Соате бо шеъри Марямбонуи Фарғонӣ

Маҳфили “Дар суҳбати соҳибдилон” қаблазидӣ буд. Як рӯз пеш аз иди бонувон – Рӯзи Модар хонандагони Шуъбаи хизматрасонии махсус ифтихори ҳамнишинӣ бо шоираи номдори тоҷик, насрнависи муваффақ ва як бонуи хеле самимиву заминӣ Марямбонуи Фарғонӣ доштанд. Шоираи маъруф ба маҳфил бо як бағал китоби тозанашраш “Табъи гуҳаррез” ва як олам шеъри тозаву тар омад ва соате, ки шамъи маҳфил буд, хонандагон аз сурудаҳояш як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.

Марямбонуи Фарғонӣ як адиби хушкаломи муосир аст, ки солҳо наср навиштаву баъдан ба шеър ҳам рӯ оварда ва муваффақ шудааст. Дар китоби охир менависад: “Камина ба майдони адабиёт ҳамчун носир қадам ниҳодам. Вале ҳамеша ошиқи каломи мавзун, дилдодаи шеър будам. Вақте дар нигоштани як ҳикоя ба бунбасте дучор меомадам, дар кушодани гиреҳбандии воқеа дасткутаҳӣ эҳсос мекардам, рӯ меовардам ба девони Хоҷа Ҳфиз ва фол мекушодам ва лисонулғайб роҳ нишонам медоданд. Дар чунин ҳолатҳо беихтиёр байтҳое аз қалби ҳассосам таровиданд, ки баъдан сараашон намуда, дар чанд дафтар ёддошт кардам”.

Нависанда, шоир ва рӯзноманигор Марямбонуи Фарғонӣ 11-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст.

Соли 1977 баъди хатми факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ чанде дар мактаби зодгоҳаш дарс гуфтааст. Соли 1984 ба Тоҷикистон омада, дар Маркази методии Вазорати маориф ба ҳайси методисти калон ба фаъолият оғоз кардааст.

Ба рӯзноманигорӣ ҷиддан сар аз соли 1989 пардохтааст. Тӯли ин муддат дар нашрияҳои “Паёми Душанбе”, “Садои мардум”, “Адабиёт ва санъат”, “Фирӯза”, “Истиқбол”, “Омӯзгор” ва радиои Ҷумҳурии Исломии Эрон “Садои Хуросон” кор кардааст.

Аввалин лавҳаву очеркҳояшро солҳои мактабхонӣ рӯйи чоп дидаанд. Ҳоло ӯ соҳиби  қиссаву ҳикояҳои ҷолибе чун “Афсонаи тамаддун”, “Ҳадиси Риштон”, “Хуморшикан”, “Чаҳор қисса”, “Шаҳболи хаёл”, “Таманно” ва се дафтари шеър бо номҳои “Исои ман шав”,  “Нури ахтарпораҳо”  ва “Табъи гуҳаррез” мебошад. Хонанда дар маҷмуъаҳои зиёди дастаҷамъӣ низ намунаҳо аз қиссаву ҳикояҳои ӯро зиёд хонадааст. 

 Марямбонуи Фарғонӣ аълочии матбуот, фарҳанг ва маорифи ҶТ буда, барои нахусткитобаш “Афсонаи тамаддун” ба Ҷоизаи адабии байналмиллалии ба номи Борис Пастернак (1995) ва барои маҷмӯаи “Шаҳболи хаёл” ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2013) шарафёб гардидааст.

Инчунин дорандаи “Нишони сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нишони “100-солагии матбуоти тоҷик” мебошад. Узви Иттифоқи журналистон (1992) ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1996) аст.

Намунаҳо аз тозатарин шеърҳои Марямбонуи Фарғониро ин ҷо бо ҳам мехонем:

Агар бар ҳарфи ақлат мекунӣ гӯш,
Туро ҳарфи тараб гардад фаромуш.
Азизи ман, зи ҷоми ақли комил
Факат заҳри ҳалоҳил мекунӣ нӯш.
Ба даргоҳи муҳаббат дил ҳамехонд,
Ки бо гул ман даме бошам ҳамоғӯш.
Фаросат лек кори худ ҳамекард,
Ҳамеша мекашидам ҷониби ҳуш.
“Чаро гӯйӣ чаранде ту ба худ ой,
Накуномӣ туро зевар, ки мафрӯш.
Бари мардум, кашӣ заҳмат,- ҳамегуфт,-
Биёбӣ обрӯ, аз баҳри ин кӯш!”
Чи заҳробе ба тӯли умр хӯрдам,
Хирадро кош мешуд хок рӯпӯш...
Чӣ мегӯям?! Магар ақлам зи сар рафт???
Маризам?! Маъзарат, эй ақл, эй ҳуш!!!
...Зи ранги лола кун ташхис ҳолам,
Дарун доғу лабонам гашта хунҷӯш.

