Сайри олам бо Киштии орзуҳо

Дарси имрӯзи “Дастони моҳир” “Киштии орзуҳои мо” ном дошт.
Мураббиёни толори кӯдакону наврасон ин бор хостанд барои атфол дар бораи киштиҳо суҳбат кунанд ва дар анҷом аз онҳо бихоҳанд, то ҳар кадом тибқи тасаввури хеш киштее созад.
Маълум шуд, ки кӯдакон дар бораи киштӣ тасаввурот доранд ва медонанд он чаро барои инсонҳо зарур аст. Ҳатто онҳо медонанд, ки киштиҳо аз рӯйи ҳаҷм дар кадом обҳо шино мекунанд.
Ба тифлон дар бораи навъҳои киштиҳо ҳикоят карданд ва дар бораи аҳамияти онҳо барои одамон нақл намуданд.
Аммо киштии сохтаи бачаҳоро “Киштии орзуҳои ман” ном гузоштанд. Ба он маъно, ки ҳар касе бо орзуе киштӣ сохт. Шояд яке мехост бо он сафари дарё кунад. Дигаре мехост ба обҳои бузурги уқёнус равад. Ва шояд сеюмӣ орзуи хеле наздиктар дошт:
киштие созад, то бо он бо падар ё бародараш раванд аз дарё моҳӣ доранд.
Ин ҳама орзуҳо дар киштии сохтаи кӯдакон инъикос ёфт. Киштиҳо гуногун буданд, вале танҳо як ҳадаф доштанд: сайри олам ва рафтан бо киштӣ ба обҳои бузурги уқёнусҳо.
Дар ин дарси киштисозӣ бештар аз 20 нафар атфоли синну солашон гуногун ширкат карданд.