Шоири як шеър. Шобегим Маликшоева

 

 Дирӯз, 10-уми октябр  дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рўнамоии китоби «Шоири як шеър» (Намунаи шеъри ҷавон) баргузор гардид. Дар ин маҷмўа як намуна аз шеъри Шобегим Маликшоева бо унвони «Ишқи сода» дар баробари шеърҳои дигар шоирони ҷавон рўи чоп омад.

Ишқи сода

Эй асиру пойбанди хотирот,

Ҳалқаи занҷири ёдат канда шуд.

Шишаҳои ҳасрати ёдат шикаст,

Дар паси оина ҷоне зинда шуд.

 

Инқилоби ишқ омад мисли бод,

Ҳайкали андешаҳоятро шикаст.

 Рў ба рўи чашмҳои хастаам

Ишқи ман аз хонаи ман рахт баст.

 

Лек гоҳе дар навори чашми ман

Мисли филме боз пайдо мешавӣ.

Аз дари ғурбастсарои сабзёд

Дар навори чашми ман ҷо мешавӣ.

 

Мекунад мил-мил хаёлат дар назар,

Лавҳи чашмонам дигар фарсуда аст.

Мисли кинои қадимӣ гаштаӣ,

Ҳисси ман беранг, ишқам сода аст.

 Шобегим Маликшоева 16 марти соли 1991 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли 2018 дар мавзўи «Фаъолияти тарҷумонии Бозор Собир» (масъалаҳои поэтикаи тарҷума) рисолаи номзадии худро ҳимоя намуд.

Муаллифи маҷмўаи шеърӣ бо номи «Пайғомбарг» аст. Намунаи шеърҳояш пайваста дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла «Садои шарқ» ва «Адабиёт ва санъат» ба нашр мерасанд.

Дорандаи якчанд ҷоизаҳост, аз ҷумла Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барандаи Шоҳҷоизаи озмуни телевизионии «Килки сабз» мебошад.

Чанд шеъри дигар аз Шобегим Маликшоеваро пешкаши табъатон мекунем:

Даруни чашмҳоят

Даруни чашмҳоят мезанам дил,

Даруни чашмҳоят мекашам оҳ.

Даруни чашмҳоят менишинам,

Даруни чашмҳоят меравам роҳ…

                               ***

Ҳайкали ғам

Оҳ метарсам, ки дар тақвими вақт,

Ишқи ман рўзе ба поён мерасад.

Марги ман дар ибтидои орзу

Сўйи ман аз роҳи осон мерасад.

 

Мурғи қу н-афтода дар рўйи замин,

Дар само ях мекунад рамзе чунин:

Оҳ метарсам, ки дар тақвими вақт,

Ман туро дидан нахоҳам баъди ин.

 

Офтоб аз хонаи худ меравад,

Лаҳзаи марги табиат мерасад.

Мешавад тақвими дунё ихтисор,

Охирин авроқи фурсат мерасад.

 

Охирин ҳарфи муҳаббат дар лабам,

Сар ба сар яхбанд мегардад замин.

Соатам аз кор мемонад дигар,

Ҳайкали ғам мешавам ман баъд аз ин.

            ***

 

Гулҳои қоқу дар сарам

Дер омадӣ, дер омадӣ

Чашмам дигар раҳпой нест.

Ишқи ту дар дунёи ман

Ғамзой нест, ғамзой нест.

 

Фасли баҳорон омада,

Гулҳои қоқу дар сарам.

Ишқи ту дар ман мурдааст.

Бераҳбарам, бераҳбарам.

 

Дер омадӣ, дер омадӣ,

Якасра узри қисматам.

Ғамҳои ишқат пир шуд

Дар синаи беҳасратам.

 

Як аср аз ту пештар

Аспи сафеде даррасид.

Рўҳи муҳаббатро гирифт,

Дар пуштаҳо шуд нопадид.

 

Дер омадӣ, дер омадӣ,

Аз ман маҷў манро дигар.

Ишқам савори асп шуд,

Дар пуштаҳо шуд беасар.

 

Дер омадӣ, дер омадӣ,

Гулҳои қоқу дар сарам,

Аз пеши ту, ай нозанин,

Бе ҳеч ҳисе бигзарам.

                 ***

Лағзиш

Аввали  фасли  баҳор  асту вале

Ғунчаҳои  дили  ман  зард шудаст.

Гӯиё фасли  зимистон бошад,

Ки  ҳавои  дили  ман  сард  шудаст.

 

Булбули  боғи дилам лол  шуда,

Зи  само  нолаи  зоғон  ояд.

Сабзаҳои  лаби  ҷӯ  хушк  шуда,

Турна кай  боз  ба  боғон  ояд.

 

Дили  ман  сард шудаст  аз  меҳрат,

Осмонам  ба  замин  часпидаст.

Ях  бубастаст  дилам  аз  сардӣ

Ва  аз  он  ишқи  ту  ҳам  лағжидаст.

                                   ***

Қуфл

Дили ту қасри зарин асту афсӯс,

Дари пӯлодияш якумр баста.

Калидашро бидеҳ бар ман, мабодо,

Дилатро бишканад ин дилшикаста!...

 

Калидашро ба ман биспурда  рӯзе,

Ба фардо ҳам маро даъват  намудӣ.

Ба сад уммед фардо чун  расидам,

Ту қуфли дигаре бинҳода будӣ.

Душанбе

 Душанбе рўзи аввал шуд ба таърихи навини мо,

Душанбе-ҳарфи аввал дар китоби сарзамини мо.

Душанбе-матлаъи давлат, Душанбе-масдари миллат,

Душанбе-тахти мо, авранги мо, тоҷу нигини мо.

 

Дар ин ҷо қомати Айнии миллатсоз боло шуд,

Дар ин ҷо чашмҳои Рўдакӣ аз шавқ бино шуд.

Дар ин ҷо Оли Сомон боз ҳам ҳомии Сино шуд,

Бухоро-маҳди дониш, дар Душанбе тоза эҳё шуд.

 

Душанбе-шаҳри донишгоҳҳо, шаҳри ҷавонон аст,

Дуои модарон аз ҳар хатар онро нигаҳбон аст.

Ба бурҷаш парчами тоҷик ҷовидон парафшон аст,

Душанбе-нуқтаи оғози фардои дурахшон аст.

 

Ба авҷи осмонҳо мерасад дасти чаноронаш,

Навои тоҷикӣ ояд зи лаҳни боду боронаш.

Умеди тоҷикони ҷумла олам аз вуҷуди ўст,

Душанбе зинда боду зинда бодо шаҳриёронаш.

 

Таҳияи Манижабону Убайдуллоева      

мутахассиси Маркази «Тоҷикшиносӣ»