Роҳи асфалтпўш тамом шуду автомобили «Газик» ба роҳи пурчангу хок баромада тақар-туқуркунон чангу хокро ба ҳаво бардошт. Чангу хоки аз қафои мошин ба ҳаво хеста чун гирдбод печутоб хўрда гоҳо аз мошин қафо мемонд ва гоҳо гўё ба он ҳуҷум мекарда бошад, расидан мегирифт ва онро бо абри чанг мепўшонд. Сару рўи мусофири дар машина нишаста аз гарди роҳ пур шуда, вай шахси аз осиё баромадаро мемонд.
Чанг ба даҳону бинӣ даромада нафаскаширо душвор мекард. Мусофир сулфакунон бо рўймолчааш даҳону биниашро дошта, роҳи чангро гирифтанӣ мешуд ва ба зўр нафас мекашид. Вале чанг ба ҳаво хеста, ба ў маҷоли чашм кушодан намедод. Ҳар замон бо чашмони ба сўзиш
Имрўз дар маҳфили “Дар суҳбати адиб”-и Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо адиби кўдакон устод Ҷўра Ҳошимӣ мулоқот баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Гадобек Маҳмудов дар расми ифтитоҳи маҳфил дар бораи роҳи эҷодии адиби шинохта
Бачаҳо дар маҳфили навбатии “Дастни моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар бораи ҳайвони халтадоре бо номи кенгуру ошно шуданд ва расми онро кашиданду бо истифода аз ашёи конселярӣ онро сохтанд.
Кенгуру ҳайвони пистондорест, ки барои табиати Тоҷикистон бегона аст. Аммо хонандагон бояд маълумот дар бораи он ҳайвонҳое ҳам дошта
Буд фарзанди расул он марди дин,
Бо хавориҷ буд ўро ҷангу кин.
Чун набуд ў марди майдони сагон,
З-он чу лаъл андар Бадахшон шуд ниҳон.
Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Ҳаким Абўмуъмин Носир ибни Хусрав ал-Қубодиёнӣ ал-Марвазӣ мулаққаб ва мутахаллис ба «Ҳуҷҷат» яке аз симоҳои барҷаста ва шуҳратманди илму адаби қарни XI
Ғазале аз Аминҷон Шукуҳӣ – шоири маҳбуб ва яке аз таронасароёни муҳаббат бо ҳамин мисраъ шуруъ мешавад. Ғазале, ки агар устод Мирзо Турсунзода намебуд, ба сари муаллифаш фоҷеаро метавонист орад. Шоири ошиқ мисраи дуюми ғазалро ин гуна суруда: Ки бар дилдодагон ғайр аз дили ҷонон вазорат нест. Аҷаб ҳарфе. Дилдодагон вазорате надоранд, ки аз
Ҳар сол аввали моҳи октябр тадорукоти зиёди ҷашнӣ дорем, ки яке аз он Рӯзи муаллим аст. Кӣ намехоҳад устодашро муборакбод накунад? Магар бошанд ин гуна инсонҳо? Гумон мекунем на. Ва агар ҳастанд, пас хеле каму ангуштшуморанд. Ва ҳар рӯз борони табрикот ба муаллим дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион меборад. Муаллим сазовор аст, ки номашро на танҳо як рӯз, балки ҳар рӯз ба некӣ ёд кунанд.