Рӯзҳои ободкорӣ дар Китобхонаи миллӣ идома доранд

Субҳи имрӯз, ки насими Наврӯзӣ бӯйи баҳор меорад ва хиёбону гулгаштҳои пойтахти кишвар гулафшон шудаанд, кормандони Китобхонаи миллӣ ҳам бо белҳои худ сари заминҳо ҳозир шуданд, то бо заҳмати хеш ба ин зебоӣ зебоии дигар зам кунанд.
Баҳор худ зебост ва инсонҳо ба ҳар навъе талош мекунанд ба ин зебоӣ зебоии дигар илова кунанд. Коре, ки имрӯз анҷом гирифт, идомаи корҳои рӯзҳои қаблӣ буд. Яъне, побели заминҳо ва нарм кардани бехи ниҳолу дарахтон.
Кормандони Китобхонаи миллӣ имрӯз ҳам талош карданд корашон самаровару посухгӯ ба талабот бошад. Онҳо   қитъаҳои замини атрофи биноро побел карданд, онро аз алафҳои бегона тоза намуданд ва ин гуна алафҳоро решакан карданд.
Рӯзҳои покиву низофат дар Китобхона идома доранд.

Барчаспҳо: