Агар Ато Карим зинда мебуд...
Имрӯз зодрӯзи Ато Карим-шоири шинохтаи мардумӣ, муаллифи чандин китобҳои хонданист. Агар умр вафо мекард, имрӯз аз гулистони ҳафтодумин баҳори умраш гул мечид. Дардову дареғо, ки шоири шӯридадил пайвандон, дӯстон ва шефтагони ашъорашро дар ғафлат гузошт ва охири моҳи майи соли равон баъди як бемории начандон тӯлонӣ олами моро тарк кард ва ошиқонаву мухлисона ба дидори Дӯст шитофт.
Ато Карим (Ниёзов Атовулло Каримович) 15 июли соли1950 дар деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷекат дар оилаи деҳқон дида ба олам боз кард. Баъди хатми омўзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷекат, чун омўзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактабҳои миёна кор карда, соли 1978 факултаи таърихи Донишгоҳи шаҳри Хуҷандро хатм намудааст.
Ба адабиёт шавқи зиёде дошт. Навиштаҳои ў бо номҳои “Садо аз зиндон” (1998), “Ашки ҳасрат” (1999), “Тўшаи ғарибон” (2009), “Фарёди дил” (2011), “Пули ҳаром”, (2014), “Ашки ғам” (2018) ва якчанд маҷмўаҳои дастҷамъӣ нашр гардидаанд.
Якчанд мақолаҳои илмию педагогиаш дар рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ба чоп раисдаанд.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Чанд шеъри зиндаёд Ато Каримро ин ҷо мекорем.
Аз сари мо ин ҳама ҷабру ҷафо мегузарад,
Оташи дарду алам, сабри бало мегузарад.
Гарчӣ беғам будаем айни ҷавониву камол,
Пирӣ бар мо бирасад, кайфу сафо мегузарад.
Ба фароғат биравем ар ба тамошои чаман,
Лаҳзае замзамаи мурғи наво мегузарад.
Ин ҳама олами фонӣ накунад меҳру вафо,
Ки ба як мижа задан тири қазо мегузарад.
Ту бихон ояти "Қуръон”, Карим, баҳри савоб,
Чашм накшода ту, як рӯзи Худо мегузарад.
БАЪД АЗ САРИ МАН...
Баъд аз сари ман, эй писар,
Нола макун ҷони падар.
Бар сари қабрам ҳар саҳар,
Як фотиҳа хону гузар.
Ту бар Худо зорӣ намо,
Бар модарат ёрӣ намо.
Бар хоҳарону додарат,
Изҳори ғамхорӣ намо.
Иҷро намо гуфти Худо,
Дар роҳи ислом мубтало.
Асло напарто аз забон.
Зикри Муҳаммад Мустафо.
Худро зи ҳад боло магир,
Дасти ятимонро бигир.
Дониста бош, эй гулписар,
Ҳоли баде дорад сағир.
МЕКУНАМ ЁД
Суруди резаборон мекунам ёд,
Навои чашмасорон мекунам ёд.
Ба гўшам нағмаҳои кабки хушхон,
Ҳавои кўҳсорон мекунам ёд.
Баҳори наврасиҳоям ба хотир,
Такопўйи ғизолон мекунам ёд.
Нигоҳи пурхумору шеваи ёр
Ба рўйи сабзазорон мекунам ёд.
Бубинам мавҷи зулфони муаттар,
Насими обшорон мекунам ёд.
Гузашта шавқу завқи зиндагонӣ,
Сафои рўзгорон мекунам ёд.
Ба дил меҳру вафодорӣ ба кишвар,
Зи рўйи ҷоннисорон мекунам ёд.
Карим, бинам ба ҳар ҷо гулпарасте,
Зи гулзори Зарафшон мекунам ёд.
БИГЗАРАД
Ҳар шаби ман дар фироқи моҳи тобон бигзарад,
То саҳар аз дидагонам ашки борон бигзарад.
Булбули ошуфтаҳолам, аз гули раъно ҷудо,
Дар ғами гул нолаам аз қалби гирён бигзарад.
Тоҷу тахту қасру манзил рафта бар боди фано,
Чун шаҳаншоҳе гузашт, ин давру даврон бигзарад.
Гар ятимонро нагирад даст кас, мегў, Карим:
«Ҳайфи умри барабас аз худ пушаймон бигзарад!»
УМРИ ДУБОРАИ МАН
Бар зери абр монда имшаб ситораи ман,
Чашмакзанӣ надорад қутби назораи ман.
Боди фано рабуда барги хазони умрам,
Гирдоби зиндагонӣ гум карда чораи ман.
Теғи ситам расида бар ҷони ман, Худоё,
Омад фалак ба ларза аз оҳу зораи ман.
Хуршеди нурфишонам шоми ғуруб дорад,
Якбора гашт хомўш нуру шарораи ман.
Ҳаргиз магў, Каримӣ, як фарди бенишонӣ,
Шеъру таронаҳоям – умри дубораи ман.
НАЗДИ МАН ОЯД
Сабо, арзам расон, то зулфи райҳон назди ман ояд,
Ки аз бўяш нафас гирад дилу ҷон, назди ман ояд.
Ба ҳиҷронаш бимонда ѐди васлаш мекунам охир,
Ки гулрези ҷаҳон гардида зиндон, назди ман ояд.
Ба дидораш басе ҳам зору муштоқам, бигўедаш,
Намонад бар дилам армон, шитобон назди ман ояд.
Баҳори умри ман имрўз, к-айёми хазон дорад,
Ҳама дардам шифо бахшад, шукуфон назди ман ояд.
Каримӣ, кун дилу ҷонро ту қурбони қадамҳояш,
Бигў, дар шоми ҳиҷрон моҳи тобон назди ман ояд.
Забони миллати ман
Рўдакӣ дар назми тоҷик шоҳ шуд,
Мавлавӣ бо "Маснавӣ"-аш моҳ шуд.
Машъале "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ гашт,
Халқи ман аз таърихаш огоҳ шуд.
Ахтаре буд Саъдии пири ғазал,
Шеъри Ҳофиз ҳамдаму ҳамроҳ шуд.
Шамъи маҳфил Ҷомии шаккарсухан,
Нокаси саҳронишин чун коҳ шуд.
Шеъри Хайём, Хусраву Зебунисо,
Тири ҷонсўз бар тани бадхоҳ шуд.
Донишу Айнӣ чароғи маърифат,
Илму фарҳанг равшанӣ дар роҳ шуд.
Буд забони миллати ман давлатӣ,
Душмани миллатгаро дар чоҳ шуд.