Садупанҷ соли адиби ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ
Нашр шуд 2019-04-18 10:01
Адиби маъруф, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Фотеҳ Ниёзӣ – муаллифи хонотарин повесту романҳои ҷангӣ имрӯз садупаҷсола шуд. Фотеҳ Ниёзӣ аз ҷумлаи адибоне буд, ки аз соли аввали ҷанг худро дар саҳнаи муҳориба зидди истилогарони фашистӣ зад, дар шадидтарин ҷангҳо ширкат намуд, аз ҷумлаи муҳофизони Сталинград буд. Баъдан муовини муҳаррири ҳарбии «Фрунзевец» - ро ба ўҳда гирифтаву то анҷоми ҷанг дар ҳамин вазифа фаъолият кардааст. Соли 1949 баъди хизмати ҳарбӣ ба Душанбе баргашта, дар вазифаи котиби масъул ва муҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» кор мекунад. Фотеҳ Ниёзӣ муаллифи беҳтарин романҳои ҷангист, тасвири саҳнаҳои муқовимат зидди фашизм дар қалами адиби номвар хеле хонданиву боваркарданист, чун худ шоҳиди он саҳнаҳои мудҳиш буд.
Дар бораи Фотеҳ Ниёзӣ муфассалтар аз ин матлаб бихонед: http://www.kmt.tj/adibi-changovar-fotekh-niyozi