Ман баъди ҳама завол меоям боз....
Нашр шуд 2016-05-20 13:50
Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.
Ин мисраҳои ҷовидона дар санги мақбараи шоири фақиди тоҷик, устод Лоиқ Шералиро, ки агар зинда мебуд имрӯз ба синни мубораки 75 қадам мегузошт, ҳаккокӣ шудааст. Қаблан, дар санги мазори шоир байт, ки худи шоир барои санги гураш навишта буд, ҷой дошт:
Дар рӯи замин намонд маъман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
Аз субҳи бармаҳал хонаводаи устоди шодравон вориди оромгоҳи Лучоб гаштанд ва чун анъанаи 16-сола мизбони зоирин мақбараи устоди шеър шуданд. Зебунниссо Қутбиддинова, ҳамсари устод Лоиқ мегӯяд, “соли 16-ум аст, ки бистуми моҳи май мо инҷоем ва даста-даставу гурӯҳ-гурӯҳ ҳаводорони шеъри Лоиқро аз ҷумлаи удабо, устодон ва шогирдони донишгоҳҳои мухталиф, омӯзгорон ва хонандагони макотиби миёнаи пойтахти кишварро пешвоз мегирем”.
Дар зер Дастуре пешкаш мешавад, ки Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхонаи миллӣ барои китобдорон омода кардааст.
Ман баъди ҳама завол меоям боз....