Аз санг сахт, аз гул нозук

 Чунин ном дорад китоби нависандаи тоҷикзабони муқими шаҳри Тошканд Юнуси Имомназар, ки ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расидааст. Ин китоб аз ҳикоя, қиссаҳо, очеркҳо ва  мақолаҳои публитсистӣ, таҳлилӣ ва фарҳангии муаллиф мураттаб шудааст.

 Зиндагии инсонро бе мушкилот тасаввур кардан амри маҳол аст. Бо ин ҳол, бани башар доимо дар такупост ва аз паи ҳалли мушкилот оромӣ надорад. Аз як сӯ, ба хотири кушодани басту бандҳои пешомада ва аз ҷониби дигар, барои аз байн бардоштани нобаробарӣ, дурӯғ, кинаю адоват, коҳилӣ, ҳасодат, тамаллуқу таарруз ва соир хислатҳои манфур талош мекунад.  Ақли расои инсон аст, ки дар охир анвори хубиву покиҳо, назокату нафосат ва хушиву  рифоҳу офият рӯзгору зиндагиро муҷалло месозад. Бешак, дар ҳама дастовардҳо нақшу муҷодилаи афроди бохуш муассир аст.

 Ба таври хулоса, мавзӯи умдаи китоби тозанашри Юнуси Имомназар мазмуну маонии мазкурро фаро мегирад ва барои омма васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

 Юнуси Имомназар кист?

 Юнуси Имомназар (Нурназаров) зодаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навої аст. Ў маълумоти миёнаро  дар мактаби зодгоҳи худ гирифта, соли 1982 донишҷўи факултети Забонҳои шарқи (шўъбаи форсӣ) Донишгоҳи давлатии (ҳоло миллии) Тоҷикистон мегардад.

  Юнуси Имомназар фаъолияти кори худро ба ҳайси омўзгори забону адабиёти тоҷик ва форсӣ дар шаҳри Роғун оғоз мекунад. Сипас ин пешаро аз соли 1990 то соли 1996 дар мактаби зодгоҳи худ идома медиҳад. Аз соли 1996 шомили Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ўзбекистон мешавад ва ба унвони  муҳаррири калон дар шўъбаҳои тоҷикӣ (шабакаи «Дўстлик») ва бахши форси Барномаҳои бурунмарзии радио ифои вазифа мекунад. Аз соли 2000 фаъолияти мутарҷимии мавсуф дар ширкати «Лотус», ҷанби ширкати эронии «Шимбор», ки лоиҳаҳои байналмилалиро дар Ўзбекистон ба сомон мерасонад, шурўъ мешавад.

Фирӯза Маҳмадҷонова,

Мутахассиси Марказ такмили ихтисос

Барчаспҳо: