«Википедия чизи вижае аст. Чизе монанди як китобхона ё парки ҳамагонӣ аст. Википедия ҳамонанди маъбаде барои зеҳн аст. Ҷое, ки ҳамагӣ метавонем ба онҷо биравем то биандешем, биёмӯзем, ва донишамонро ба иштирок бигузорем.»
Ин сатрҳо мутааллиқ ба яке аз бунёдгузори Википедия –Донишномаи озод Ҷимми Уэйлс аст. Шояд ин ҳарфҳоро замоне навишт ё гуфт, ки ин донишномаи боазамат навпо буд ва ё ниме аз масири имрӯзаи худро тай карда буд. Ва бидуни шак, чунин аст. Ҳоло ин саҳифаи Интернет саршор аз матолиби хонданист. Ҳар касе ба он сар даровард, ҳатман чизе барои худ пайдо мекунанд.
Ин ҷо кулли донишҳои олам дар як хонаи озодаву барҳаво гирдоварӣ шудаанд. Ин як китобхонаест, ки онро башар дар ҳамкорӣ ба ҳам бунёд кардааст. Шояд Ҷимми Уэйлс ва Ларри Сэнгер ҳам дар оғоз намедонистанд, ки ин меҳмонсарои онҳо пурҷамъияттарин меҳмонсарои олам хоҳад буд, ки аз кулли неъматҳои фарҳангиву илмӣ дастурхонаи калонеро густардааст, то ҳамагон гирди он ҷой пайдо кунанд ва аз анвоъи он бинӯшанду бихӯранд.
Википедия (англ. Wikipedia) — донишномаест ҳамагонӣ ва озод; бад-ин маънӣ, ки ҳама метавонанд ба навиштан ва вироиш навишторҳои мавҷуд дар он бипардозанд. Албатта ин навишторҳо ва вироишҳо бояд мутобиқ бо асосномаи Википедия бошанд. Яъне, матолиб бетарафона ва бидуни поймол кардан ҳаққи нашри дигарон навишта шуда бошанд. Мудирияти баррасии навишторҳо тавассути худи корбарон анҷом мешавад. Касоне, ки дар амри такмил ин лоиҳаи бепоён мушорикат мекунанд, ба ҳамзбонони худ ёрӣ расондаанд то дар амри гирдоварии беҳамтотарин донишномаи ҷаҳонӣ саҳмӣ дошта бошанд.
Донишноми озод ҳамзмон ба бисёре аз забонҳо навишта мешавад ва ҳамкорони он афроде аз саросар ҷаҳонанд ва ҳар касе метавонад ба рушди он кумак кунад.
Ин донишнома аз замони таваллуд токунун рушди бисёр сареъе дошта ва бузургтарин вебгоҳи донишномаӣ бо беш аз 80 миллион боздидкунанда дар моҳ аст ва беш аз 90 000 корбари фаъол дорад, ки бар рӯйи беш аз 18 000 000 мақола ба 270 забон кор мекунанд. Дар Википедияи тоҷикӣ то ин лаҳза 100,137 мақола вуҷуд дорад ва ҳар рӯз ҳазорон корбар аз ин донишнома боздид мекунанд.
Шакл ва ҳолати ҳамкории гурӯҳӣ, ки дар донишномаи Википедия эҷодшударо метавон бесобиқа донист. Усули ҳушмандонае, ки Википедия бар пояи онҳо бино шуда боис шудааст, ки ин маҷмӯа аз иттилоот бо пӯёии доимӣ ба сӯи такмил шудан ва такомул пеш биравад.
Википедияро мешавад шабеҳии инсони бузург ва хирадманд дар назар гирифт, ки ҳуҷайраҳои пайкарааш аз миллионҳо инсони фаъол ташкил ёфтааст.
Аз роҳандозии Донишномаи озод ҳоло 20 сол сипарӣ шудааст. Он дар яке аз рӯзҳои моҳи январи соли 2001 таъсис шуд ва чуноне мухтасар баён доштем, як роҳи пурифтихорро то кунун тай кард.
Таҳияи Исроил Иброҳимов,
мутахассиси шӯъбаи
маркетинг ва менеҷменти фаолияти китобдорӣ