Кӯдакон ва наврасон

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Сервантес (1547 – 1616)

Мигел де Сервантес аз чеҳраҳои маъруфи адабиёти ҷаҳонӣ ва муваффақияти адабиёти замон Эҳёи Испания дар соҳаи насри бадеӣ ва драматургия ба ҳисоб меравад. Мигел де Сервантес моҳи сентябри соли 1547 дар шаҳри Алкалъа де Энареси наздикии Мадрид дар оилаи ашрофи камбағалгардида ва табиб Родриго де Сервантес ба дунё омадааст. 

Аҳрор Мухторов. Пешгуфтор ба китоби «Ҳисор»

 Аҳрор Мухторов яке аз маъруфтарин чеҳраҳои илми тоҷик аст. Таърихнигор ва муллифи бештар аз 25 асари таърихиву монография ва беш аз 150 мақолаи илмист. Яке аз арзишмандтарин таҳқиқоти ӯ дар бораи Ҳисор аст, ки натиҷаи пажӯҳишҳои чандинсолаи худро соли 1995 дар шакли китоб интишор додааст. Аммо навиштани китоб худ таърихи аҷиб дорад, ки барои хонанда донистани он аз аҳамият холӣ нест. Барои ин мо сарсухани китобро комил меорем, то рушан шавад, ки Аҳрор Мухторовро чӣ ва кӣ барои навиштани таърихи Ҳисори шодмон таҳрик дод. Инак, он сарсухан:

Наққошии Офтобпараст дар маҳфили «Дастони моҳир”

 Дар шуъбаи кўдакон ва наврасон маҳфили «Дастони моҳир» гузашт, ки бачаҳо  дар бораи офтобпараст суҳбат карданд ва расми онро кашиданду аз коғазҳо сохтанд. Аввал муаллима чун ҳамеша ба бачаҳо дар бораи офтобпараст ва хосиятҳои он, таърихи пайдоиш ва фоидаи он барои инсон нақл кард.  Ӯ аз ҷумла гуфт, ки офтобпарасте, ки бо нурии менералии дар таркибаш кадмий дошта  парвариш карда шудааст, ба саломатӣ зарари калон дорад. Зеро микдори ками кадмий  хусусияти паст кардани иммунитет ва суст кардани кори гурдаро доро мебошад.

Л. Н. Толстой. Чанд ҳикояи кутоҳ аз китоби “Маҳкуми бегуноҳ”

Турна ва лаклак

Марде барои дастгир намудани турнаҳо, ки ба киштзори ў зиён мерасониданд, дом ниҳод. Бо турнаҳо лаклаке низ ба дом афтод. Лаклак ба мард бо илтиҷо гуфт:

- Ту маро раҳо кун, ман турна нестам, лаклакам. Мо аз авлоди парандаҳои бошарафем. Манзили ман дар бомгўшаи падарат. Пару боламро нигар, ман турна нестам.   

 

Кабутари сулҳ дар маҳфили “Дастони моҳир”

                             

                                Кабутари сафед – сулҳ.
                               Нишонаи умед – сулҳ.
                               Ба хоби шаб кабутарон
                               
Ҳама аз амният нишон.

 Маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи кабутари сулҳро интихоб кард ва ин бесабаб ҳам набуд. Мо дар 

Муносибат ба дев. Оё дев аз аввал персонажи манфӣ буд?

 Чаро  дев? Чӣ тавр ин вожа метавонад ба тағйири қавм таъсири амиқ бирасонад? Охир, аз рўйи ақидаи хурофотӣ ин дев беш аз як ғўл (гул) нест. Тибқи гузориши фарҳангу доиратулмаорифҳо ин дев маҳлуқест болобаланду калонҷусса, пурзўру тавоно. Ин тавсиф дар тўли садсолаҳо бо эҷоди устураву афсона, адабиёти даҳанию хатии мардумони эронинажод ба миён омада, ба фарҳанги ҳамсояқабоил низ нуфуз намудааст. Афзуда аз ин, вожаи «дев» хеле қадимист. Дурустии ин ақидаро луғоти мардумони Урупо, ба вижа юнонию русӣ таъйид мекунанд. Имрўз ҳам номи ин вожа ба юнонӣ Zeus  (Зевс); ба русӣ «дев», 

Страницы