Аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ чӣ метавон хонд?

Шоир, адабиётшинос ва мунаққид. Шахсе, ки тавонистааст ҳам шеър нақд кунад, ҳам шеър нависад ва ҳам шеъри гузаштагонро ба имрӯзиён муаррифӣ созад.

Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ  29 октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст.   Адабиётшинос ва шоири тоҷик.  ДДМТ- ро хатм кардааст.

Соли 1972 пас аз хатми ДДМТ ба Институти шарқшиносии АИ ҶТ ҳоло Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ба кор омад.

Аз соли 2000 мудири Шўъбаи матншиносӣ ва нашри осори адабии Институти мазкур буд. Алӣ доир ба масъалаҳои гуногуни адабиёти классикии форсу тоҷик, равобити адабӣ ва матншиносӣ, нақди адабӣ зиёда аз 100 мақолаву рисолаҳои илмӣ («Муносибатҳои дўстона ва равобити адабии Ҷомӣ ва Навоӣ», 1990; «Нома ва номанигорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ», 1999, ба алифбои арабӣ, ҳамроҳи Ҷ. Назрӣ) таълиф намудааст.

Дар нашри осори адабӣ (панҷҷилдаи «Гулшани адаб»),  осори Асадии Тўсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ-Фонӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Ғиёсии Бадахшонӣ ва дигарон иштирок кардааст.

Нашри «Илоҳинома»-и Фаридиддуни Аттор (соли 2000) ва «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ  (соли 2001, ҳамроҳи Б. Ализода) аз корҳои муҳими ба анҷом расонидаи Алӣ мебошанд.

Алӣ ба эҷоди шеър низ машғул аст ва дар ин ҷода маъруфияти зиёде дорад. Китобҳои ашъораш «Чашмаи нўш» (соли 1997) ва «Майи гулгун» (соли 2000) интишор ёфтаанд. Дар шеър ошиқонаву орифона сухан мегўяд. Ватан, хоки аждодӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, худшиносӣ, ишқи поку беолоишро тараннум менамояд.

Аз соли 1999 узви ИН мебошад.

Бозчоп аз «Энсиклопедияи Адабиёт  ва санъати  тоҷик». – Душанбе, 2004. – Ҷ.3. – С. 504.

Муаллиф: Акбарзод, М.

Аз навиштаҳои Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ ва дар бораи ӯ ин матолиб дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст:

Муносибати дўстонаву равобити эҷодии Ҷомӣ ва Навоӣ. – Душанбе, 1990. – 18 с.

Чашмаи Нуш. – Душанбе: Афсона, 1997.

Майи гулгун. – Душанбе: Адиб, 2000. – 83 с.

Вусъати ишқ: Мунтахаби ашъор. – Хуҷанд: Ношир, 2009. – 252 с.

Меҳр ва муштарӣ: Маҷмуаи  мақолаҳо. – Душанбе: Адиб, 2010. – 320 с.

Шукуфаҳои сабзи баҳор. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010. – 190 с.

Номбардори падар. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2011. – 192 с.

Ҳунари номанигорӣ дар «Шоҳнома» / А.Муҳаммадиев, Н.Ҷурабек. – Душанбе: Дониш, 2014. – 300 с.

Баҳория: Шеър // Маориф ва маданият. – 1973. – 14 апрел.

Замоне, ки…: Шеър // Маориф ва маданият. – 1977. – 13 август.

Захми сухан; Заврақи бе бодбон: Шеърҳо // Комсомоли Тоҷикистон. – 1981. – 8 апрел.

Занги охир: Шеър // Маданияти Тоҷикистон. – 1981. – 26 июн.

Ватан: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 28 август.

Ба модарам: Шеър // Зарафшон. – 1986. – 26 апрел.

Дареғо; Дигар  мабод; Се ғазал: Шеърҳо // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1995. – 18 феврал.

Анҷуман дорад баҳор: Шеър // Садои мардум. – 1997. – 21 март.

Аз дафтари ғазал; Эҳдо ба омўзгор Ҳоҷӣ Қосимбои Рўзибой; Ганҷи эҳсос: Шеърҳо // Ҷумҳурият. – 1999. – 24 апрел.

Суруди  ҷавонони даврон: Шеър // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1999. – 12 август.

 Обшори рўшноӣ: Шеър // Адабиёт ва санъат. – 2001. – 21 сентябр.

Аз дафтари ғазал; Маҳтоби шаб; Ду мухаммас бар ғазали Шаҳриёр; Дуои модар; Мухаммаси дувум: Шеърҳо // Адабиёт ва санъат. – 2007. – 25 январ.

Таронаи Ваҳдат: Шеър // Ваҳдат. – 2008. – №6. – июн.

Бо ҳафтоду се мазҳаб якеам: Мавлонои Рум ва тафаккури ахлоқӣ // Ҷумҳурият. – 2009. – 24 сентябр.

Дар бораи ў

Мирзоев, Б., Акбарзод, М. Марди роҳи эҷод: Дар бораи адабиётшинос ва шоир Алии  Муҳаммадии  Хуросонӣ // Ҷумҳурият. – 2000. – 28 октябр.

Солеҳ, Ш. Резаборони сари сабзи баҳорон ҳастӣ: Шеър  Алии  Муҳаммадии  Хуросонӣ // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 28 октябр.

Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