Номгӯи 188 китоби тозавуруди Китобхонаи миллӣ дар моҳи июли соли 2016

Моҳи июли соли равон хазинаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо 188 номгӯй китоби нав бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ғанӣ шуд.
Хонандагон метавонанд бо даҳҳо китобҳои тозавуруд, ки аксари онҳо зарфи ҳамин шаш моҳи охир дар чопхонаҳои мухталифи кишвар интишор ёфтаанд, ошно шаванд.
Аз ҷумла, китоби Зафар Сайидзода “Фаолияти байналмиллалии пешвои миллат Эмомалӣ  Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ”, Бертелс Е.Э.Таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, “Таърихи фалсафаи тоҷик”, “Ҷовид бимонд ба ишқ Туғрал”, Ахбори академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ) № 1 (241), китоби якуми Қаҳҳор Расулзода  “Дар остони абадият”, Ҳусайн Мӯсозода “Гавҳари имон мафурўш”, Урватулло Тоҳиров ва Мирзо Солеҳов “Китобҳои таълимии адабӣ”, Р. Ҷумъаев “Чакидаҳои хирад”, Ф. Нусратулло “Симои пайғамбар (с) дар ашъори Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ”, ду китоби шоираи хушзавқ Латофат “Бозии рустшавакон” ва “Афсонаи мўр ва анбўр” ва даҳҳо китоби дигарро метавонанд мутолиа кунанд.
Рӯйхати комили китобҳои тозавуруди моҳи июли соли 2016

Барчаспҳо: