Кӯдакон ва наврасон

Чанд рашҳаи қалам. (Сарсухани Юсуфҷон Аҳмадзода ба китоби Равшани Ҳамроҳ)

Мо шеър пайи  шўҳрати дунё насурудем,

   Бо шўру дағо шўҳрати ҳудро нафузудем…

Ҳангоми мутолааи ашъори Равшани Ҳамроҳ ҳамин гуна иштиёқе дар ғояти аҷз ва шикастанафсӣ ба чашм мехўрад, ки ин қазия аз дасту дили поки шоир дар ҷодаи ҳақиқии эҷод иттилоъ медиҳад. Қаблан ҷуз пора – пораву аз ҳар куҷо офаридаҳои ин шоири танзгарои хушқариҳаро, ки ба даст меовардам, мехондам; аммо ҳанўз як андешаи мушаххасу комиле перомуни бардошту баракати қалами  ў  бар худ надошта будам. Ниҳоят ба тавассути 

Мақолоте аз “Нури сухан” бихонед

 Китоби адабиётшинос ва мунаққиди шинохтаи тоҷик Сафар Абдуллоҳ аз мақолоту гузоришҳои муаллиф дар риштаҳои нақди адабӣ, шеършиносӣ, масоили мубрами забону адаби форсӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги эронӣ фароҳам шудааст. Онҳо қаблан дар матбуоти Тоҷикистону Эрон, Русия ва Қазоқистон интишор шуда ва баъзе вокунишҳое доштаанд. Ин навиштаҳо аз вижагиҳое бархурдор мебошанд, ки барои ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ ва алоқамандии хонандагон ва ошиқони адаби дилнишини забони форсӣ хоҳанд буд.

 

Маҳфили «Дар суҳбати адиб». Мулоқот бо Абдусаттори Раҳмон

 Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҳфили «Дар суҳбати  адиб» бо иштироки шоири бачагон Абдусаттори Раҳмон баргузор гардид. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи меҳмон ва эҷодиёти вай мухтасар суханронӣ кард.  Хонандагони фаъоли шуъба аз эҷодиёти адиби хушзавқ шеърҳо хонданд. Миёни адиб ва хонандагон табодули афкор сурат гирифт

Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши шашум.

Бояд зикр кард,ки дар назари орифон ақл дар шинохти маърифати Ҳақ оҷиз буда, бо ишқ ҳамеша дар ҷидол аст. Ҳофиз низ монанди дигар урафо ақли маъошро дар ҳарими ҳарами маърифат ва ё ваҳдат номаҳрам медонад. Нигоранда дар мақолаи «Ихтилофи ақлу ишқ дар шеъри Ҳофиз» дар ин масъала ба тафсил маълумот додаст (220). Ақли маслиҳатандеш мехост, ки аз ин фурўғи эзадӣ касби камол куна два суд ҷўяд, вале барқи ғайрати илоҳӣ дурахшиду ҷаҳонро пурошўб кард.

Бодаи аласт ва ишқи азалӣ

 

Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши панҷум

 

 Донишмандоне ба монанди Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ, Ҳусайнналии Ҳиравӣ, Муҳаммад Муъин, Ғуломҳусайни Сиддиқӣ, Ҳусайн Хадевҷам ва чанд нафари дигар дар ин масъала  изҳори назар кардаанд, ки нигоранда дар ин бора ба тафсил маълумот додаст.  Бино ба таҳқиқи Ғуломҳусайни  Сиддиқӣ ва  Муҳаммад Муъин ойини ҷуръаашонӣ бар хок дар милали бостон (юнониён, ошириён, яҳудиён ва дигарон)  собиқаи куҳан доштааст. Дар Юнони бостон, ки ба расми Бокус (рабуъулнавъи шароб) маъруф  аст, саҳм  ва насибаи ўро медиҳанд. Дар шеъри Ҳофиз бештар дар мавриди ёдоварӣ ва  бузургдошти гузаштагон аз ин  мафҳум

Тасвири май дар ашъори Хоҷа Ҳофиз. Бахши чорум

Он чӣ дар боло баён намудем, ҳама дар соҳати берунмаънӣ буд. Дар соҳати дарунмаънӣ мурод аз он майи хушгувор, ки шоир маънии оби зиндагияш медонаду аз бўйи он дили мурда ҷон мегирад, ишқ аст. Танҳо ишқ аст, ки ба инсон умри ҷовидонагӣ мебахшад ва шоир ин маъниро ҷойи дигар бидуни рамзу киноя ба таври возеҳ мегўяд

  5.  Бода – ҳаётбахш

  Ин мутифро метавон идомаи мутифи «Ситоиши бода» номид, зеро ҳаётбахшӣ яке аз сифатҳои бода аст. Бино ба гуфтаи Ҳофиз он оби зиндагӣ, ки Искандар ҷусту наёфт ва Хизр нўшиду 

Страницы