Сада санои Офтоб аст...

    «Миллати тоҷик  соҳиби  ойну  суннатҳои бостонӣ  ва  фарҳангӣ  буда, дар тамаддуни  ҷаҳонӣ  саҳми  сазовор  гузоштааст. Суннату  ойнҳои  нек ва  ҷашнҳои  миллии  мо, мисли  Наврўз , Меҳргон  ва  Сада  дар тўли  таърих барои  тарғиби ахлоқу  маънавиёти  созанда  хизмат  кардаанд. Аз ин рӯ, зарур  аст, ки дастовардҳои  маънавию моддии  мардуми  шарифи  мо ба  феҳрести  умумиҷаҳонии Юнеско ворид  гарданд ва нақши  тамаддунсози  миллати  тоҷикро  минбаъд  низ  боло  баранд».

                   Эмомалӣ  Раҳмон 

    Ҷашни Садаро чун идҳои Наврузу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи форсзабон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукўҳ, бо шодию сурур, оташафрўзию гулханфурўзиҳо, рақсу таронаҳо, оростани хони пўрнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Дар осори илмию фарҳангии абармандони форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Наршахӣ ва чанде дигарон оиди ин иду ҷашнҳои мардумӣ маълумотҳои ҷолибу рангин ва муфассал мавҷуданд.

    Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом техника таъмир гардида, ба мавсим тайёр карда мешавад. Дар анборҳо маводи сўзишворӣ, нуриҳои менералию органикӣ захира мегардад. Яхобмонии баъзе қитъаҳои замин ба роҳ монда мешавад. Хулоса, дар Сада деҳқон ба такопў даромада ба баҳор омодагӣ мегирад. Сада – маънояш аз шумораи сад ибтидо мегирад.

    Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғул, ки ба рўзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд». Дар «Сироҷ» навишта, ки «Сада даҳум рўзи баҳман, чун дар он рўз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида».

    Дар китоби дигаре бар замми такрори гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи баҳман то Наврўз панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз аст, ин рўзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфти Берунӣ форсиёни қадим шабу рўзро алоҳида ҳисоб мекардаанд. Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтани аҷдодони қадимамон ҳар сол фарқи моҳҳо аз пасу пеш омадани онҳо аз 4 то 10 рўз фарқ мекард ва рўзи даҳуми моҳи баҳман аз панҷоҳ шабу рўз пеш аз Наврўз омадани Сада гувоҳи он аст, ки иди Сада пас аз 29-уми январ ҷашн гирифта мешудааст. Аз рўи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрўза) ин сана ба 30-уми январ-рузи аввали фасли сармои зимистон рост меояд.

    Абурайҳони Берунӣ дар китобаш «Осор-ул-боқия» нигоштааст: «Сада-номи ҷашни рўзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ…»

                                    Яке ҷашн кард шабу бода хвард,

                                 Сада номи он ҷашни фархунда кард.

    Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» асосогузори ин ҷашнро Ҳушанг меҳисобад. Баъзеҳо муътақиданд, ки сада дар замони Каюмарсу Исфандиёру Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст.

    Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

     Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

                               (Манучеҳрии Домғонӣ)

    Сада ҷашни мулуки номдор аст,

    Зи Афридуну аз Ҷом ёдгор аст.

                                 (Унсури Балхӣ)

     Баҳри муқаррар кардани таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаи бебаҳост. Ў таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии подшоҳи Эронзамин Ҳушанги афсонавӣ нисбат дода, чунин менависад: «Рўзе Ҳушанг бо чанде аз ёронаш паи шикор ба кўҳсор меравад. Дар шикоргоҳ ногаҳон аз дур хазандае сиёҳе пеш меояд, ки чашмонаш чун чашмаи хун ба назар мерасиду аз даҳонаш дуд фавора мезад. Он хазанда мори калони ҳавлангезе буд. Ҳушанг санге бардошта ба сари мор заданӣ мешавад, вале мор сўи дигаре меҷаҳад ва ба санги дигаре бархӯрда оташ падид меояд».

    Сада даҳуми моҳи баҳман будааст (баробари 29-уми январ). Фасли зимистон бошад ҳам, рўзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме бар замину одамон мебахшад. Гиёҳу алафҳои нарми хушкгашта зери пойро навозиш мекарданд.

    Азбаски ҳаёти одамони он замон бо шикор мегузашту хўрокашон меваи дарахтону либосашон пўсти дарандаҳо буд, мардум барои даёфти ризқ баҷойҳои дур, то дараю кўҳҳо, паҳноҳои ҳанўз паи пой норасида мерафтанд.

