Кӯдакон ва наврасон

Биё, аз пеш бишнав гуфтугўям...

Шоири ориф, ҳунарманди шинохта, коргардон, дромнавис Нуриддини Ҷаронӣ китоби нави худро бо номи “Ғазалбирён” чоп кард. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, шоир талош кардааст ғазалҳои ахиран сурадаи худро дар он ҷо диҳад ва ба ҳаводорони шеъраш тақдим намояд. Нуриддини Ҷаронӣ ҳунарманд ва коргардони театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буда, баробари дромнависӣ, коргардонӣ ва саҳнаофаринӣ боз шоирӣ мекунад. Гоҳу ногоҳ чакидаҳои хомаи худро дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук ҳам мекорад, ки аз ҷониби ҳаводорони шеър хуш пазируфта мешавад. То кунун чанд 

Сўҳробе, ки намурд...

Ин сарсухани Эшони Субҳонзод ба ҷилди нуҳуми асарҳои Ҳунарманди маъруф Ҳошим Гадост, ки соли 2009 бо номи “Қӯ” чоп шудааст. Баъди ин Ҳошим Гадо даҳҳо ҷилди дигар ба китобҳояш афзуд ва кулли онҳо дидгоҳи хоси ҳунарманди шинохта ба оламу одам, зиндагӣ ва марг, одамони муосир ва арзишҳои ахлоқӣ ва ғайраро инъикос мекунанд. Мо ин сарсуханро аз китоби “Қӯ” бознашр мекунем ва умедворем хонандагон китоби “Қӯ” ва даҳҳо дигар 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Франсуа Рабле (1494 –1553)

Дар адабиёти аҳли Эҳёи Фаронса Франсуа Рабле аз зумраи чеҳраҳои бузургтарини таҳайюли адабӣ буда, чун донандаи забонҳои атика, илмҳои дақиқ, табиби таҷрибадор ва ниҳоят чун адиби ҳаҷвнигор дар тамоми Европаи Ғарбӣ машҳур гардидааст. Рабле зиндагии аҷиб ва дар айни ҳол пурпечутобро аз сар гузаронидааст. Ў соли 1494 таваллуд ёфта, дар 7 –солагӣ ўро волидайнаш ба мактаби роҳибӣ супориданд. Мактаби роҳибӣ қонунҳои қатъии худро дошт, аз ҷумла хонандаи ин мактаб ё роҳиби оянда ғайр аз китобҳои динӣ ҳуқуқи илмомўзӣ ва китобхонӣ надошт.

 

Хонандагон матнро бояд чӣ тарз бихонанд? Тавсияҳои адиби тоҷик Азизи Азиз ба омӯзгорон

 Азизи Азиз-нависандаи маъруфи кӯдакон, ки замоне худ омӯзгор ҳам буд, ба муаллимон дар мавриди қироати матни ҳикоя ё қисса тавсияҳо додааст. Ин тавсияҳо дар силсилакитобҳои ӯ бо номи “Қиссаҳои айёми таътил”, ки ҳамакнун се китоби он чоп шудааст, интишор ёфтаанд. Яъне, адиби шинохта дар поёни ҳар китоб ба омӯзгорон рӯ меорад ва аз онҳо хоҳиш мекунад, тибқи ин маслиҳатҳо ба хонандагон тарзи хондани матнро омӯзанд, то онҳо имкони бештаре барои дарки қиссаву ҳикояҳо дошта бошанд. Тавсияҳои муфиди адиб ба ин қароранд: Омўзгори гиромӣ ! 

Китоби нав. Ҳаким Гўё. “Тоҷикистони биҳиштосои ман”

 Хаким Гўё аз табибонест, ки ба сухан ва эъҷози шеър шавқу ҳаваси беандоза дорад. Ин қаламкаш  дар баробари табабот пайваста шеър эчод мекунад. Мавзўи асосии ашъориаш муҳаббату садоқат ба халқу Ватан, модар, ҳамдиёрон, дўстон, муҳаббат ба забони модарӣ, тарғиби дўстиву рафоқат байни инсонҳо буда, афкораш манбаи ғояҳои тарбиявию ахлоқӣ мебошад.То имрўз чанд маҷмўаи шеърҳояш ба чоп расидаву дастраси хонандагон гаштааст. “Тоҷикистони биҳиштосои ман” китоби чоруми ашъори ӯст, ки пешкаши ҳаводорони каломи мавзун шудааст. 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Данте Алигери (1265 –1321)

 Алигери Денте аз чеҳраҳои маъруфи тамаддуни ҷаҳонӣ ва аз шахсиятҳои барҷастаи адабиёти замони Эҳёи Италия буда, барои озодии инсон, қадри хиради инсонӣ ва барқарор намудани забони модарияш –италявӣ то охири ҳаёташ мубориза бурдааст. Ф. Энгелс дар бораи Данте чунин гуфтааст: «Вопасин шоири асрҳои миёна ва нахустин шоири замони нав».  Данте ҳанўз аз қайди як қатор фаҳмишҳои асримиёнагӣ раҳоӣ наёфта, дар як вақт ба адабиёти ҷаҳон ақоиди тозаи гумистиро ворид сохт.

 

Страницы