Дархостҳои нав барои ширкат дар давраҳои омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ
Аз аввали соли равон барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии истеҳсолӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо ва колеҷҳои кишвар ба Китобхонаи миллӣ 35 адад мактуб ва дархост ворид гаридаанд. Дар моҳи январ, 17 нафар аз кормандони Китобхонаи илмии тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино, 5 нафар аз Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як давраи омӯзиширо хатм ва соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз аввали соли равон барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии истеҳсолӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо ва колеҷҳои кишвар ба Китобхонаи миллӣ 35 адад мактуб ва дархост ворид гаридаанд.
Дар моҳи январ, 17 нафар аз кормандони Китобхонаи илмии тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино, 5 нафар аз Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин як давраи омӯзиширо хатм ва соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Ғайр аз ин, дар шаш моҳи сипаригардидаи соли равон, 53 нафар ба таҷрибаомўзӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла: як нафар аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 17 нафар аз факултети китобдорӣ-иттилоотии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода; 14 нафар аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ»; 5-нафар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода ва 16 нафар аз Коллеҷи фарҳанги ҷумҳурявии ба номи П.Ҷ. Буйдоқови назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказҳо ва шуъбаҳои Китобхона ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ҷалб гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки Маркази такмили ихтисос дар баробари дигар шуъбаҳои дахлдор барои ғани гардидани махзанҳои Китобхонаи миллӣ пайваста саъю талош менамояд. Бо кушиши кормандон 898 нусха китоб ҷамъоварӣ гардида, ба махзани асосии Китобхона супорида шуд.
Утоқи дарсӣ бо лавҳаҳои «Муқаддасоти Тоҷикистонро поянда медорем!», «Қаҳрамонони Тоҷикистон», «Директорони Китобхонаи Миллии Тоҷикистон (Дар даврони истиқлолият)», расми Эмомалӣ Раҳмон ва бо Парчами давлатӣ ва рафҳои китоб зеб дода шудааст.
Боиси тазаккур аст, ки барои расонидани ёрии илмӣ-методӣ ба кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ Дастгоҳи маълумотдиҳии библиографӣ (ДМБ) омода ва барои мутахассисони соҳа 374 - нусха китоби соҳаи китобдорӣ ҷой дода шудааст. Аз ҷумла : 300 нусха китоб ба забони тоҷикӣ, 60-нусха китоб ба забони русӣ, 10-нусха маҷаллаи Китобдор, 5-нусха БАЕ (Библиотечная Ассамблея Евразии) ва 48138 номгўйи адабиёти гуногуни электронӣ дар шакли PDF маҳфузанд.
Марказ тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик, ҷиҳати ташкил намудани курсҳои соҳавии фосилавӣ бо техналогияи иттилоотии навин барои кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои кишвар барномаи махсусе таҳия намуда, дар иҷрои он аз донишу таҷрибаи пешқадами замони муосир истифода намояд.
ЮЛЧИБОЙ Мусоев,
муовини сардори Маркази такмили ихтисос.