Доктори илмҳои геология Юсуф Ҳакимов аз ҷумлаи минерологҳои барҷастаи кишвар буд. Яке аз аввалинҳост, ки барои устуҷўи конҳои телетермалӣ ё пастҳарорат услуби палеомагнитиро ба кор бурдааст. Умреро дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави истихроҷи маъданҳо сарф кардааст.
Юсуфов Ҳаким 17 декабри соли 1918 дар шаҳри Бухоро ба дунё омааст. Доктори илмҳои геологӣ ва минералогӣ соли (1984).
Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли (1941-1945). Соли 1940 факултаи табиатшиносии Университети давлатии давлатии Самарқандро хатм намудааст.
Соли 1946 дар идораи геологияи Тоҷикистон фаъолияташро оғоз карда, ба сифати геологи калон, сардори гурўҳ ва отряд заҳмат кашидааст. Аз соли 1960 то охири умр дар Пажўҳишгоҳи геологияи АИ Тоҷикистон ба сифати ходими калони илмӣ кор кардааст.
Оид ба сохти геологӣ, тарзи пайдоиш қонунияти ҷойгиршавии конҳои сурмаю симоби Тоҷикистон таҳқиқот анҷом дода, шароити пайдоиш ва манбаъҳои маъдани сурмаю симоби кўҳистони Ҳисору Зарафшонро омўхта, ноҳиябандӣ намудааст. Яке аз аввалинҳост, ки барои устуҷўи конҳои телетермалӣ ё пастҳарорат услуби палеомагнитиро ба кор бурдааст.
Теъдоди таълифоташ аз панҷоҳ мегузарад. Хизматҳояш бо ордени Ситораи Сурх, медалҳои ҷангию меҳнатӣ қадр шудааст.
Ҳаким Юсуфов 11 ноябри соли 1990 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.
Бозчоп аз Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХ1): Энсиклопедия. – Душанбе, 2018. – С. 776-777.
Муаллиф Ёрмуҳаммади Сучонӣ.
Дар Китобхонаи миллӣ Юсуф Ҳакимов танҳо ин асар маҳфуз аст:
Основание закономерности размещения ртутносурьмянного оруденения в Зеравшано-Гиссарском рудном поясе. – Душанбе, 1978.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