Ричард Фрайро мешиносед?
Нашр шуд 2020-01-24 13:04
Ричард Фрай, ки агар зинда мебуд ба синни мубораки 100 қадам мегузошт, аз ҷумлаи маъруфтарин шарқшиносони олам аст. Донишманде, ки солҳо дар Тоҷикистон зиставу барои рушди илми ховаршиносӣ талошҳои зиёде карда ва дар таълифи китобҳо, тарҷумаи осори ниёгони мо ба инглисӣ ҳиссаи сазовр гузоштааст. Ин олими пуркор ва маъруф баҳори соли 2014 дар Бостон (ИМА) дар синни 94-солагӣ тарки олам кард.
Шарқшинос-эроншиноси амрикоӣ, профессор, доктори ифтихори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ричард Фрай 10-уми январи соли 1920 дар Бирмингеми ИМА таваллуд шудааст.
Соли 1941 Донишгоҳи Принстонро бо ихтисоси таъриху фалсафа ба итмом расонда, дар Университети Лондон ба омўзиши забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ машғул шудааст.
Аз соли 1946 дар донишгоҳҳои Гарвард, Колумбий (ИМА), Гамбургу Франкфурт (Олмон) ва макотиби олии дигар давлатҳо аз фалсафаю таърихи фарҳанги шарқ дарс додааст.
Солҳои 1970-1975 вазифаи директори Институти Осиёи донишгоҳии Шерозро (Эрон) иҷро карда, 1990-1992 дар УДТ (ҳоло ДМТ) чун профессор аз таъриху фалсафаи Шарқ сабақ додааст. Оид ба масоили таърихи қадими Осиёи Марказӣ ва Эрон, осори хаттии адабиёти қадими мардуми эронинажод, сиккаҳои давлатҳои қадима, сангнавиштаҳои форсии миёна ва нортӣ, динҳои қадими эронинажодҳо, адабиёти классикии форс-тоҷик ва ғайра зиёда аз сад таълифот ба табъ расондааст.
«Таърихи Бухоро»-и Наршахиро ба англисӣ тарҷума ва бо шарҳу тафсир нашр сохтааст. Китобаш «Мероси Эрон» ба форсӣ, русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо чоп шудааст.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Ричард Фрай ва дар бораи ӯ ин матолибро ҳам метавонед бихонед:
Фрай, Р.Н. Наследие Центральной Азии: От древности до тюркского нашествия. – Душанбе: Сурушан, 2000. – 292 с.
Фрай, Р.Н. Мероси Осиёи Марказӣ. – Душанбе, 2000. – 274 с.
Фрай, Р. Мардуми ориёниро дўст дорам: Мусоҳибаи Ҷ. Асрориён бо муаррихи Амрико Ричард Фрай оиди бостоншиносӣ // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 25 июл.
Яҳёев, Ш. Ричард Фрай таҳқиқгари тамаддуни Хатлонзамин ё пораҳо аз орзуҳои дар дил нуҳуфта: Ёде аз сафари шарқшиноси амрикоӣ, профессори донишгоҳи Гарвард ва доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шодравон Ричард Фрай ба диёри Хатлонзамин // Тоҷикистон. – 2014. – 17 апрел.
Салмонов, Б. Дафни Ричард Фрай ҷанбаи сиёсӣ гирифтааст: 27 марти соли равон дили яке аз шарқшиносони машҳури ҷаҳон Фрай Ричард Нелсон дар синни 94 солагӣ аз тапидан бозмонд // Рўзгор. – 2014. – 24 апрел.
Ғиёсӣ, М. Ричард Фрай: Ғафуров тоҷики асил буд: Ба пешвози 110-солагии арбоби давлатӣ ва муаррихи тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров // Фараж. – 2018. – 19 сентябр.
Таҳияи Насиба Даниярова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