МАЪНОИ УМР

Марзу ҳудуди ман шумо,
Кишту дуруди ман шумо.
Сарчашмаи илҳоми ғайб,
Шеъру суруди ман шумо.

Истораву Маҳпораам,
Рахшандаву маҳвораам.
Як хона тифл овардаед,
Ман дар сари гаҳвораам.

Модаркалонам кардаед,
Лолойяхонам кардаед.
Саргарм бо тифлонатон,
Аз нав ҷавонам кардаед?

Тифлони нози нозатон,
Гулғунчаву гулбозатон.
Эй кош, қад боло кунанд,
Гарданд ҳампарвозатон.

Хушбӯй чун наъно шумо,
Қалби маро маъво шумо.
Ашки сари мижгон манам,
Умри маро маъно шумо.

****   ****   ***

Зиндагӣ маъно надорад, ку аҷал, ман тан диҳам?
Сер гаштам аз “туву ман” бар гадо барзан диҳам.
Дар ғарибӣ бо азобе мекашам по бар адам,
Кист наҷво мекунад, ки тан набояд ман диҳам?...
Нест тоқат, то занам бар фарқи хешам зарби мушт,
Беҳтараш ин корро бар даставу ҳован диҳам.
Ку маҷоле, даст гирам хешро ин лаҳза ман?
Хеш доман даркашад гар, даст бар нотан диҳам?
Бар ҳадар дар зери мушти нокасе умрам гузашт,
Бар сабуриам тасанно, ҷон ба сахтӣ ман диҳам.

РАСИДАНИ БАҲОР

Баҳорро ту дидаӣ?
Расидани Баҳорро ту дидаӣ?
Ба зулфакон - паранди сабзи баргибедияш,
Ду рӯякаш - ду ёсуман, ду настаран,
Базеб!
Ду дидааш ду чашмаи сафо бувад,
Зи лаҳҷаи ширини ӯ “ҷафо” наҷӯ,
Ки ҳарфи ӯ фақат, фақат вафо бувад!
Ба шевааш сафо бувад!
Аҷаб гуле! Чи хушгувор!
Ту дидаӣ чунин гуле?
Бале, бале бидидаам,
Ба себ!!!

****   ****   ***

Мурғи дилам ҳаво гирифт, боз баҳор мерасад!
Бол кашида дури дур, турна қатор мерасад!
Пайки баҳор хушсимост, гули сиёвушаш ба гӯш,
Ғунчаи гул чу гӯшвор ба назди ёр мерасад!
Навои нав зи сар гирифт доирадасту найнавоз,
Хабар ба гӯши ҷон расид, нағмаи сор мерасад!
Оҳ, садои карраной марҳами ҷон, давои рӯҳ,
Ба гӯши хастаҷон бигӯй: “Хез, мадор мерасад!”
Баччаи хушсимо ба шавқ нидо кунад: “Бале!” Бале!”
Лангари Ҳақ ба каф гирифт, бар сари дор мерасад!
Чи хуш нидо: "Бале!"-ву “Ҳаққ!” Довари Ҳаққ мерасад!
Қирон ба зулми дай расид, боз баҳор мерасад!!!

Мою Ӯю ё нидои Ё ҲУ!!!

Эй Худоё, марҳами ҷони ғариб,
Карда ишқи дастнорасмон насиб.
Ман ба ёди ӯву саргардони ӯ,
Дар канори дилбаре бошад ҳабиб.

Ман ба лавҳи ёд тасвираш кунам,
Оразаш гул, мижагон тираш кунам.
Хунчакон қалби пур аз меҳру ниёз
Ман ҳадаф бар тири тазвираш кунам.

Оҳ қалбам, оҳ қалби дардманд,
Тундгомӣ, саркашӣ мисли саманд.
Чун нахандам ман ба ҳолат, қалби пир,
Пирафшонӣ кунӣ банди каманд...

Эй Худои кордону бениёз,
Кори саркаш тавсани моро бисоз.
Ё бигардон роҳи умрам бар ақиб,
Ё раҳи ишқат намо, орам намоз.

Ё Раби ман! Ё Худои ломакон!
Мехӯрам хун, дидагонам хунчакон.
Ман нахоҳам саҷда сӯйи хонае,
Ман ҷамоли Ёр хоҳам, деҳ нишон.

Дар рухи ӯ ман рухи Ту дидаам,
Чун бибинам, барқ пошад дидаам.
Он, ки қалбаш ҳамчу ман дар тобу таб,
Гӯядам: “Ошиқ!” Дигар: “Нодида”-ам.

Бар хами абруйи ӯ орам суҷуд,
Ҳисс созам, Тую ман дар як вуҷуд.
“Мо” шавем ар, аз ҷудоӣ гап нест,
Нест низ аз шаш ҷиҳат ҳадду ҳудуд!

