Вақте ки “Лола” мавҷ мезад…

 Ҷаҳони маънавии халқи озоди тоҷик беҳад бой аст. Суруду рақсҳояш гуногунанд, нақшҳои оддиаш ҳам равшану рангинанд, кишвараш беҳудуд, кўҳҳои Помираш сар ба афлок, обҳои шаффофу сарди кўлу рўдҳои кўхсораш амиқу ҷонбахшанд.Ба ҳунарпешаҳои истеъдоди балети торҷик нигариставу аз маҳораташон ба ваҷд омада бовар мекунӣ, ки дар асоси ин санъати басо зебои халқ бо анъанаҳои беҳад бойи он метавон ва бояд асарҳо бузургҳаҷм офарид, бовар мекунӣ, ки чунин асарҳо офарида мешаванд.

(Иқтибос аз рўзномаи «Советское искусство» 20 апрели соли 1941)

 Ривояте ҳаст, ки чун Искандари Мақдунӣ – лашкаркаши ғаддору ишғолгари даҳҳо сарзамин дар Суғди бостон иди Лоларо дид, аз дилрабоияш чунон мафтун шуд, ки фармуд ҳар рўз такрораш кунанд. Аз он замони қадим ҳазорсолаҳо гузашт,  вале иди лолазор то ҳол дар расму одати халқи тоҷик боқӣ мондааст.

  Шоми 13 апрели соли 1941 дар Театри калони СССР спектакли дуюми даҳаи санъати тоҷик барпо гардид.  Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон дар ин рўз намоиши мусиқии «Лола»-ро  манзур намуд.  Сарманшаи  пайдоиши ин спектакли дурахшони ҳаётдўстона иди халқии баҳор аст, ки аз қадим дар Тоҷикистон ҳангоми анҷоми киштукор, замоне ки дар дашту чаман лолаҳо мешукуфтанд, ҷашн гирифта мешавад.

  Дар офариниши спектакл оҳангсозон – Ходимони хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон С.А.Баласанян ва С.Ю.Урбах, муаллифи либретто ва таҳиягар С.Саидмуродов, коргардонҳо – Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон А.Муллоқандов ва В.Я.Рейнбах, А.Камолов саҳм гузошта буданд. Балетмейстерон Ғ.Валаматзода, А. Исломова рақсҳои  зиёди ҷолиб таҳия намуданд.

   Ин намоишнома ба тамошобинон имкон дод, ки бо намунаҳои ҷолибтарини фолклори мусиқиву рақсии тоҷик ошно бишаванд. Ғановати навоҳои халқӣ бо рақсҳои рангин омехта, комёбии бузурги намоиши мусиқиро, ки иди шодибахшои колхозиро инъикос мекард.

   Спектаклро хор, солистони опера – Ҳунарманди хизматнишондодаи  СССР  Т.Фозилова, Ҳунармандони хизматнишондодаи Тоҷикистон Б. Тўраев, А.Муллоқандов, солистони балет – Ҳунарманди  хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Азиза Азимова, Ҳунарманди халқии СССР Ғаффор Валаматзода, ҳунарпешаҳо З.Баҳор, О.Исомова дар сатҳи оли баргузор намуда буданд.

   Бояд қайд кард, ки дар намоиши  спектакли «Лола»  роҳбари давлати бузурги советӣ И.В.Сталин ҳузур дошт ва ба ҳунари иштирокчиён баҳои баланд дода, дар бораи халқи тоҷик, гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони он суханони воқеиву рўхбахшги таърихиашро иброз намуда буд.

Адабиётҳои истифода шуда:

  1. Кохи  созу сўзу овоз. –Душанбе:2010, 260 саҳ.
  2. Нурджанов Низом. Опера и балет Таджикистана. – Душанбе: 2010, 424стр.

Таҳияи Нигина Маҳмудова,

мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарҳанг ва ҳунар.