Ҳафиз Раҳмон. Озмуни “Фурӯғ”: Имсол вазъият беҳтар аст...

(як-ду хулосаи рӯзи аввал)

Аз пурсупоси довталабон дар рӯзи аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” банда ба хулосае омадам, ки имсол рақобат ҷиддӣ хоҳад шуд. Сатҳи омодагӣ баланд ва номгӯи осори хондаву даркшуда даҳҳо варақ аст... Ҳоло чизи мушаххасе гуфтан имкон надорад, аммо аз тарзи гуфтор ва фаҳму дарки ду нафар аз иштирокдорони озмун дар номинаи “Адабиёти ҷаҳон” – яке Шарифамо Одинамамадова (хонандаи синфи 11-уми литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ) ва Муродҷон Бойсариев (хонандаи синфи сеюм аз шаҳри Исфара) хеле хушнуд шудам. Инҳо асарҳои зиёде (ҳатто берун аз низомнома) хондаанд ва дар посух гуфтан лаҳзае таъхир намекарданд. Ақлашон расову зеҳнашон гиро! Офаринашон!

Чизи зиёде аз ин гуфтан наметавонам, чунки яке аз доваронам, аммо дар синни 9-солагӣ огоҳ будан аз осори Гёте, Лермонтов, Айтматов, Киплинг, Марк Твен ва..., азёд донистани беш аз 2000 байт аз ашъори ба русӣ тарҷумашудаи бузургони сухан, ба забони русӣ бенуқсу тозаву озод такаллум кардани хонандаи синфи сеюм маро ниҳоят ба ваҷд овард. Сипоси беандоза ба волидонаш, ба муаллимонаш, ба мактабаш, ба пайвандонаш!

Ташкили озмун дар сатҳи олӣ буд, сипос ба Вазорати маориф ва илм, ба масъулин ва ризокорон (волонтёрро ҳамин тавр тарҷума кардаанд, имрӯз фаҳмидам). Сипос ба Фаромурз, ки ба ҳар як ҷузъиёти озмун диққат медод, ин кас корманди Китобхонаи миллӣ, дар номинаи мо масъул аст. Аҷаб ҷавони хушодоб ва масъулиятшиносе...

Ғизои нисфирӯзӣ ҳам хуб буд (барои доварон ин муҳим аст, бо назардошти миқдори зиёди энерҷие, ки сарф мекунанд...) Агар ба номгӯйи ғизо моҳиро илова кунанд, аҷаб коре хоҳад шуд (зеро хӯрдани моҳӣ ба аксар доварон, ки муаллим ҳастанд, танҳо дар чунин маъракаҳо муяссар мешавад, дар омади гап, порсол моҳӣ фаровон буд...).

Дар рӯзи аввал хеле аз дӯстонамро, ки кайҳо надида будам, дидам ва тамоми рӯз аз ин дидорҳо хушҳол будам...

Мутаассифона, баъди зуҳр қаҳва тамом шуд ва каме аз набудани ин неъмат саргаранг шудем... Дар чунин озмуне, ки масъулияташ ниҳоят ҷиддист, қаҳва бояд ҳамеша бошад...

Бо чанде аз мухлисони навиштаҳоям вохӯрдам ва аз таассуроташон огоҳ шудам... Саломат бошанду сарбаланд! Дар суҳбате сухан аз гурбаи азизам – Алекс рафт ва устод Рустами Ваҳҳоб ваъда карданд, ки ба ин дӯсти азиз ва ҳамешадарпаҳлуи банда шеъре эҷод хоҳанд кард... ( Кош ин ваъдаашон, мисли мақолаву тарҷумаҳое, ки ба “Садои Шарқ” мефиристам, ба таъхир наафтад...).

Садри ҳакамони номинаи мо устод Муртазо Зайниддинзода имрӯз масъулияти бештар доштанд: адолат шавад-гӯён аввал талаботи низомномаро ба миён мегузоштанд, нафаре бояд наранҷад. Берун аз низомнома, ҳар асаре, ки довталаб хонда бошад, суол бидиҳед, мегуфтанд. Ҳама бо навбат, ҳам ба русӣ, ҳам ба тоҷикӣ имкони пурсидан муҳайё буд...

Ташаккур ба Мӯҳриддини Низомӣ, сарвари Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунар, ки бо суҳбати пурмуҳтавояшон аз адабиёт ва хушгӯйиҳояшон табъи моро болида карданд. Будани ин кас дар озмун, ки донишманди дақиқназаре ҳастанд, моро ва ҳама иштирокдоронро умедвор мекунад, ки ба қавле ҳақ ба ҳақдор хоҳад расид...

Устод Боймурод Шарифзода (сарвари Пажӯҳишгоҳи забону адабиёт) ва шоири номдорамон Аскар Ҳаким дар суҳбате гуфтанд, ки ҳеҷ довталабе  норизо нахоҳад монд, ҳама ончунон ки мебояд, пурсида хоҳанд шуд...

Манзараи ин сӯву он сӯ рафтану давидани довталабон, сари мавзӯе баҳс кардани доварон ва дар дасти ҷавонон дидани китобро дида, рӯҳам болида шуд: озмуни порсола такони ҷиддие додааст, ҷавонону наврасон аз китоб суҳбат мекунанд, китоб варақ мезананд...

Кош, ин манзара тамоми сол идома мекард... Кошу сад кош....

Аз ин бештар чизе наметавон гуфт, таассуроти комиламро баъди анҷоми озмун хоҳам гуфт...

ҲАФИЗ РАҲМОН

Барчаспҳо: