Як ҳафтаи фарҳанг дар матбуоти кишвар
Нашр шуд 2017-10-10 16:47
Ҳафтае, ки гузашт дар матбуоти кишвар як силсила хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.
Ҳафтаи гузашта расонаҳои мамлакат дар бораи баргузории нахустин Фестивали байналмилалии Шашмақом дар шаҳри Конибодом, Рўзҳои фарҳанги федератсияи Русия дар Тоҷикистон, назорат ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадршиносии Шўҳрат Ашуров раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо ҷоизаи Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ, ширкати ҳунармандони тоҷик – дастпарварони студияи «Ҳафтранг» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар озмуни байналхалқии телевизони «Во вес голос», марги актёр, Ҳунарпешаи сирк ва Ходими кино Марат Ҳасанов хабар додаанд.
Ҳамчунин дар мавзўи китобу китобдорӣ ва мушкилоти он бо номи «Миллате, ки китоб мехонад…» мусоҳибаи Абдулқодири Раҳим ва Бобоҷони Шафеъ бо директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Абдусалом Мирализода, «Асри техника ва мавқеи китоб дар он» директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии «Кулиёт”-и шоири халқии Тоҷикистон шодравон Мирзо Файзалӣ, дар бахши санъат муаррифии фаъолияти Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мўсо Абдураҳимов, ҳунарманди синамои Ҳиндустон ситораи №1-Боллевуд Амитабаҳ Баччан ва Карина Капур маводи ҷолиб нашр гардид.
Маврид ба ёдоварист, ки Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар дар баробари хидматрасонӣ ба хонандагону муштариён аз соли 1977 ба гирдоварии маводи матбуоти даврӣ доир ба «Адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар» масъул аст. Ҳадафи асосии ин дастур пешниҳод намудани иттилооти фаврӣ ба хонандагон оид ба масоили фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон иборат буда, дар феҳрист номгўи китоб ва мақолаву гузоришҳои дар саҳифаи нашрияҳои даврӣ ба табъ расида инъикос меёбанд.
Бо номгӯ ва библиографияи матолиби фарҳангӣ шумо метавонед мустақим ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, ки дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ воқеъ мебошад, муроҷиат намед.
Зебуннисо Сафарова,
Мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар