Қиссаи хеле аҷиб. Китобдор -Донор
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мамлакат дар ҳудуди 5,5 миллион донорҳо ба фронт 1 миллиону 700 ҳазор литир хун дода буданд. Он солҳо ба ин ҷасорати ватанпарварон донорҳои Тоҷикистон ҳам саҳми муайяне гузоштаанд.
Ҳар дафъа баъди шунидани иттилооти Бюрои информатсионии Советӣ Мария Алексеевна бесаранҷом мешуд. Хаёлаш ўро ба кўҷоҳо намебурд. Роҳу воситаҳо меҷуст. Фикр мекард, ариза бинависаду ба фронт биравад ва ё ягон коре бикунаду барои дифоъи Ватан ҳисса бигузорад. Ҳамин тавр,Мария Алексеевна 7 августи соли 1941 ба снтансияи ҷумҳуриявии хунгузаронӣ рафт.Дар қатори занон аз аввалинҳо шуда ба сафи донорҳо дохил гардид ва аҳд кард ба ивази хуни худ музд нагирад. Ин иқдоми ватанпарвариро дар ибтидои ҷанг ва дертар бисёриҳо дасгирӣ карданд. Толибаи синфи 9-ми мактаби миёнаи рақами 12 –ми шаҳри Сталинобод Хосият Махсумова, ҳуқуқшиносони комиссари халқии назорати давлатӣ-Томская ва дигарон аз қабили пайравони Мария Алексеева буданд.
Мария Алексеевна солҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро ба хотир оварда навиштааст. «Аҳду паймони ман кори осон набуд. Онро на ҳар кас ўҳда карда метавонист. Ман гўё қасами ҳарбӣ ёд карда будам ва то охир боре ҷадвали хунсупориро вайрон накардаам. Ҳар соли ҷанг шашборӣ хун супоридам.Ҷои худситоӣ нест. Истодо-истода ба худ таҳсин мегўям. Ҳар боре хун месупоридам аз роҳ бераҳа нашуда, рост ба ҷои корам –китобхона мерафтам. Он ҷо андаке дам гирифтам ва пас корамро давом медодам. Батартиб овардани захираи китоб ва хизматрасонии гурўҳҳои хонандагон машғул мешудам…» Аз оғози ҷанг мудате гузашт. Дар шаҳри Сталинобод беморхонаҳои ҳарбӣ ташкил ёфтанд. Дар ин госпиталҳо маҷрўҳони зиёд мехобиданд. Баробари нигоҳбину табобати маҷрўҳон, ба онҳо меҳрубонии маънавӣ ҳам лозим буд. Ман дар навбати худ якҷоя бо дигар кормандони китобхона қарор додам хизматрасонии маҷрўҳонро ба зима бигирам.Ҳамин тавр, мо гурўҳи китобдорон зуд-зуд ба госпиталҳо мерафтем, маҷрўҳонро бо дидаи дили гарм, дилбардорӣ мекардем. Барои онҳо даста- даста китобҳои аҷоибу хонданибобро пешкаш менамудем. Гаҳ-гаҳе ман дар ин госпиталҳо шоҳиди воқеаҳои аҷоиб мешудам. Яъне медидам, ки тоҷикон ба ҷасурони Ватан чӣ гуна ғамхорӣ зоҳир менамуданд. Онҳо аз маҳалоти дурдасти кўҳпора барои ҷароҳатёфтагон пои пиёда, харакию аспакӣ хўрокворӣ ва дигар чизу чора мекашонданд.
