Чопи библиографияи монографии академик Убайд Зубайдов

Интишороти «Сомон-Граф» библиографияи монографии академик Убайд Зубайдовро дар таҳияи корманди собиқадори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷурабой Раҷабов ва мудири шуъбаи пажуҳишгоҳи рушди маорифи назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Асрор Сатторов дар ҳаҷми 260 саҳифа ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баровард.
Библиографияи монографии мазкур асарҳои ил­мӣ, таълимӣ, тарҷума, маводи таҳриркардаю тартиб­додаи академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Убайд Зубайдов ва адабиёт роҷеъ ба рўзгор ва фаъолияти илмию пажўҳишии ўро дар бар мегирад.

Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба паҳлўҳои мухталифи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоту пажўҳишҳои анҷомдодаи ў иттилооти мушаххас медиҳад. Кулли матолиби бо ду забон ба табърасида бори нахуст дар ин китобнома ворид гардида, мавриди таҳқиқи (de visu) муаллифон қарор гирифтаанд ва он ҳама маводи солҳои 1979-2016 чопшударо дар бар мегирад.

Унвони тамоми асарҳо ба забони асл ва тибқи стандарти пазируфта оварда шудаанд. Мундариҷа ва муҳтавои асарҳои бузургҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шудаанд. Асарҳое, ки тавассути унвонашон дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои иттилоотӣ комил гардидаанд.

Матолиб дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо ва бо тартиби нави имлои алифбои тоҷикӣ тадвин гардидаанд. Барои дарёфти таъҷилии мавод дар поёни китобнома кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос пешниҳод шудааст.

Китобнома дар асоси захираи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Хонаи китоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгонии олим Убайд Зубайдов тадвин гардидааст ва чеҳраи илмиву пажўҳишӣ ва самараи фаъолияти педагогии ўро равшан намуда, ба муҳаққиқону мутахассисон ва донишҷўён кумак хоҳад расонид.

Дар осорнома рўзгор ва фаъолияти илмии Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Убайд Зубайдов (то 15 декабри соли 2016) мавриди бар­расӣ қарор гирифтааст ва кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи воридгардида тибқи меъёрҳои пазируфташуда тасвиру тавсиф гарданд.

Дастури библиографияи монографӣ барои намуна дар таҳияи библиографияҳо, сомона­ҳои интернетӣ, рўйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқону донишҷўён муфид мебошад.

 

М. Каримов,
к
орманди Маркази
такмили ихтисос
и
Китобхонаи миллӣ

Барчаспҳо: