Дронов Виктор Иванович 29 феврали соли 1932 дар вилояти Воронеж ба дунё омад. Муҳаққиқи геологияи Помир ва Афғонистон, проф., д. и. геология ва маъданшиносӣ (1994). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ўзбекистон (1955). Ходими калони Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1956), сардори гурўҳи геологию харитасозии Бадахшони Кўҳӣ (1956).
Дронов харитаи геологии ҷанубу ғарби Помир (1958), харитаи геологии ҷанубу Помир ва Помири Марказӣ (1961), харитаи геологии Помир (1969), Шакл (схема)-и тектоники Помир 1:000000-ро бо эзоҳҳояш тартиб додааст. Аз рўи ин корҳо Дронов бо ҳаммуаллифонаш 40 мақоларо оид ба давраи юра дар коллоквиуми Люксембург (1962) таҳия ва дар иҷлосияи 22 Конгресси байналмилалии геологӣ (Ню - Дели, 1964, Оттава, 1972) пешниҳод намуда, чун вакил ва роҳбалад ширкат дошт.
Солҳои 1969-74, 1975-77 дар Афғонистон кор кардааст. Ў сардори дастаи геологии Ҳирот барои ҷустуҷўву аксбардории харитаи тектоники миқёси 1:500000, харитаи магматикию комплексии ҷанубу ғарби Бадахшон ва Афғонистони Марказӣ буд.
Дар таҳияи харитаҳои рангини геологӣ ва сарватҳои табии Афғонистон (1978) ширкат намудааст. «Атласи бемуҳраҳои триаси Помир» (2001) ва «Луғати стратиграфии Помир»-ро (2002) ба нашр омода намудааст. Муаллифи зиёда аз 140 мақола (1981-2001). Стратиграфияи фанерозойи Тоҷикистон, сохти тектоники система (низом)-и чиндори Рўшону Пшарт ва мавқеи кўли Сарезро дар сохторҳои он муайян кардааст.
10 сентябри соли 2005 дар ноҳияи Рўшони ВМКБ аз дунё даргузашт.
Бозчоп аз “Энсиклопедияи миллии тоҷик”. – Душанбе, 2017. – Ҷ. 6. – С. 197. Муаллиф: К. Вазиров
Дар Китобхонаи миллӣ аз Дронов ва дар бораи ӯ ин матлабро ҳам метавонед бихонед:
Триасовый этап в истории Геологического развития Памира и Афганистана. Афгано- Южнопамирская складчатая область // Автореферат. – Специальность 04. 00. 01. Геология. – Москва, 1982. – 25 с.
Триасовый этап в истории Геологического развития Памира и Афганистана. – Душанбе: Дониш, 2016. – 190 с.
Таҳияи Фируза Восиева
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