Номи пурраи китоб “Назорати прокурорӣ ба иҷрои конунгузорӣ дар бораи пешгирӣ, ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, муаллифи он Прокурори генералии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод мебошад
Дастури мазкур ба тахлили санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, конунгузории миллӣ ва амалияи назорати прокурорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба назорати иҷрои қонунгузорӣ, пешгирӣ,ошкор ва тафтиш намудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона бахшида шуд, хусусиятҳои гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятиро дар ин самт инъикос менамояд.
Дастур ба доираи васеи кормандони амалӣ, аз ҷумла муфаттишон, прокуророн, судяҳо адвокатҳо, инчунин муҳақикону коршиносони соҳа ва донишҷуён тавсия шудааст.
Ба китоб Тақдиршоҳ Шарипов – доктори илмҳои хуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Анвар Сафарзода – мудири кафедраи хуқуқи чиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ тақриз навиштаанд.
Китоб дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт аст.
Моҳира Муродова,
Шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ.