Китобест гулчиншуда аз ашъори фаъолтарин аъзои маҳфили “Ворисони Турсунзода”, ки аз соли 2010 дар шаҳри Турсунзода амал мекунад. Абдуқаҳҳори Қосим-роҳбари ин маҳфил дар сарсухан ба китоб дар бораи маҳфил ва ин маҷмӯа менависад:
Маҳфили адибони «Ворисони Турсунзода», ки 2-юми апрели соли 2010 таъсис ёфтааст, ҳамчун мактаби адибони наврас дар миқёси ҷумҳурӣ худро муарифӣ кардааст.Чакидаҳои ҳомаи қаламкашоне, ки ба маҳфил ҷалб намудаам ва таҳти омўзиш қарор додам, тўли ин солҳо дар нашрияи шаҳриву ҷумҳуриявӣ рўйи чопро дидаанд. Бисёр ҷавонону наврасони дигар ноҳияҳо аз маҳфили мо бохабар
Ширкаткунандагон маҳфили “Ҳамешабаҳор” дар нишасти навбатии худ китоби навсанда Маҷид Салим “Ҳикоёти Бешаи палангон”-ро ба баҳс кашиданд. Маҷид Салим аз муваффақтарин адибонест, ки дар бораи табиат, олами ҳайвоноту наботот менависанд. Ва дар ин мавзуъ чандин китобҳо ба нашр расондааст, ки “Ҳикоёти Бешаи палангон” аз зумраи тозатарин китобҳои ӯст.
Фирӯза Аҳророва-гардонандаи маҳфили “Дастони моҳир” мегӯяд ин як маҳфилест, ки ба зеҳни кӯдакон кор дорад. Ҳадаф ҷалби хонандагони наврас ба он ки бияндешанд. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар мавзӯъи ин маҳфил дар зеҳни наврас чизеро ҳатман бедор мекунад ва ӯро водор месозад, ки ба корҳои созандагӣ майл пайдо кунад.
Ва ин бор мавзӯъи “Хӯрусаки тоҷбасар” интихоб
Шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон пайи ҷалби наврасону кӯдакон ба мутолеаи китоб барои онҳое, ки имрӯзҳо вориди толори хониши ин Шуъба мешаванд, як сислсила чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардаву ба роҳ меандозд. Яке аз ин тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо ТВ “Баҳористон” сабти барномаи «Адибони наврас» мебошад.
Шумораи навбатии ин барнома бо ширкати адиби ширинбаёни кӯдакон, мудири шуъбаи кўдакони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Азизи Азиз сабт гардид. Ин аслан як маҳфилест, ки дар он эҷодиёти наврасону кӯдакон барарсӣ мешавад ва моҳе як м аротиба доир мегардад.
Аз гуле ба номи Хиромон, ки як баҳор оварду як баҳор буд, аммо накҳаташ монд дар баҳорон.
Китобе, ки мехоҳем дар борааш нақл кунем, “Духтари баҳор” ном дорад, ки соли 2018 дар чопхонаи “Истиқбол” тоҷикиву русӣ ва бо ороиши хеле зебо чоп шудааст. Китоб аз ҳаёти хеле кўтоҳ, вале пурмазмуни духтараке бо номи Хиромон ҳикоят мекунад. Вай ҳамагӣ чаҳордаҳ сол умр дид, аммо дар ин умри кўтоҳ тавонист азизу маҳбуб бошад. Ҳатто дар хориҷи кишвар – дар Аврупою, Амрико шахсоне ҳастанд, ки ўро медонанд ва ба заковати ў аҳсант мехонанд.
Хиромон бо истеъдоди худододаш назаргоҳи дидаҳо гашт.
Баъд аз таътили тобистона, дақиқан дар моҳи аввали хониш шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили ҳамешагии худро «Ҳамешабаҳор»-ро бори дигар пешкаши ҳаводорон ва дӯстдорони шеъру сухан намуд. Хотирасон мешавад, ки маҳфили «Ҳамешабаҳор» давоми ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе соати 1400 дар назди шуъбаи кӯдакон ва наврасон баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки маҳфили мазкур барои навқаламон ва эҷодкорон муфид буда,