Акунун ба хунсупорӣ одат кардам. Вазифа, мақсадҳои донориро хубтар эҳсос намудам.Вале як чиз мудом маро азият медод. Хеле хун супоридам. Аҷаб … аҷаб хуни манро ба куҷоҳо мефиристонанд. Киҳо аз хуни ман шифо меёбанд ? Пурсидан ҷои айб нест. Раванду ҳамааш равшан бошад. Ба ҳамин хулоса омадам ва аз кормандони стансияи хунгузаронӣ пурсидам. Онҳо ба пурсишҳои ман ҳушҳол шуданд ва гуфтанд, ки ман мададгори фронт, мададгори маҷрўҳон шудаам. Хуни ман ба 8 нафар маҷрўҳон гузаронида шудааст. Саломатии он маҷрўҳон хуб аст. Онҳо дар кадом шаҳр, кадом госпитал, ҳатто кадом палата хобидаанд, маълум будааст. Кормандони стансияи хунгузарониӣ маълумотҳои аниқ доданд ва ман имконияте ёфтам, ки бо маҷрўҳон мукотиба бикунам. Барои аввал дар мактубам ин сатрҳоро сабт намудам. «Сарбози азиз! Шумо кистед ? Саломатиатон чӣ гуна аст? Гумон мебарам шумо дар фронт ҷасорати беҳамто нишон додаед.Аз тири душман сахт маҷрўҳ шудаед? Хунатон беҳад рехт? Мадҳўш будед? Дар куҷо буданатонро намедонистед? Баъдан оҳиста-оҳиста ба ҳуш омадед? Атроф ва атрофиён шуморо ба ҳайрат овард? Медонед сабози азиз… чанд соат қабл ба бадани шумо хуни маро гузаронидаанд. Ба шумо саломатии орзу мекунам. Зудтар шифо ёбед”.
Мария Алексеевна. Донор, шаҳри Сталинобод.
Пагоҳи рўзи дигар, Мария Алексеевна ба стансияи хунгузаронӣ рафт.Хун супорид ва хоҳиш кард,ки мактуби ўро ба маҷрўҳи номаълум равон бикунанд. Кормандони Стансия хоҳиши ўро қонеъ гардонданд. Мактубро дар шишаи хундори Мария часпонданд… Аз миён дере нагузашта, номи ин зани фидокор дар хати фронт, бисёр қисмҳо, госпиталҳои ҳарбӣ паҳн шуд. Пас ба унвони Мария Алексеевна аз қисмҳои ҳарбӣ маҷрўҳон, табибон мактубҳои зиёде меомаданд, ки дар онҳо як навъ самимият изҳор гардида буд. Ин мактубро аз госпитали кўчонидашудаи рақами 4451 табиб Мусаилова ба чунин мазмун навиштааст; « Мария Алексеевна, барои ғамхориатон дар ҳаққи ҳимоятгарони Ватан –ҷанговарони Армияи Сурх ба шумо ташаккур мегўям ва ба шумо сиҳату саломатӣ орзў мекунам.Умедворам, шумо минбаъд ҳам бо хуни худ ҳаёти чандин ҷанговаронеро, ки барои ҳимояи Ватан,озодии халқҳо мубориза мебаранд, анҷом медиҳед…»
Мактуби дигаре, ки онро ҷанговар П.М.Чертков 24 ноябри соли 1942 ирсол кардааст,бо чунин саршори меҳр ва минатдорӣ анҷом меёбад. «Мария Алексеевна! Ман сахт маҷрўҳ будам, чанд рўз ҳеҷ чизро дар хотир надоштам. Дар госпитал баъди чандин рўзи ҷарроҳӣ ба ҳуш омадам. Акнун рўз аз рўз худро хуб ҳис мекунам. Табибон ба ман шишаеро нишон доданд, ки дар танаи вай хат часпонда шуда аст, ки аз хуни шумо буданаш дарак медод ва он хунро ба бадани ман гузаронидаанд. Раҳмат, ба шумо маро аз марг наҷот додед. Асло хорӣ набинед, Марияи меҳрубон».
Ҷанги Бузурги Ватанӣ хотима ёфт. Дар зарфи солҳои ҷанг Мария Алексеевна 45 литр хун супорид. Ў баъди ҷанг ҳамчун «Донори фахрии СССР» супоридани хунашро идома дод ва то соли 1973 ҷаъм 100 литр хун супоридааст. Ин миқдор хун аз вазни ҳастии Мария хеле зиёд аст. Мария Алексеевна Шутова (ҳоло дар қайди ҳаёт нест) ҳанўз соли 1938 ба ш.Сталинобод омада буд. Аз соли 1939 ба баъд мудати тўлонӣ кормандони китобхони шаҳрии Душанбе ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ буд. Барои Хизматҳои шоёнааш дар давраи ҷанги Бузурги Ватанӣ ва баъди ҷанг бо унвони фахрии «Китобдори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» ва бо чандин грамотаҳои фахрии Президиуми Совети олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.
Бознашр аз маҷалаи “Анис”, соли 2002, №1.
Рӯнависии Мижгона Муродова, сармутахассиси Маркази такмили ихтисос.