Хонаи Ту ҷустаанд ар зоҳидон,
Ҷустаам ман Ишқи бемонанд, дон!
Орзуи оби замзам хуб, лек
Ман бихоҳам шарбати васлат чунон!..

Эй Худоё, марҳами ҷони ғариб,
Дастнорас ишқамон кардӣ насиб?
Ман ӯро шаб чун ба рӯъё дидаам,
Дарк кардам, бо Ту ҳастам ман қариб!

****   ****   ***

Он ёри кӯҳпайкар бо ноз хуфта бошад?
Боди сабо зи мояш пайғом гуфта бошад?
“Имшаб садои теша аз Бесутун наомад,
Гӯё ба хоби Ширин Фарҳод рафта бошад.” *
То субҳдам нахуфтам, бе рабт дил ҳамезад
Заркори дард қалбам чун дурр суфта бошад?
Ман, ки ба гӯши ҷонон аз ишқ мезадам бонг,
Гуфто, дуҳул назан, беҳ ишқ ар нуҳуфта бошад.
Бо ёди номи некаш аз сураи муҳаббат
Як оя забт кардам, ёрам шунуфта бошад?
Ҳамсоядухтари мо бо зулфи анбаринбӯ
Гулбарги ояи ман аз ӯ нуҳуфта бошад?
Дӯшизаи суманбӯ бо ишваи тамомаш
Номам талаб ҳамекард, аз мо-ш гуфта бошад?
Он шаҳсувор Парвиз огаҳ нагашт ҳаргиз
Чун ғунчаи Ҳаястон** Марям шукуфта бошад!
---------------------------------------------
* Байт аз Абулмаъонӣ
** Номи кишвари Арманистон бо лаҳни мардуми бумӣ

БА КУЛЛИ ДӮСТОНАМ
Бо шумо баҳр мешавам охир,
Балки як шаҳр мешавам охир!
Мекашам пар сӯйи афлок аз хок,
Шуҳраи даҳр мешавам охир!

****   ****   ***

Муколамаи фейсбукӣ

Марям Давлатова‎: Дишаб ба шарофати як коштаи Марямбонуи Фарғонӣ, шоири фарзонаи мо мушоираи ҳазломези зебои фейсие сар зад. Ин ҷо бахше аз онро мегузорам.

Марям Давлатова
Ёрони ширин, садқаи ше(ъ)рҷанги шумо,
Дилҳои кушоду лутфу фарҳанги шумо!

Марямбонуи Фарғонӣ
Шерона меравем моҳон шеърҷангӣ,
Шерона буро, валло ба мо ҳамрангӣ!

Марям Давлатова
Ҳамрангии мо зи ному аз лутфи қалам,
Дар “ҷанг” дугона мекунем ҳусни алам.

Марямбонуи Фарғонӣ
Ҳамноми ману ҳамдиламу ҳамқаламам,
Дар ин замона ту бари ман ҳамаламам!

Нусратулло Бобоев
Ше(ъ)рҷангои мо мисли қадаҳҷанг бувад,
Ин тирукамони мо ҳазорранг бувад.

Марям Давлатова
Дар ҳар қадаҳе ишқу сафо бошаду бас,
Дар нузҳати он нури Худо бошаду бас.

Марямбонуи Фарғонӣ
Ман ангураму ранг гирам аз рангат,
“Шохҷанг” кунам, намезанам ман сангат.

Нусратулло Бобоев
Эй ҳамқадаҳон, вақти қадаҳҷанги нав аст,
Дар маҳфили шеъри мо ҳамоҳанги нав аст

Марям Давлатова
Эй кош ҳама ҷанг чунин мебудӣ,
Ҳар кашмакаше чӣ нозанин мебудӣ.

Марямбонуи Фарғонӣ
Ман садқа шавам каломи зебои туро,
Ҳам насри туро, ашъори хонои туро!

Марям Давлатова
Халқи ману ту зодаи ашъори тар аст,
Ҳалқи ману ту хонаи ашъори тар аст.

Нусратулло Бобоев
Ҳар ҷо ки бувад Маряме , фирдавс он ҷост,
Чӣ Марями шеър асту чӣ моми Исост.

Марям Давлатова
Эй Нусрати Аллоҳ санохони туем,
Ду Марями шеър дар сари хони туем.

Марямбонуи Фарғонӣ
Мо ин ҷо ду тан Марямем бо як андеша,
Чун ҳастии мо аз як буну аз як реша!

Марям Давлатова
Бахт аст агар, ки номи Марям дорӣ,
Болотар аз он, мисли ӯ ҳамдам дорӣ.

Марям Давлатова
Дӯстони нозанинам шаб ба хайр,
Роҳдуру дилқаринам шаб ба хайр.
Дорам умед аз Худои меҳрубон,
Бо шумо рӯзе нишинам, шаб ба хайр!