«Парчами миллӣ – рамзи давлатдорӣ»

 Қабл аз зӯҳри имрӯз бо ташаббуси Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон тадорукоти тантанавӣ бахшида ба Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ рамзи давлатдорӣ» доир гардид. Дар нишаст мутахассисону муҳаққиқон аз Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик,  намояндагони воситаҳои ахбори омма ва кормандони Китобхонаи миллӣ иштирок намуданд.

 Сухани ифтитоҳиро дар ин чорабинӣ Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илми педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода оғоз намуда, ҳозиринро бо ҷашни Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободиро таманно намуд. Ҳамзамон, Директори Китобхонаи миллӣ бо ишора ба таърихи парчами миллӣ ба ҷавонон муроҷиат кард ва гуфт, ки ифтихори ватандорӣ қабл аз ҳар чизи дигар аз эҳтироми муқаддасоти он шуруъ мешавад. Директори Китобхлнаи миллӣ дар бахши дигар аз суханронии муқаддамотии худ аз ҷавонон хост бештар мутолиа кунанд ва аз имкониятҳо ва шароитҳои Китобхонаи миллӣ пурсамар истифода кунанд. Зеро танҳо дониш аст, ки роҳро ба сӯйи оянда боз мекунад.  

 Ба андешаи Абдусалом МирализодаПарчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шаклгирифта ва бо боварии комил эълон намудани ҳуқуқи маънавии хеш баҳри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад”.

 Инчунин, мавсуф дар идомаи сӯҳбат ёдовар шуд, “гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд. Ҳанўз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёкони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд”.

 Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ  дар бораи  таърихи пайдоиши парчами халқи тоҷик, интихоби рангҳои парчам, суханронӣ намуд. Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафт. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст”.

 Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир аз таърихи Парчами халқи тоҷик ёдовар шуд ва гуфт: “Бояд зикр намоем, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рў, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад”. 

 Дар охир, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир аз ашъори шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва Мирзо Файзалӣ, ки дар васфи Парчам навиштаанд, қироат намуд.

 Фарзонаи МИРЗО