Донишманди некрою равшанзамир
Нашр шуд 2020-04-13 15:33
Одатан, дар оғози ҷашни мавлуди намояндагони илму адаб бисёр менависанд, вале ин навиштаҳо аксаран самимияти шахси нависандаро ба таври мукаммал ифода карда наметавонанд. Шояд ин аз он вобаста аст, ки мо ҳама аз нарасидани ҳамон вақте, ки аксаран беҳуда зоеъ меравад, шикоят мекунем. Аммо дар лаҳзае, ки нисбат ба фарде, ки бароямон бисёр азизу гиромӣ аст, бо ҳар баҳона аз изҳори ҳақиқате, ки ӯ сазовор нисбаташ қанораҷӯӣ мекунем. Бо ҳамин айби мо ҳақиқате аст як умр дар қалбҳо пинҳон мемонад. Шояд он ҳақиқатест, ки дигарон намедонанд ё ҳақиқатест, ки ба тақдири ояндаи шахс таъсири амиқ мерасонад, вале мо аз изҳори он худдорӣ намудем. Он метавонад ҳақиқате бошад, ки танҳо шумо аз он огоҳед ва танҳо Шумо қодиред онро иброз намоед. Вале ҳайҳот, Шумо онро иброз накардед. Ин ҳақиқати инсонҳоест, ки дар соҳаи фаъолияти хеш фидоиянд, дар дӯстиву рафоқат ҳамто надоранд, дар аҳду вафо беназиранд. Бисёр корҳоеро анҷом додаанд, ки бинобар камаҳаммиятиву фориғболии мо аз назарҳо дур мондаанд. Аҳсан ба онҳо, ҳалолашон бод!
Яке аз чеҳраҳои тобон ва донишманди тавонои соҳаи китобдорӣ - муҳаққиқи библиографишиносӣ, библиографияи кишоварзӣ, китобшиносӣ ва таърихи китоби тоҷик Бӯризода Қурбоналӣ Бозор санаи 20-уми ноябри соли 1964 дар деҳаи Қуштеппаи колхози Россияи ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таваллуд ёфтааст.
Қурбоналӣ Бӯризода фаъолияти меҳнатии худро соли 1988 ба сифати муаллими факултети китобдории ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода оғоз намуда, бинобар шавқи беандоза нисбат ба библиографияшиносӣ ба таълими фанҳои тахассусии «Библиографияи адабиёти ҷомеашиносӣ», «Библиографияи адабиёти иқтисодӣ», «Таърихи библиография», «Созмондиҳии фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо», «Библиографияи адабиёти кишоварзӣ», «Билиографияи хориҷӣ» ва «Библиографияи адабиёти кишваршиносӣ» машғул мегардад.
Қурбоналӣ дастпарвари мактаби китобдории Раҳимҷон Шарофзода, Абдураҳим Ҳамроевич Раҳимов буда, минбаъд дар назди олимони барҷастаи китобхонашинос ва библиографияшиносони рус ба монанди О.П. Коршунов, В.В. Скворцов, А.Е. Шапошников, К.И. Абрамов, В.И. Терёшин, Н.А. Сляднева, Т.Ф. Каратигина, Ю.Н. Столяров, В.В. Доброволский, В.М. Беспалов, Н.Е. Добрынина, А.М. Мазуритский ва дигарон савияи донишу малакаҳои касбиии худро сайқал додааст.
Фаъолияти эҷодии худро аз таҳияи нишондиҳандаи библиографии “Ҳисоби хоҷагӣ дар хоҷагии халқ» (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, зери назари С. Ғоибназаров, И. Норкаллаев ва Р. Кочкионова оғоз намуда, соли 1999 монографияи аввалини худро дар мавзӯи «Библиография дар аҳди Сомониён» омода ва дастраси мутахассисони соҳа мегардонад. Муаллиф дар рисолаи мазкур дар заминаи таҳлили сарчашмаҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, библиографӣ ва биобиблиографӣ таърихи мухтасари ташаккулёбии библиографияро дар аҳди Сомониён инъикос намудааст.
Қурбоналӣ Бӯризода нуктаи назари библиографи шинохтаи тоҷик Р. Шарофзодаро ривоҷу равнақ дода, оид ба иқдомоти нахустин дар самти таснифоти илм, дастурҳои библиографии аҳди Сомониён андешаҳои ҷолиб иброз намудааст.
Сипас, як қисми рисолааш дар шакли китоб таҳти роҳбарии академик Н.Н. Неъматов бо унвони «Заминаҳои пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» (ба забони русӣ) аз чоп мебарояд.
Бо матни комили навиштаи Сафар ШОСАИДЗОДА ин ҷо ошно шавед: Донишманди некрою равшанзамир