Аз аввали соли равон барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии истеҳсолӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо ва колеҷҳои кишвар ба Китобхонаи миллӣ 35 адад мактуб ва дархост ворид гаридаанд. Дар моҳи январ, 17 нафар аз кормандони Китобхонаи илмии тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ Ибни Сино, 5 нафар аз Китобхонаи давлатии патентию
Ин китобча маҷмуи саволҳо санҷишӣ – тестӣ дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни ҳуқуқ барои донишҷуёни факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо назардошти тахассусҳо ва ривояи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи «Стандарти давлатии таҳсилоти олли касбӣ» ва нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ таҳия шудааст.
Омўхтани асосҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ, таърих назария ва амалияи он барои ҳамаи иштирокчиёни муомилоти иҷтимоӣ зарур мебошад. Маҷмуаи мазкур маҳз барои ҳамин таҳия шудааст, ки нақш ва ҷоий ҳуқуқи соҳибкориро дар танзими муносибатҳои соҳибкорӣ ва низоми ҳуқуқии кишвар муарифӣ намояд.
Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кўтоҳ даст ёбанд.
«Миллати тоҷик соҳиби ойну суннатҳои бостонӣ ва фарҳангӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойнҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврўз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳрести умумиҷаҳонии Юнеско ворид гарданд ва