Кӯдакон ва наврасон

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Софокл (солҳои 497 – 400 пеш аз мелод )

Софокол яке аз адибони машҳур ва ҳамзамони Эсхил буда, осори худро дар замони тараққиёти демократии ғуломдории Афина эҷод намудааст. Софокл дар яке аз мавзеъҳои Афина, дар оилаи соҳиби устохонаи силоҳсозӣ ба дунё омадааст. Ў дар байни ҳамдиёронаш обрўи хосе доштааст. Мероси адабии ў қариб 120 асри драмавиро дар бар мегирад. Ба ҷуз порчаҳои пароканда ҳафт асари драмвии ў то замони мо расидааст. Аз қабили «Аякс», «Антигона», «Шоҳ Эдип», «Электра», «Эдип дар Колон», «Филоктет», «Пайшиносон».

 

Табрики модар

Хонандагони навраси Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи модар матни табрикӣ навиштанд. Бо чанд ҷумла самимияти худро нисбат ба модарони худ иброз доштанд. Ин чорабинӣ рӯзи гузашта дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ доир шуд.

 Бачаҳо дар аввал дар бораи модар шеърхонӣ карданд, қиссаҳо нақл карданд ва сипас бо 

Сарсухани марҳум Аълохон Афсаҳзод ба китоби “Пандномаи Анӯшервон”

Донишманди шинохтаи тоҷик, марҳум   Аълохон  Афсаҳзод соли  2008 ҳангоми ба чоп ҳозир кардани китоби “Пандномаи Анӯшервон” дар як муқаддимаи муфассал чанд шарҳе ироа карда, ки хонандаро на танҳо бо муҳтавои китоб, балки таърихи иншо ва муаллифи он ошно мекунад. Ҳарчанд то кунун муаллифи аслии китоб дақиқан маълум нест, вале Аълохон Афсаҳзод талош кардааст ҳадсу гумонҳои пажӯҳишгаронро оварад, то хонанда тасаввуроте дар ин бора ҳам дошта бошад.Лозим донистем ин муқаддимаро бознашр кунем ва аз хонандагони навраси худ даъват намоем, ки китоби “Пандномаи

Ҳикматҳои ҷовидонаи Лев Толстой

Лев Толстойи маҳбуб Толстойи шакко ва хушгузарон аст. Бидуни ў зиндагӣ берўҳу фақир буд. Ҳикматҳои Лев Толстой ҳамчун решаҳои дарахти куҳан дар замин фурў рехтаанд, ҷумалоте, ки фақат мутааллиқ ба мо нестанд, балки мутааллиқ ба наслҳои баъд ҳам ҳастанд. Ин ҷо тасмим гирифтем андарзҳое аз ин нависандаи оламшумул орем.

                              ***   ***   ***

         Мақсади ҳар гуна таълифот накўкорист.

                                         ****

Таърихи адабиёт дар ҷаҳон: Фоҷианомаҳои Юнони Бостон

​ Аз имрӯз тарҳи нав оғоз мекунем. Ҳадаф муаррифии хонандагон бо чеҳраҳои адабии олам ва таърихи рушди ададбиёти ҷаҳон аст. Тарҳи навро аз Юнони Бостон шуруъ мекунем, чун эҳтимолан хелеҳо таърихи адабиёт дар ин қитъаи оламро, ки бузургтарин адибону файласуфонро ба ҷаҳониён додааст, камтар медонанд.

Фоҷианомаҳои Юнони Бостон

 Фоҷианомаҳои Юнон шабаҳи асосии худро аз сурудҳои умумиҷаҳони (хор) гирифтааст, ки пайдоиши онҳо ба ибодати худо Дионис алоқаманд аст. Барои ҳамин хор дар фоҷиа (традегия) ва

УБАЙД РАҶАБ: Адабиёти бачаҳо ва тарбияи ахлоқ

 Вазифаи адабиёти кўдакон пеш аз ҳама тавассути каломи бадеъ ва образҳои ибратомўз дар кўдак тарбия кардани накўтарин хислат ва сифатҳои инсон аст. Роҳи  паймудаи адабиёти тоҷик дурустии ин матлабро тасдиқ мекунад. Собит шудааст, ки маҳз кўдак аз адабиёт беш аз ҳама ибрат мегирад. Чунон ки мегўянд, кўдак ду маротиба тавлид мешавад.

Страницы