    Ногаҳ аз пеши шикорчиён мори калони сиёҳе мебарояд, ки гирди санги сиёҳе ҳалқа зада шикамашро болои гиёҳҳои хушкидаи нарм гузошта истироҳат дошт. Офтоб нав ғуруб карда, гармии ҷонбахшаш ҳанўз аз тани санг дур нагашта буд ва мори ҳузури ҷонашро дар бари он ёфта мехост ҳарчи бештар аз гармии санг ҳалват бардорад. Шикорчиёни пешрав морро дида ба Ҳушанг хабар мерасонанд. Шоҳ, ки марди қавипайкари паҳлавоне буд, беибо санги калонеро бардошта морро нишон мегирад. Мор низ аз пайдо гаштани душманони ногаҳонӣ тани худро ноилоҷ ба гармии санг раҳо намуда, забони суп-сурху чашмони оташини ҳаросонашро ба ҳарифонаш намоиш дода роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳавододаи Ҳушанг хато меравад. Санг ба мор нарасида ба санги сипари мор бар мехўрад. Ҳамин лаҳза гуё раъду барқе садо додаю озарахше шуъла пошида бошад, алангае атрофи санг сар мезанад. Ҳама ҳайрон монда аз ҳаяҷони ногаҳонӣ худро канор мегиранд. Ҳушанг, ки дар сангпартоӣ ва нишонзанӣ дар кишвар ҳамто надошт, ҳам аз хато рафтани сангаш ва аз ҳама бештар аз забони алангаи сурху зарди ногаҳонӣ ҳайрон гашта буд. Шуълаи фаворазада дар як лаҳза хасу хасрўбаҳои хушки атрофи сангро фаро гирифту оҳиста хомуш гашт. Сипоҳиёни ҳайрон бо нигоҳҳои савол ба шоҳ менигаристанд. Ҳушанг аз онҳо бештар ҳайрон гашта, бошад ҳам, ғурур, шаҳомати шоҳонаи худро нигоҳ медошт. Шоҳ бо инояти фарри яздонӣ дар умқи дилаш дарк мекард, ки дар ҳаёти ў ва умуман дар таърихи инсоният воқеаи муҳиме рўй дод. Аммо ҳанўз то ба охир дарк карда наметавонист, ки чӣ ҳодисае рух додааст.

    Ҳушанг ба назди хасу хошоки хокистаргашта, ки чун мори сиёҳи навакак аз ин макон ғоиб гашта, рўи заминро ранги сиёҳ рехта буд, рафт. Аввал нўги гурзи чўбини дасташро ба сиёҳӣ расонд. Чанги сиёҳе бархост. Бо пояш палмосид гармиеро эҳсос намуд. Дарунтари майдони сиёҳгашта қадам гузошт. Гармии бештаре ҳис карду пояш сўхт. Қафо гашту боз санге гирифта болои майдони сиёҳӣ партофт. Чанг хест. Аз ғазаби он, ки моҳияти воқеаи рўйдодаро то охир дарк карда натавонист, санги дигарро гирифта сўи санглох андохт. Дар шомгоҳи тира боз оташаке шўъла зад, хасҳои хушки атрофи санглох аланга гирифтанд. Хушанг ин дафъа болои аланга чўбе партофт. Чўб сўхт ва аланга балантар забона зад.

    Ана ҳамин тавр, бо ҳукми тасодуф ва алоқамандию таъсиррасонии ҷисмҳо, бо инояти Офаридгор оташ пайдо гашт. Ҳушанг чанд рўзро бо оташбозӣ гузаронид. Махсусан шабҳои торик бо ҳамроҳонаш ба ин кор машғул мешуд. Сангро бо санг зада шарора пайдо карданро омўхтанд, аз он чӣ гуна оташ гиронданро аз худ намуданд. Чўбҳои хушкро болои оташ гузошта чанд муддат нигоҳ дошта тавонистанро аз бар карданд ва ниҳоят шоҳ ва шариконаш дарк намуданд, ки оташ дар сардӣ инсонро гарм мекунад аз хунукӣ эмин нигоҳ медорад ва мору паранда, деву дад ва парию аҷина аз он ҳамчун аз аҷал метарсанд. Ҳушанг дарк намуд, ки оташ барояш кашф гардид ва ба ин муносибат атрофиёнашро ҷамъ оварда ҷашн орост ва номи онро Сада гузошт. Ҳушанг шукри яздонро ба ҷо оварда ҳамон шаб оташи калоне афрўхт ва ба атрофиёнаш эълон кард, ки ин фурўғи яздонист ва агар касе хирадманд аст, онро бояд парастад. Ба ин муносибат Фирдавсӣ гуфтааст:

     Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

     Паси ў чунон кард ҳар шаҳриёр.

     Мор кушта нашуд, вале сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг ва ёронаш дар ҳайрат мондаанд. Ӯ гуфт; «Ин шуъо фурўғи Худовандист, ки ба мо ато шуд онро бояд табаррук дорем ва парастем». Ҳамин тавр ин маросим ҳар сол дар ҳамин рўз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва ҷашни Сада ном гирифт.

