Китоби нав. Ҳайдаршо Пирумшо. Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ
Нашр шуд 2021-01-21 15:05
Дар ин асари воқеан бунёдӣ, муаллиф ба рушди бемайлони омўзиши таъриху фарҳанги аҳди сомониён дар таърихнигории миллии замони истиқлолияти комил диққати махсус дода, дастовардҳои илмӣ ва дурнамои омўзиши масъаларо пешниҳод кардааст. Дар ин замина муҳаққиқ бо далелҳои муътамаду раднопазир кўшиши ақидаи беасоси ононе, ки бо ғараз мақоми меҳварии сокинони азалии Осиёи Марказӣ – тоҷикон ва ҷойгоҳи давлати Сомониёнро дар тамаддуни Шарқ зери шубҳа гирифтанӣ мешаванд, комилан ботил намудааст.
Дар муаррифи китоб омадааст, ки “Рисолае, ки акнун ба дасти хонанда мерасад, танҳо кўшиши аввалест дар таълифи таърихнигории нисбатан пурраву доманадори замони давлатдории Сомониён. Албатта, чи тавре дар боло ишора рафт, дар ҳаҷми як китоб фарогирии таҳлили муқоисавии тамоми осори маъхазиву таҳқиқоти ниҳоят зиёди ватаниву хориҷӣ, ки ба давраи Сомониён бахшида шудааст, аз имкон берун аст. Табиист, ки рисола аз камбудию норасоӣ холӣ буда наметавонад.
Аз ин рў, эроди мутахассисон ва дигар хонандагони закитабъу нуктасанҷ доир ба нуқсони дар асари мазкур ҷой дошта, бо умеди такмили он дар нашри оянда, бо эҳтиром қабул шудаву дар мадди назар қарор хоҳад гирифт.
Китоби “Давлати Сомониён дар тарозуи таърихнигорӣ” соли гузашта чоп шудааст ва ҳамакнун онро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Хатича Муродова, мутахассиси пебари шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.