хатсайри аниқ парвоз кардан хатари мудҳиш дорад. Толибон чархболро кашф намоянд, хатари суқути кардани он бар меояд. Беҳтараш баргардем!” Дар посух Эмомалӣ Раҳмон чун ҷавонмарди содиқи Ватан, бо салобати ба худ хос ҷавоб дод:

-На-а! Барнамегардем! Ман қавл додам, ки меоям! Аз нияти худ барнамегардам! Агар наравам, онҳо умеди сулҳро аз мо мекананд! Аз қавлаш гашт гуфта хулоса мекашанд. Ин камоли ноҷавонмардӣ аст. Дар роҳи сулҳи тоҷикон ман аз сари худ гузаштаам. Мо имрўз дар атрофи масъалаи муҳими оташбас сўҳбат мекунем. Имрўз ақлу хирад бояд боло гирад. Мо имрўз бояд пеши сели пурошўбро гирем. Доду бедод фоида надорад! Мард бошед! Ҷон, зан ва фарзанд ба ман ширин аст, аммо рафтан даркор»…

Дар ҳам ҳақиқат Сарвари Давлати тоҷикон бо ин ҷасорату матонати ҷавонмардонашон тавонистанд, ки бори дигар қаҳрамони Рустами Достонро дар таърихи башарият такрор намоянд. Ҳамзамон бо ин ҷасорати роҳбари муаззами мо  на танҳо тоҷикон, балке  ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд дод.

Шоир ин ҷасорати Роҳбари давлатро ин тавр ба қалам додааст:

Рафтаӣ бар марзи Афғон бе сипоҳ,

Рустамона бе ягон тиру силоҳ.

Аз барои сулҳу истиқлоли хеш,

То нигаҳбони ту шуд лутфи Илоҳ.

Хулоса, пас аз мусолиҳаву музокираҳо 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба вўқуъ пайваст, ки ин яке аз бузургтарин ҳодисаҳои сиёсӣ дар таърихи халқи тоҷик дар охири қарни 20 мебошад. Равони устод Лоиқ шод бод, ки гуфта:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкорӣ мо омад

Баъд аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва истиклоли комил ба дастовардҳои беназир мушарраф гардидем. Пеш аз он ки дастовардҳои истиқлолро баён намоем месазад, ки сухани як нафар аз олимони кишваршиноси рус Н. Павловро ки дар китоби «Таърихи Тоҷикистон» навиштааст биоварем: «Аз рўи ин инсоф бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама сахтҷонтаринанд, кам андар кам миллате мисли тоҷикон ба зарбаҳои сахт дучор омадааст, аммо қадре фурсати нафасросткунӣ кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд».

Муҳимтарини дастоварди истиқлол ин иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, якдилӣ, ҳамраъйи ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад зеро ин усурҳо сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо ва муваффақ шудан ба кулли аҳдофи нек аст. Чуночи Мавлонои Балхӣ мефармояд:

Парокандагӣ аз нифоқ хезад,

Пурқувватӣ аз иттифоқ хезад.

Маҳз ба туфайли истиқлол, ризоят ва ваҳдати миллӣ имконияти ҷалб намудани сармрягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба миён омад. Ҳоло сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ, мисли Сангтўда-1, Сангтўда-2, шоҳроҳи Душабе-Хуҷанд-Чаноқ, нақбҳои Шаҳристону Шар-Шар ва дигар иншоотҳои азим аз ҳисоби маблағгузории хориҷа бунёд ёфтаанд.

Дар арсаи байналхалқӣ бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардидании 1100-солагии Давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 1000-солагии мутафакир ва олими барҷастаи тоҷик Носири Хисрав,  ҷашни 2700-солагӣ шаҳри Кўлоб, ҳамчунин аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2005-2015 ҳамчун даҳсолаи байналхалқии амалиёти  «Об барои ҳаёт» ва ғайраву ҳоказа гувоҳи онанд, ки халқи Тоҷикистон, давлати тоҷикон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, олам нисбати сиёсати пешгирифтаи Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон таваҷуҳи хос дорад. Ин  дастовардҳое, ки ин ҷо зикр гардид ҳама маҳсул ва натиҷаҳои хайри Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки бояд мо ҷавонону толибилмон шукргузор аз он бошем.

Имрўз моро зарур аст, ки баҳри тақвияти сулҳу ваҳдат ва барои фазои оромии сиёси кишвари азизамон Тоҷикистон ва инчунин барои дӯстиву якдигарфаҳмӣ ва барои ризояти халқу миллат камари ҳиммат бандем. Чуноне, ки қаҳрамони милии Тоҷикистон, шоири маъруф ва яке аз чеҳраҳои фарҳангии олам Мирзо Турсунзода ба мо ҷавонон таъкид намудаанд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рўзи сахт.

Борҳо Перезиденти муҳтарам гуфтаанд: «Мо бояд шукр гўем, ки ба чунин рўзгори орому осуда расидем ва сулҳу субот, Ваҳдати миллиро ҳамчун дастоварди азимтарини халқамон ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт намоем».

Ин суханони сарвари олии мамлакат пеш аз ҳама ба ҷавонон дахл дорад зеро, ҳафтод дарсади аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат ҳар як ҷавони Тоҷикистонӣ муваззаф аст, ки барои таҳким ва густариши Ваҳдати миллӣ ва барои ҳифз намудани дастовардҳои истиқлол тамоми нерў заковати худро равона созад ва ба ин васила барои пеш бурдани сиёсати Раҳбари олии малакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки асосаш сулҳу ваҳдат ва ягонагиву якдигарфаҳмӣ мебошад, нақши худро гузорад.

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

             

Ҷалолиддин Нурзода,

 Муовини директори

Китобхонаи миллии Точикистон.

 

 

Барчаспҳо: