Дар бораи зиндагӣ, марҳилаҳои ташаккули шахсият, тақдири аз ибтидо ибратомӯз ва фаъолияти илмиву эҷодӣ, одамият ва ҷаҳонбиниву инсоншиносӣ, мавқеи шаҳрвандии Иброҳим Кенҷаевич Усмонов тайи чиҳил соли охир олимону сиёсатмадорон, ҳампешагону шогирдони қадрдон бо самимияти хос даҳҳо мақола навиштаанду мусоҳибаҳо оростаанд, шеърҳо бахшидаанд. Дар маҷмӯъ онҳо лутфи оддӣ не, балки ифшогари дунёи нотакрор, симои андешаманд, нигоҳи пок, орзуҳои беолоиш, мушоҳидаҳои наҷиби марбут ба рӯзгор, корномаҳои илмӣ-таърихӣ, муносибати олими муаррих , журналист, публитсисти ҳассосу дақиқгӯ ва нозукбин мебошанд. Зеро худи Иброҳим Усмонов ба шарофати талошҳои пайваста, нидову ҳушдордиҳиҳои саривақтӣ ба аҳли ҷомеа, бозёфтҳои илмӣ таҷассумгари як давраи томи рушду нумӯ, шикасту рехт, раҳ ҷустани матбуоти миллӣ ва таърихи муосири ҷомеаи сиёсиву иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон мебошанд.
Баъдан даҳҳо мақолаи публитсистӣ, китоб, рисолаҳои зоҳиран ва аз лиҳози забон соданамо, аммо аз нигоҳи мундариҷа, мантиқи фикр ва ҳамовозӣ ба чолишҳою зуҳуроти мухталифи замона, садо баровардан алайҳи ин ё он рӯйдоди манфию бебунёд ва зараровар, хусусан ҷасорати шахсӣ, ниҳоят қавӣ, асоснок, эътимодбахш ва ифодагари ҷаҳони гуногунранги муаллиф мебошанд.
Бубинед, ҳатто бархе аз навиштаҳои Иброҳим Усмонов, ки бист-сӣ сол пештар дар рӯзномаҳо интишор ёфтаанд, бо як дурбинии ба худашон хос ба масоили доғи рӯз дахл намудаанд, бар асари карахтии ҷомеаи ҳамзамонон, бепарвоии рӯшани иҷтимоӣ, ки дар ҷаҳони мутамаддин зуҳуроти фалокатовар этироф шудааст, то ба имрӯз аҳамияти муҳими худ, ҳамсадоияшонро ба мушкилоти давр гумм накардаанд ва зимни хондан боз ҳам одамро ба андеша мебаранд.
Ман худро аз зумраи хонандагони хушбахти асарҳои ин олими шарафманд меҳисобам. Бо хости осмонҳову дил дар вақташ маҷмӯаи «Марди замон» ба ифтихори панҷоҳсолагии профессор, се сол баъд, аввалин асари нав - суруди таърихи халқ ва замин «Тоҷикон», сонитар «Озодмард», андак дертар китобҳои «Хушдилам аз ин ҳунар», «Таҳкими сулҳ ва таҳаввулоти Тоҷикистон», «Савганди сулҳофаринӣ», ниҳоят сеҷилдаи «Тоҷикнома»-ву меҳрномаи шогирдонашон «Фарзонамард»- ро соли гузашта хондам. Ва бори дигар бовар ҳосил кардам, ки қудрати рӯҳонӣ ва ҷисмонии Инсон, аслан беканоранд.
Дар омади гап, муаллим ба ман, бевосита дарс надодаанд. Вале ба шарофати китобу мақолаҳо, ошноии аввалини рӯ ба рӯ, ки ҳангоми таҳияи очерки телевизионии сеқисмаи «Ҳанӯз андар замирам сад ҷаҳон аст» ба шарафи нобиғаи саҳнаи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов дар соли 1997 сурат гирифта буд, баъдан ҳамкорӣ дар вазорат, Иброҳим Усмонов се сол вазифаи муовини якуми вазири фапҳангро бар дӯш доштанд, дарвоқеъ басо пурсамар заҳмат кашиданд, аз сӯҳбату рафторашон баҳраҳои зиёди маънавӣ бурдаам. Ва сипосгузорам аз тақдир, ки маро бо чунин Одами сарбаланду солимандеша ва шарафманду соҳибсухан ошно сохтааст.
Мавриди муносиб фаро расиду боз аз як хислати муҳимтарини омӯзгор Иброҳим Усмонов ёдовар мешавам. Ва қабл аз ҳама, аз анъанаҳои қадим зен-буддоӣ, ки ба қатори ривоятҳои паномези башарият шомил аст, пеши назарам падид меояд.
Як пора аз аз сарсухани муаллиф Абдуғаффор Абдуҷабборов ба китоби ӯ “Сабақҳои устод Иброҳим Усмонов” иқтибос шуд. Онро идома намедиҳем, балки аз шумо, хонандаҳои азиз, даъват мекунем ин китоби басо шавқовару хонданиро дар яке аз толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ба фурсат мутолиа намоед.
Китоб охири соли гузашта чоп шудааст ва тавре аз номаш пай бурдед, ба ҳаёту фаъолияти профессор Иброҳим Усмонов бахшида шудааст.
Фирӯза Маҳмадҷонова,
Мутахассиси Марказ такмили ихтисос