Ба баҳонаи зодрӯз: Маҳмадшариф Каримов кист?
Дар арафаи Наврўзи хуҷастапай устод Маҳмадшариф Каримов-як тан аз китобшиносони варзида ва собиқадори Китобхонаи миллӣ зодрӯз дорад. Устод Муҳаммадшариф Каримов аз зумраи касонест, ки умре китобдорӣ кардаву дар ин соҳа пажӯҳишҳои арзишмандеро анҷом додааст. Бо баҳонаи зодрӯз аз роҳи тайкардаи ӯ мехоҳем ёд кунем.
Сардори Маркази такмили ихтисос Каримов Маҳмадшариф Мусоевич, мутаваллиди соли 17.03.1957, хатмкардаи факултети китобдории Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷикстон ба номи Мирзо Турсунзода – китобшиноси дараҷаи олӣ.
Каримов М. М. пас аз хатми донишкада бо роҳхат аз соли 1978 то 1984 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ дар шуъбаи илмӣ-методӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Заҳматҳои Каримов М. М. бо нишони «Аълочии фарҳанг ва матбуот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидааст.
Аз январи солҳои 1984 то 2008 дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2010 то ба имрўз дар Китобхонаи милии Тоҷикистон дар вазифаҳои сармутахассиси шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ; сардори бахши ҳуқуқ ва кадрҳо; сардори шуъбаи таъмир ва тармими ҳуҷҷатҳо; сардори шуъбаи нигоҳдории китобҳо кор кардааст.
Мавсуф аз 14 феврали соли 2017 ба тариқи гузариш сардори Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ таъин гардидааст.
Дар ин давра Маҳмадшариф Мўсоевич зимни сафарҳои хидматӣ ба китобдорони китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияҳо, шаҳру вилоятҳо ёрии амалию методӣ расонида, дар курсҳои сайёр ва бозомўзии кормандони ин соҳа мунтазам фаъол будааст.
Супоришҳои аз ҷониби роҳбарияти Китобхона додашударо саривақт ва босифат иҷро намуда, дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон 18- мақолаҳояш ва саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Муаллиф ва мураттиби чандин дастурҳои методӣ аст.
Хизматҳои ӯ дар солҳои гуногун бо чандин Ифтихорномаҳову Сипосномаҳо қадр шудааст.
Хоҳам аз номи Худо баҳри ту умри безавол,
Шуҳрати Фирдавсиву ширинии шеъри Камол.
Дастурҳои таълифкардаи Маҳмадшариф Каримов
1. Китобхонаи электронӣ ва дастёбӣ ба он [Матн]: Дастури услубӣ барои китобдорон /Мураттибон М. Каримов, П. Қадимова. – Душанбе: Бухоро, 2014. – 44 с.
2. Нақшаи тахминии плани солонаи корӣ ва ҳисоботи ахборотии китобхонаҳои системаи марказонидашуда [Матн]: Тавсияҳои методӣ / С.А.Бабенко, Л .И.Куштанина; Тарҷумаи М.Каримов, Ғ.Самадӣ; КДР ба номи А.Фирдавсӣ. – Душанбе, 1981. – 34 с. – Матн ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
3. Тарғиби донишҳои ҳуқуқшиносӣ дар байни наврасон [Матн]: Маслиҳатҳои методӣ ба ёрии китобхонаҳои оммавӣ / Тартибдиҳанда М.Каримов ; Муҳаррир Ҷ.Раҷабов. - КДР ба номи А.Фирдавсӣ. – Душанбе, 1982. – 15 с.
4. Централизованные библиотечные системы Таджикистана в 1978 – 1979 годах: Анализ их деятельности / Сост. С.Одинаев, М.Каримов, А.Эргашев; Ред. М.Курбанова. – Душанбе, 1981. – 43 с.
5. Кароматуллоҳи Мирзо: Осорномаи Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рўдакӣ / Мураттибон Ҷ.Раҷабов, Ю.Мусоев; Пажуҳиши библиографии П.Қадимова, У.Раҷабова; Муҳаррир Ш.Солеҳов; Муҳаррири масъул М.Каримов. – Душанбе: Сомон – граф, 2017. – 292 с. + 32 варақ сурат.
