Маҳбубияти ҳунарманд
Нашр шуд 2019-10-15 11:53
Давлаталӣ Убайдуллоев аз ҷумлаи маъруфтарин ҳунармандони кишвар аст. Коргардонест бо сабки худ. Ва умре дар саҳнаи театри академӣ – драмавии ба номи устод Лоҳутӣ коргардонӣ кардаасту нақшҳо офаридааст. Зодаи рустои Ҳулбуки ноҳияи Кӯлоб аст, ки 8 октябри соли 1954 дида ба олам кушодааст.
Актёр ва коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1997), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011). Фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1976) ва Институти давлатии театр, мусиқӣ ва кинои Ленинград (ҳоло ш. Санкт-Петербург) (1986) аст.
Дар театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва театри «Аҳорун» фаъолият намудааст. Ҳамчун актёр дар спектаклҳои «Вақте, ки шаҳр хуфта буд», «Бозиҳои бераҳмона», «Юсуфи гумгашта…» ва ғайраҳо нақш бозидааст.
Дар озмуни минтақавии театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон – «Наврўз» (1995) беҳтарин иҷрокунандаи нақши мардона дониста шудааст. Ба ҳайси коргардон ҳам тавфиқ ёфта, чандин намоишнома, аз қабили «Мири Кабир», «Паёми Зардушт», «Дон Жуан» рўи саҳна овардааст.
Бо намоишномаҳои таҳиякардааш ба Эрон, Русия, Белгия, Лаҳистон, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода аз маҳорати актёрӣ дарс гуфтааст.
Бозчоп аз Арбобони фарҳанги тоҷик. – Душанбе, 2017. – С. 626.
Дар Китобхонаи миллӣ аз Давлаталӣ Убайдуллое ва дар бораи ӯ ин матолиб қобили дарёфт аст:
Меҳрафзун, Ф. Дар сари марқади Бедил: Андешаҳои коргардони маъруфи театри тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев // Чархи гардун. – 2006. – 17 феврал.
Гунаҳгор замон, театр, ё…?: Суҳбати Б. Каримзода бо Ҳунарпешаи шоистаи халқии Тоҷикистон Давлати Убайдулло // Омўзор. – 2008. – 10 октябр.
Зиндагинома: Суҳбати фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ бо коргардони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, таҳиягари «Зиндагинома» Давлат Убайдуллоев // Адабиёт ва санъат. – 2015. – 19 феврал.
Ҳунар сармояи зиндагист: Мусоҳибаи рўзноманигор Б. Холмуродов бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2017. – 8 июн.
«Парасту» театрҳоро ба таҳрик меорад: Мусоҳибаи Р. Маҷид бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев доир ба баргузории фестивал // Адабиёт ва санъат. – 2019. – 2 май.
Таҳияи Баргигул Наботова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