Кӯдакон ва наврасон

Чанд Эпоси қаҳармонии олам. Бахши дуюм. «Олонҳо»

«Олонҳо»  эпоси қадимии ёқутҳо буда, дар бораи корнамоиҳои паҳлавонон, муборизаҳои онҳо алайҳи паҳлавонону махлуқоти бадҳайбат қисса мекунад. Этимологияи  калимаи олонҳо  маълум набуда, онро бо калимаи суруд ҳаммаъно донистаанд. Ин эпос аз миқдори зиёди сурудҳо ё асарҳо иборат буда, хонандаи онро олонхосутҳо ном мебаранд. Муайян намудани миқдори умумии чунин асарҳо, номбар намудани унвони онҳоро аз имкон берун донистаанд. Чунончи 125 сабти дар архиви Ёқутистон буда ва 16 матни комилу пораҳои алоҳидаи боқимондаро танҳо як қисми олонҳо шумурдаанд.

Китобҳои нав. Сайдаҳмади Зардон. Мунтахаби осор.

 «Мунтахаби осор»-и нависанда Сайдаҳмади Зардон баргузидаи асарҳоест, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд. Бахусус дар ин миён романи «Сарзамини меҳр» ҷойгоҳи вежа дорад, ки он муҷази романи сегонаи «Вахш» мебошад. Романи мазкур аслан бозгўи эҳсосоти қалбии мусофирони кории тоҷик аст. Қаҳрамони марказии асар Аҳмад Ҳабибзода зимни озмудани ранҷҳои зиндагӣ, бахусус муҳоҷират, маьнавият ва ахлоқи волои миллиро ҳифз намуда, бо хислатҳои нек дар муҳити худ таьсир мегузорад.

 

Чанд эпоси қаҳармонии олам. Бахши аввал. «Калевала»

«Калевала» -  эпоси халқии кареливу финн буда, аз маҷмўи сурудҳои эпикиву  маросимӣ ва матнҳои  азоимӣ (илтиҷо, зорию тавалло)  иборат аст. Ин эпоси халқӣ аз ҷониби донишманди фин  Э.Лёнрат ба шакли яклухти қиссапардозӣ дароварда шуда, асосан аз сурудҳои халқии карелӣ, ижорӣ ва финӣ фароҳам омадааст ва аз забони сарояндаи  сурудҳои  халқӣ Архип Пертунен дар нимаи авали асри XIX сабт гардидааст.

 

Пирӯзӣ дар ҷанг. Ҳазорон тоҷикистонӣ дар сафи пеши ҷабҳа буд

Ғалаба бар фашизм чашни мукаддас буда, инсониятро  огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромўш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем.

          Эмомалӣ Раҳмон  

Таърихи адабиёти ҷаҳон. «Рамаяна»

Ҳиндуҳо аз халқҳои қадим ва соҳибтамаддун ба ҳисоб рафта,тавассути мероси зиёди таърихӣ, адабӣ, меъморӣ ва илмии худ дар бунёди фарҳанги умумиҷаҳонӣ мақоми муҳимеро соҳибанд.

 Адабиёту санъати муосири ҳиндӣ аз асотир ва ёдгориҳои таърихӣ маншаъ гирифта, дар заминаи онҳо ба давраи нави ташаккул расидааст.

 Яке аз ҳамин гуна шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ хамсаи қадими Ҳинд «Рамаяна» буда, дар олами адаби Ҳиндустон 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. «Маҳабҳарата»

«Маҳабҳарта» ба забони санекрит иншо шуда, маънояш «Қиссаи авлоди Бҳаратаҳои бузург» мебошад. Он чун ҳамосаи Ҳинди бостонӣ дар асоси қиссаву ривоятҳои мардуми Ҳиндустони Шимолӣ дар нимаи дуюми ҳазораи дуюми то милод иншо шудааст. Муҳақиқон онро ба қалами ҳаким ва шоири қадими Ҳинд Кришна Двайпаяна Виаса мансуб медонанд.

    «Маҳабҳарта» аз 85 ҳазор бандҳои чаҳормисраӣ / шлок / иборат буда, 18 китобро ташкил додаст. Мундариҷаи асосии достон дар атрофи муборизаву набардҳои фарзандони шоҳи афсонавӣ Бҳарат барои барқарор кардани ҳукумати Ҳастинапура /Деҳлии имрўза / сурат гирифтааст.

Страницы