6. Асосҳои технологияи корҳои муқовабандии дастӣ ва таъмири тармими китобу ҳуҷҷатҳо: Дастури услубӣ бахшида ба 85 - солагии таъсисёбии Китобхонаи миллии Тоҷикистон / Зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода; Мураттиб: М.Каримов, Муаллифи пешгуфтор Ф.Аминов; Муҳаррир: Ҳ.Аюбов. – Душанбе:”Меҳроҷ - Граф”,2018. – 32 с.
7. Маркази такмили ихтисос (Дар солҳои 2012 – 2019) [Матн]: Маълумотнома:/Мураттиб М.Каримов; Зери назари доктори илми педагогӣ, профессор А.Мирализода Муҳаррирон: Г.Маҳмудов, Ю.Мусоев; КМТ. –Душанбе,2019. – 43с.
8. Мўсоев, Ю., Раҷабов, Ҷ. Созмондиҳии шабҳои адабӣ дар китобхонаҳо [Матн]: Мавод барои китобдорон / Зери назари доктори илмҳои педагогӣ профссор А. Мирализода; Муҳаррирон: Г.Маҳмудов, М.Каримов; КМТ. -–Душанбе, 2019. – 152с.
9. Барномаи таълимӣ «Фаъолияти китобдорӣ ва иттилоотӣ»
Модули вариативӣ «Такмили ихтисоси китобдорон» барои мутахассисон Мураттибон: С. Шосаидзода номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Г. Маҳмудов и.в. дотсент. Муҳаррир: М. Каримов сардори Маркази такмили ихтисос. – Душанбе, 2017 с.
Мақолаҳои дар саҳфаҳои рўзномаю маҷаллаҳо чопшуда
1. Шукурова, Г., Каримов, М. Дастовардҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон [Матн] // Баҳори Аҷам. – 2012. – 4 сентябр. (Мақола).
2. Муҳаммад, Ёр., Каримов, М. Дастовардҳо дар самти пажўҳиш [Матн]: Ба пешвози 80 – солагии Китобхонаи миллии Тоҷикистон // Пайёмномаи фарҳанг. – 2013. - № 2. – С. 70 – 75.
3. 100 шахсияти машҳури тоҷик, кистанд онҳо?. Мураттибон
4. Китобдорӣ 2017 5-соли фаъолияти Маркази такмили ихтисос.
5. Каримов М. Бинавис, дило, ба ёр қоғаз... ё таърихи пайдоиши қоғаз ва намудҳои он [Матн] Мароми пойтахт, 23.05.2018.№19 [512].
Дар бораи Каримов М.
1. Тошматов, Дж. Колыбель судьбы – публицистика, очерки, стихи, пословицы и афоризмы. – Душанбе: Илҳом, 2000. – 129 с. (В твоей руке – судьба твоя «очерк о тов. Каримова М.М. стр.94 – 103.»)
2. Шарипов, И.Ш., Саъдиев, М.Ҳ. Ташаккул, рушд ва такомули муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон / Муҳаррири масъул Т.Шарипов. – Душанбе: 2006. – 295 с. ( Ворисон с.258 - 259).
3. Коршиносони Китобхонаи миллӣ [Матн]: Маълумотномаи шарҳолию библиогрфӣ / Қисми 2; Мураттибон Ҷ.Раҷабов., Ҳ.Маҳмадҷонов; Муҳаррир Ҷ.Раҷабов. – Душанбе: Эҷод, 2006. - 64 с. (с.21 - 22)
4. Аҳмадов,Б., Раҷабов, Ҷ. Мақоми китоб дар фарҳанги мардуми тоҷик: Маълумотнома Зери назари умумии Ш.Солеҳов. Муҳаррирон / Э.Зшонқулов, У.Раҷабова. – Душанбе, 2016. – 274 с. (с.228)
5. Раҷабов Ҷ. Чеҳраҳои дурахшони тиб, фарҳанг ва ҳунари тоҷик [Матн]: Маҷмўаи очерку мақолаҳо / Зери назари умумии д-ри илмҳои филология, проф. Ш.А.Солеҳов, д-ри илмҳои тиӣ, проф.С.М.Азимзода; Муҳаррирон У.Ҷ.Раҷабова, Ю.Мўсоев; Муҳаррири масъул А.Р.Сомонӣ; КҶИТТ. – Душанбе: Сомон-граф, 2018. –124 – 126 с.
Кормандони Маркази
такмили ихтисоси КМТ