Китобҳои тозавуруд: “Шаҳраки кушонии Сайёд”

 Аз 23 август то 7 сентябри с. 2018 кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Д. Довудӣ (сардори экспедитсия), А. Шарифзода (мушовири илмӣ), сармутахассисон М. Сафоев, А. Қаюмзода, З. Назаров ва М.Каримдодов дар ёдгории Сайёди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ковишҳои бостоншиносӣ гузаронданд. Бори нахуст ҳамин ҳайат соли 2016 дар ин ёдгорӣ ковиш гузаронда буданд. Бинобар натиҷаи хуб додани ҳафриёти он сол қарор дода шуд, ки омўзиши ин ёдгорӣ минбаъд низ идома дода шавад. Ва идома ёфт, ки натиҷаи он дар китоби “Шаҳраки кушонии Сайёд” гирдоварӣ шуд.

  Дар ҷараёни ковишҳо сохтмонҳои зиёд, 74 сиккаи кушонӣ ва шумораи зиёди асбобу олоти бостонӣ ба монанди ҳайкалчаҳои гилии эзадбону, савора, аспакҳо, меш, дастмона ва ангуштаринҳои биринҷӣ, дукҳои мармарӣ ва ғайра ёфт шудаанд. Ин бозёфтҳо дар бораи инкишофи муомилоти пулӣ, тиҷорат ва соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ, дину оин, фарҳанг ва шеваи зиндагии мардуми шаҳрак маълумоти маълумоти муҳим медиҳанд.

Китоб барои таърихшиносон, бостоншиносон, сиккашиносон ва ҳамаи дўстдорони таърихи қадимаи миллати тоҷик таъин шшудааст.

Хонандагони азиз, метавонанд ин китобро ҳоло дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.

Шаҳло Раҳимова