Абдусалом Деҳотӣ дар бораи Ҷинайдулло-Маҳдуми Ҳозиқ
Нашр шуд 2020-08-18 14:22
Аслаш аз Ҳирот аст ва дар замони амир Ҳайдар (баъд аз соли 1801) ба Бухоро омада, пас аз чанд вақт ба Хуҷанд, ба даргоҳи Умархон рафтааст. Сабаби ин ҳиҷрати Ҳозиқ дар ҳеҷ куҷо қайд нашудааст. Аммо чунон ки шеърҳояш шаҳодат медиҳанд, Ҳозиқ шоири хеле нозуктабъ, ҳассос буд. Одатан шоирон ба зулму ситами беандоза ва ҳаёти разилонаи амир, аҳли дарбори вай ва уламои бухории ҳамонвақта тоб оварда наметавонистанд ва онҳо бинобар ин ки аз муборизаи ошкоро бурдан ба муқобили истибдоди амир оҷиз буданд, ягона чораи «халосии» худро чунин медонистанд, ки аз қаламрави ин амир гурехта ба дарбори амир ё шоҳи дигар паноҳ баранд.
Хусусан, он вақтҳо хони Фарғона – Умархон ба маорифпарварӣ ва адабиётдўстӣ ном бардошта, ҳатто дар сарои худаш аз шоирон ва адибони он замон як доираи адабӣ ҳам ташкил карда буд. Пас бо ҳамин мулоҳиза гуфтан мумкин аст, ки Ҳозиқ маҳз барои осуда гаштан аз Бухоро баромада, ба даргоҳи Умархон паноҳ бурда буд. Лекин, Ҳозиқ дар Фарғона ҳам осуда ва муддати дароз истиқомат карда натавонист ва баъд аз вафоти Умархон боз гашта ба Бухоро омад, ки дар ин ҷо амир Насрулло ҳукмронӣ дошт.
Ҳозиқ дид, ки амир Насрулло дар зулму тааддӣ аз амир Ҳайдар зиёд аст, ки кам нест, ба таъбири дигар гўем, Ҳозиқ «аз борон гурехта ба новадон дучор шуда буд». Пас Ҳозиқ шакли активии муборизаро пеш гирифта, дар бораи золимӣ ва хунхории амир Насрулло шеъре * навишт. Ҷосусҳо ин шеърро ба гўши амир расониданд. Амир, ки нисбат ба Ҳозиқ кинаи дерина дошт, бо шунидани воқеаи охирин оташи ғазабаш баланд шуд ва дар паи нобуд кардани вай афтод.
Ҳозиқ ба воситаи дўстонаш аз қасди бади амир хабар ёфт ва барои халос кардани ҷони худаш ба Шаҳрисабз гурехта рафт. Аммо бо ин ҳама сари вай саломат намонд: Амир Насрулло дузди айёреро бо супориши махсус ба Шаҳрисабз фиристод, ки вай Ҳозиқро дар ҷои хобаш қатл карда рафт.
Ҳозиқ ғайр аз ғазалҳои алоҳида, ки дар баъзе тазкира ва баёзҳо дида мешаванд, достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро, ки мавзўи традиционии адабиёти кўҳна буд, ба назм даровардааст ва ин достон соли 1905 дар Тошканд, дар ҳошияи девони Абдураҳмони Ҷомӣ чоп карда шудааст.
Таърихи вафоти Ҳозиқ равшан нест. Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» аз рўи тахмин дар байни солҳои 1246-1250 ҳиҷрӣ нишон дода шудааст, ки ба ҳисоби милодӣ солҳои 1831-1835 мебарояд.
Бознашр аз “Куллиёт”-и Абдусалом Деҳотӣ, Нашриёти “Ирфон”, 1966
Фирӯза Маҳмадҷонова,
мутахассиси Маркази такмили ихтисос