Кӯдакон ва наврасон

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китоб дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ

 Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ чун анъанаи нек Рӯзи ҷаҳонии ҳадяи китобро таҷлил кард ва ба хонандагони наврасе, ки он лаҳзаҳо дар толори хониш ҳузур доштанд, китоб туҳфа намуд. Шояд чорумин сол аст, ки ин шуъба ба хонандагонаш дар ин рӯз китоб ҳадя мекунад ва бо ин ташфиқ менамояд, ки дар соле рӯзе ҳаст, ки инсонҳо ба инсонҳо бояд на чизи дигар, балки китоб туҳфа кунанд. Аммо ҳадяи китоб баъди баргузории маҳфили “Дастони 

Беш аз панҷ ҳазору ҳафтсад хонандаи толори кӯдакону наврасон дар чиҳил рӯзи охир

​ Зарфи чиҳил рӯзи сипаришуда 5 ҳазору 758 нафар хонандагони наврас ба толори кӯдакону наврасон ташриф овардаву 158327 китоб дархост кардаанд. Як ҳазору бист нафари онҳо касоне мебошанд, ки нав ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд. Афзоиши сафи хонандагон ва ҳузури ҳамарӯзиашон нишондиҳандаи майлу рағбати онҳо ба мутолиаи китоб дар қиёс ба солҳои пеш аст.

Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ

Ин китоб соли 2017 чоп шудааст ва барои хоннадагони навраси худ, ки дар толори кӯдакону наврасон саргарми мутолиа мешаванд, тавсия медиҳем. Донистани фарҳанги номҳои миллӣ хеле муҳим аст, то руҳияи милли мо боло гирад, аз номгузориҳои бегона парҳез кунем. Муаллифон дар муқаддима овардаанд: “Номхо аз умқи забон маншаъ гирифта, забони гўёи суннатҳо, расму анъана ва фархангхо маҳсуб меёбанд. Ҳар номе, ки бунёди қадимӣ дорад, чун нигорае дар осорхонаи манънавии ҳар қавму миллат, намоишдиҳандаи раванди инкишофи таърихии андешаву ҷаҳонбинии ниёгони онҳо ба ҳисоб меравад.

Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши дуюм

 Эдвард Фитсҷералд кист?

Фитсҷералд дар 31 моҳи март (мусодиф бо айёми Наврўзи Ҷалолӣ) 1809 дар Инглистон ба дунё омад ва дар 14 моҳи июн 1883  падруди ҳаёт гуфт. Фитсҷералд ба соли 1826 аз колеҷи Тринти вобаста ба донишгоҳи Кембриҷ фориғуттаҳсил шуд. Рафту омад ва омўзиши ў бештар бо донишгоҳиён ва шоирон ва аҳли адаб буд. Дар 1844 бо ҷавони ҳаждаҳсолае ба номи Ковел ошно шуд, ки ғарқа дар пажўҳиши адабӣ дар кутуби форсӣ ва испониёӣ буд.

Фитсҷералд аз хонаводаи мутамаккин (сарватманд) буд,

Фазлуллоҳ Ризо. Нигоҳе ба Умари Хайём. Бахши аввал

​  Китоби донишманди эронӣ – Фазлуллоҳ Ризо, «Нигоҳе ба Умари Хайём» ба забони форсӣ соли 2000 дар Эрон нашр гардида, диққати хонандагон ва мухлисони Умари Хайёмро ба кашфиёти илмии риёзӣ, физикии мутафаккири  машҳур ҷалб намудааст, ки ин кашфиёт дар Аврупо дар нимаи дуюми асри 19 аз ҷониби Ф. Вопке, Д. Э Смит, аз ҷумла тарҷумаи рубоиёти Хайём аз ҷониби Э. Фитсҷералд ба англисӣ шўҳрати Хайёмро дар Аврупо ва Амрико ҳамчун олими навовар дар соҳаи улуми табиатшиносӣ ва шоири воқеъбин, мунаққиди хурофотпарастию мунофиқӣ муаррифӣ намуд.

Маҳфили “Дастони моҳир”: Мушҳои зираки сол

Чунин ном дошт мавзӯъи баҳс дар маҳфили “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ, ки дирғӯз доир шуд. муаллима мавзуъро шарҳ дод ва гуфт, ки соли 2020 соли муш аст ва ин солест, ки ба шахсони заҳматдӯст комёбиҳо пешгӯӣ мекунад.  Дар соли 2020 инсоният ба давраи нави таърихӣ қадам мегузорад. Дар асоси тақвими шарқӣ муши сафед ба даври мучал,

Страницы