Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб...
Нашр шуд 2020-09-04 14:57
Бо мақсади баланд бардоштани илму маърифат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ биное бо тарҳи наву замонавӣ бо шаҳту шароитҳои хуб Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба истифода доданд. Ба хотире, ки таърихи 4-сентябр рўзи гузоштани санги асоси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» буд, ҳамон рўзро яъне 4-уми сентиябрро рўзи китоб элон намуданд.
Махсусан дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми китоб даҳчанд афзудааст. Зеро ҳаёти мутараққии имрўзаро бе дониши фаровон, бе омўзиши доимӣ, бе ҷаҳонбинии фарох тасаввур кардан мумкин нест. Асос ва сарчашмаи ҳамаи ин (дастовардҳо) донишу заковати ҳар яки мо китоб аст. Имрўзҳо бо талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, кохонаҳо ва то ҳатто дар ҳукумати ноҳия ва шаҳру деҳаҳои дурдаст низ китобхонаҳо ташкил карда шудааст. Ҳамчунин ин иқдом таъсири мусбии хешро ба ташкил намудани китобхонаҳои шахсӣ низ расонид, ки имрўз бисёре аз оилаҳо дорои китобхонаи шахсии худ мебошанд. Яъне, барои дастрас ва мутолиа намудани ҳар як китоби дилхоҳ тамоми шароитҳо мусоид аст. Вале, мутассифона, на ҳамаи ҷавонон аз чунин имкониятҳои фароҳам пурра ва ба қадри кофӣ истифода мебаранд, онҳо ба китоби бадеӣ кам таваҷҷўҳ доранд, бештар вақти холии худро асосан ба шабакаҳои ичтимоӣ сарф месозанд.
Ҳол он ки дар зиндагӣ ба мақсадҳои олӣ, ба мартабаҳои баланд танҳо бо хондан ва омўхтан расидан мумкин аст. Ҳар як китоби хуб барои хонанда ва махсусан барои хонандаи наврас ва ҷавон як мактаб аст. Китоб касро ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят мекунад, барои оянда аъзои сазовори чамъятӣ ва инсони комил шуда ба воя расидани одам ёрӣ мерасонад. Масалан повесту романҳо, қиссаву достонҳо ва дигар асарҳои калонҳаҷми бадеиро гиред. Дар ҳар кадоми онҳо персонажҳои гуногун, қаҳрамонҳои мусбату манфӣ амал мекунанд. Шумо баъди мутолиаи ҳамин асарҳо беихтиёр ба андеша меравед. Аз кирдори манфури қаҳрамонони манфӣ ҳазар мекунед ва мехоҳед, ки дар зиндагӣ пайрави қаҳрамонони мусбат бошед. Пас, китоби хондаатон бетаъсир намондааст.
Саводнокӣ, маърифату маданияти ҳар як шахсро аз забондонӣ, гуфтору рафтор ва чизҳои навиштаи ў муайян мекунанд. Суханронӣ ва забони адабиро беш аз ҳама аз китобҳои бадеӣ омўхтан мумкин аст. Одаме, ки китобро бисёр ва бо чашми омўзиш мехонад, дар гуфтору дар навишт ғалат намекунад, нутқаш буро мешавад, фикрашро дар ҳар ҳолат саҳеҳу равшан баён карда метавонад.
Бузургу тавонманд он халқест, ки таърихаш, ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб дошта бошад. Хушо, ки тоҷикон аз ҳамин гуна халқанд. Ниёгони барўманди халки тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳои»-ву «фурўғи субҳи доноӣ» хондаанд. Муҳаббат ва эътиқод ба китоб муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дурри гаронбаҳоест, кӣ маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Ҳар чӣ қадар, мо онро азизу мӯътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад.
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.
Пас аз соҳибистиклол гардидани Тоҷикистон сиёсати фарҳангии давлат ба мустаҳкам намудани пояҳои маънавии ҷомеъа ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмии ҳамаи миллатҳо ва халкиятҳо-шаҳрвандони Тоҷикистон барои истифодабарӣ аз хазина ва хадамоти китобхонаҳо равона карда шудааст. Вазифаи асосии китобхонаҳо дар шароити нави рушди иҷтимоию иктисодии Тоҷикистон кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ, ахлокӣ, гуманистӣ, ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, техникӣ ва касбии онҳо мебошад.
Замира Давлатова,
Шуъбаи кӯдакон ва наврасон