Нишонаи рамз дар фарҳанги мардумӣ
Нашр шуд 2020-07-16 17:00
Яке аз нишони розомезе, ки дар ҳунари гулдўзии минтақаи Кўлоб ё дар ҷўробҳои бадахшӣ дида мешавад, рамзи чалипост, ки гардунаи Меҳр низ гўянд. Ин нишони розомез дар рўи матоъ, тоқӣ ё ҷўробу, кандакориҳо тасвир меёбад. Он як навъ аломати рамзӣ буда, аз давраи қадим то имрўз истифода мешавад. Ба ин навъи нақш бештар ҳунармандони мардумӣ таваҷҷуи зиёд доранд. Дар байни мо тоҷикон анъанае вуҷуд дошт, ки тасвири чалипои шикаста – свастика ё гардунаи Меҳрро дар девори болои сари кўдаки навзод меовехтанд ё дар гаҳвораи ў мегузоштанд ва ба ин гўё саломатии кўдакро нигоҳ медоштанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки фарҳанг фарогирандаи фаъолияти инсон ва асоси шинохти миллату давлат мебошад ва чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид месозад:
“Фарҳанги миллии мо заминаҳои устувор дошта, бо таъриху анъанаҳои қадима ва гуногунрангиву хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла осори хаттии нодир, мусаввараҳои камназир, мусиқии “Шашмақом”, “Фалак” ва садҳо дастоварду падидаҳои дигари ҳунару адаби имрўз дар ҷаҳон машҳур аст”. Аз Авасто гирифта, дар тўли таърихи пурбори миллати мо донишмандону суханварон асарҳои худро, дар шакли рамзҳои гуногун навиштаанд. Рамзҳои гардунаи меҳр, Симурғ ва ҳама рамзҳое, ки аз даврони асотирии Пешдодиён, Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва Сомониён чи дар адабиёти гуфторӣ ва ё чи дар ҳунарҳои дастӣ истифода шудаанд, имрўз низ дар ҳунарҳои чакан ва гулдўзиҳои минтақаи Рашт, Суғду Хатлон ё дар ҳунари дастии мардуми Бадахшон мушоҳида менамоем.
Фарҳанги мардуми миллати тоҷик мушахассоти барҷастаи худро дорад. Аввалин сифати фарқкунандаи ин фарҳанг ин аст, ки тамоми дастовардҳои ҷаҳоншумули тамаддуни ориёӣ ва давраҳои пасини фарҳанги тоҷикиро аз бахшҳои ҳунарҳои дастӣ, мусиқӣ, фарҳанги маънавию моддии хонадорӣ беҳдошти зист ва ғайраҳоро дар бар гирифтааст. Ин дастовардҳои оламшумулро ба шакли дар зиндагии урфӣ коромад ва коркардшуда ҳамарўза истифода мебарем. Агар барои мисол танҳо ҳунари гулдўзиро бигирем, дар ҳамин як ҳунар ҳам хоссагиҳои наққошӣ, ҳам рангомезиву палитраи вижа, ҳам нишонҳои бунёдии фарҳанги ориёии тоҷикӣ ба мисли вариатсияҳои гуногуни рамзи хуршед аз даврони митроизм, тасвири чалипои шикаста, оташ аз тамаддуни қадим тасвири парандагон тасвир мешаванд.
Адабиёти мардумӣ дар қолиби рубоӣ, қисса, ғазал марсия, бадеҳа афсонаву ҳамоса ҳарчанд дар назари аввал примитивизми фолклорӣ менамояд, дар сурати нигоҳи амиқтар натиҷа гирифта мешавад, ки қонуну қоидаҳои бунёдии ин жанрҳо дар асоси адабиёти классикӣ шакл гирифтаву ривоҷ ёфтаанд.
Яке аз нишони розомезе, ки дар ҳунари гулдўзии минтақаи Кўлоб ё дар ҷўробҳои бадахшӣ дида мешавад, рамзи чалипост, ки гардунаи Меҳр низ гўянд. Ин нишони розомез дар рўи матоъ, тоқӣ ё ҷўробу, кандакориҳо тасвир меёбад. Он як навъ аломати рамзӣ буда, аз давраи қадим то имрўз истифода мешавад. Ба ин навъи нақш бештар ҳунармандони мардумӣ таваҷҷуи зиёд доранд. Дар байни мо тоҷикон анъанае вуҷуд дошт, ки тасвири чалипои шикаста – свастика ё гардунаи Меҳрро дар девори болои сари кўдаки навзод меовехтанд ё дар гаҳвораи ў мегузоштанд ва ба ин гўё саломатии кўдакро нигоҳ медоштанд.
Дар бораи маънои чалипо ё гардунаи Меҳр ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Баъзеҳо онро гардиши офтоб дониста, баъзеҳо мўътақиди онанд, ки ин рамз бо расму оини оташпарастӣ алоқаманд аст ва гўё аз усули одии ихтирои оташ ба вуҷуд омада бошад. Аммо ақидаи аксарияти муҳаққиқон ин аст, ки чалипои шикаста пеш аз ҳама рамзи гардиши кайҳон аст, ки асли мардона ва асли занонаро дорад.
Тасвири дигаре, ки дар чакани минтақаи Рашт ноҳияи Сангвор мушоҳида мешавад, Симурғ аст. Симурғ дар “Авасто”, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ва дар адабиёти ирфонии мо, бахусус дар “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттори Нишопурӣ, рамзи инсони комил, инсоне, ки майл ба олами минуӣ (олами транссенденталӣ) дорад.
Дар ҳунари дастдўзии минтақаи Кўлоб рамзи дигаре мушоҳида мегардад, ки ба шакли гули сегӯша ё чалипои сегӯша тасвир шуда, ифодакунандаи гуфтори нек, кирдори нек ва рафтори нек мебошад.
Хулоса, фарҳанги мардумӣ оинаи рўзгори мост ва ин рамзҳое ки дар ҳунарҳои мардумӣ тасвир меёбанд, бозгўкунандаи он аст, ки ин миллат бо ин ҳама рамзошноӣ ва бо доштани фарҳанги қадимаи худ яке аз миллатҳои мутаммадин ва тамаддунофар аст.
Манижабону Убайдуллоева,
сардори Маркази “Тоҷикшиносӣ”