    Шаб омад, барафрўхт оташ ба кўҳ,

    Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ ҳамон гурўҳ,

   Яке ҷашн карду он шабу бода кард,

   Сада номи он ҷашн фархунда кард.

    Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдодони гузаштаи мо рўзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби азиме дар ҳаёти инсонӣ буд, ба иди бузурге табдил додааст.

    Аҷдодони гузаштаамон дар майдонҳои васеъ тамоми шаб гулхан афрўхта, дар атрофи рақсу бозӣ мекарданд. Дар ҷашнгоҳ шоҳону амирон ҷамъ меомаданд, ба аҳли раияти худ хурсандиҳо мекарданд, базмҳо меоростанд ва шоирон аз мавриди мусоид истифода карда, дар васфи оташ, шоҳону амирон шеърҳо навишта, онҳоро ба худотарсию яздонпарастӣ даъват менамуданд. Дар васфи ҷашни Сада шоирони бузурги гузаштаамон Фаррухии Сиистонӣ (980-1037), Манучеҳри Домғонӣ (ваф,1040), Адиб Собири Тирмизӣ (1078-1147) қасидаҳо суруданд.

   Дар кишвари мо солҳои тўлонӣ ба оини иди Сада аҳамият намедоданд. Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ-гоҳо оташафрўхтанро ва ҳамчун нишонаҳои хурофот аловгардонии келину домод, оташпариҳо дар шомгоҳи рўзи чоршанбе бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ, аласкунӣ ва чароғмониҳо дар мазористону ҳангоми мушкилкушокунӣ ё оши бибиҳо боқӣ мондааст. Аммо ҳамаи ин, анъанаҳои хурофотиянд, ки аксари онҳо бо иди Сада алоқаи нисбӣ доранд. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз он иди кўҳан нишонаанд.

  Сеҳрангез аст, ки ҳарчанд аз пайғоми Зардушт то кунун чандин ҳазорсолаҳо паси сар шуда бошад ҳам, аммо мардуми мо ва мардуми кишварҳои дуру наздики ҳамсоя то имрўз низ оташро муқаддас дониста, дар тантанаи хатнаи фарзандон оташ мефурўзанд ва атрофи он рақсу таронахонӣ мекунанд, зери чодари арўсу домод шамъ мегиронданд, ба хотири арвоҳи фавтидагон хонаро шабонгаҳон фурўзон нигоҳ медоранд ва баъзе табибон беморро дар атрофи оташ давр мезанонанд ва ғайраҳо, ки ин ҳама эҳтимол, аз оғози ҷашни Сада маншаъ бигирад.

Дар асоси маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва навиштаҳои уламою удабои маъруф Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чўбину сангин асбоби олоти оҳанин ба даст овард, ки туфайли он барзгарон (кишоварзон) –и олам ранҷи заҳмати хешро афзун гардонданд.

    Ҷашни Сада то даври қабули дини мубини ислом дар Эронзамин васеъ ҷорӣ буд ва пас оҳиста-оҳиста таназзул ёфта, дар замони салтанати Ғазнавиён (962-1187) аз байн меравад. Ҳокимону шоҳон меоянду мераванд, аммо суннатҳои дар дили халқ ҷой гирифта ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд. Он анъанаҳо, расму русум аз насл ба насл мегузарад. Ҳаргиз суннатҳои иди Сада низ аз дили мардум зудуда нагашта буд ва онро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд.

   Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҷашни Сада ба 31 январи солшумории мелодӣ рост меояд. Абўрайҳони Берунӣ дар китобаш «Китоб-ул-тафҳим» оиди Сада чунин менигорад: «дар ин рўз мардум оташҳо зананд, гавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд бар гирди он шароб хўранду рақсу шодӣ кунанд…».

   Имрўз, ки ҷашни Сада қонунан аз нав эҳё шудааст, бояд онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирем ва ба ягон дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистани он мутлақо хатост. Ин идест, ки аҷдодони дуру наздикамон ба шукронаи пайдо гаштани оташ меоростанд ва бояд барои гиромидошти оташ- муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офарида (дар қатори обу хоку бод) ин иди бузург қайд карда шавад. Ба ҷавонон бо далелҳои илмӣ бояд фаҳмонем, ки аз бархурдани ду санг пайдо гаштани оташ ин қонуни табиат аст ва Офаридгор дар ҳамон даври қадим дар шоҳидии Ҳушанг бо туфайли ба сӯи мор санг андохтани ў барои инсоният онро офаридааст.

    Таҷлили пуршукуҳи ҷашнҳои аҷдодӣ амали хайрест барои имрўзиёну ояндагон.  Ҷашни Сада чун идҳои Наврўзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи мардуми форсзабонон буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукуҳ, бо шодию сурур, оташафрўзию гулханфурўзиҳо, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст.

     Меҳрангез Муҳаббатова,

    Маркази  такмили  ихтисос

Барчаспҳо: