Барои гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори махсус боз шуд

 Ҷиҳати дар сатҳи зарури баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  толори алоҳида ташкил карда шуд. Дар ин бора зимини натиҷагири аз фаъолияти шашмоҳаи МД Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  Зикр шуд, ки дар толори мазкур китобҳои тавсиявӣ аз рӯйи панҷ номинатсияи озмун (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон, шоирӣ) барои иштирок кунандагон бо гузоштани адабиёт дар гӯшаҳо таъсис дода шудааст. Ҳамчунин ҳомилҳои электронии адабиёти тавсиявии озмуни мазкур омода карда шуда, ба довталабон ройгон дастрас гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз мутасаддиёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Китобхонаи миллииТоҷикистон ба шумор меравад ва барои омода кардани ҷойи баргузории озмун дар даври чоруми он муваззаф гардидааст. Ҳамзамон, гурӯҳи махсуси таблиғотӣ таъсис гардидааст, ки тариқи васоити ахбори омма ба таври доимӣ доир ба баргузории озмуни мазкур суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. То кунун аз ҷониби масъулони шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии тавассути телевизион, радио, ва сомонаву нашриҳои давлатию хусусӣ садҳо суҳбату, вохӯриҳо ва хабару гузоришҳо  роҷеъ ба ба муҳимият, аҳамият ва талаботҳои озмуни мазкур  пешниҳод гардидадн, ки минбаъд низ  идома меёбад.  

Аз ҷумла бо мусоидати шуъбаи тарғиб ва баргузориии чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ дар якҷояги бо Раёсати  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  «Маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкор»-ро таъсис дода шуд, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар барномае зери унвони «Шоме дар китобхона…»  бо ҷалби ҷавонону наврасони соҳибистеъдод, адибону навқаламони ҷавон ва ғолибону иштирокчиёни озумуни ҷумҳуриявӣ  баргузор  мешавад. 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР

Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.