Кӯдакон ва наврасон

Муаррифӣ: “Куруши Кабир – Зулқарнайн”

“Эй инсон, ҳар ҷо, ки бошӣ ва ҳар ҷо, ки биёӣ, зеро медонам хоҳӣ омад, ман Курушам, ки барои порсиҳо ин давлати бекаронро бунён ниҳодам, бад-ин мушти хок, ки маро пӯшондааст, рашк мабар!...”

Ва мегӯянд: Искандар вақте ин навиштаро барояш тарҷума карданд, сахт таҳти таъсир қарор гирифт. Зеро ба хотир овард, ки азамати инсон чӣ қадр машкук ва нопойдор аст. (“Эрони бостон”, нақл аз Плутарх, банди 90).

Ин чанд ҷумла аз сарсухани Бостонӣ Поризӣ, донишманди эронӣ ва мутарҷими  китоби Мавлно Абдулкаломи Озод “Куруши Кабир – Зулқарнайн” иқтибос шуд. Китоб соли 2019 дар нашриёти  

Баҳром Фирўз: “Чӣ сон аълохон гаштам”

 Ин китоб соли гузашта, бахшида ба  80-солагии адиби маъруф Баҳроф Фирӯз чоп шуда буд. Дар ин маҷмўа ҳикояҳои нависандаи ширинбаёни тоҷик Баҳром Фирўз гирд оварда, асосан ба ҷавонон нигаронида шудаанд. Ҳикояҳо беш аз 40 сол пеш навишта шуда бошанд ҳам, мавзўъ, дарунмоя ва муҳтавояшон ҳоло ҳам басо зарурӣ, дар тарбияи ҷавонон, масъулияти падару модарон дар тарбияи  фарзанд аҳамияти хеле баланд доранд.

Забони сода, шевою равони  адиб ва банду басти ҳикояҳо  ҳар хонадаро водор месозад,  ки  баъди анҷоми  ироати ҳар яки он ҷиддан ба андеша фурў равад ва барои худ хулосаи дурусти

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Олҷас Сулаймонов (1936)

Таърих хосияти аҷиб дорад. Дар ҳолати касодии маънавӣ ва ё идеологиву иқтисодӣ чун бозёфта нодир истеъдодҳое ба саҳнаи он мебарояд, ки ба тамоми ҳастиашон барои ворастан аз қолабҳо ва омилҳои монеазо ҷадал менамоянд.  Яке аз устодони назми шўравӣ ва ходими намоёни ҷамъиятӣ, адиби номии қазоқ Олҷас Сулаймонов аз зумраи чунин истеъдодҳо буда, адабиёти замони нави қазоқиро ба сатҳи баланди инкишоф расонид. 

Аслиддин Низомӣ: Таърихи мусикии тоҷик

Тамаддунҳо садо дорад ва ин садои онҳо аз қаъри асрҳо то ба замони мо маҳз тавассути оҳангу таронаҳои асил, навҳаву сўгвориҳо, қиссаву достонҳо омада расидаанд. Нолаи умедворонаи модари тоҷик дар сари гаҳвора, захмаи устоди танбўрӣ, нохунзаниҳои пурпечутоби думбранавози кўҳистонӣ, навои хазинаи найи чўпонӣ, наърҳои карнай ва ғулғулаи нигораҳои базмӣ, суруди «Ёр –ёр»

Як порчаи хурд аз «Регистон”-и Шаҳзодаи Самарқандӣ

 Муҳимтарини асомии таърихӣ барои мо Роҳи Абрешим аст ва ҳамлаи муғулу салтанати Темуриён. Ҳар касе ин ҷо шаҳрзодест ва ривоятҳои садрангу садраванди зидду нақиз аз таърих қисса мекунад. Донистани ҷузъиёти дақиқу воқеӣ аз ҳақиқати ҳол дар мадди назарҳо нест. Ҳазору як ривоят дорем аз таърих, ки интиқоли сина ба синаи он саргармии ҳазоронсолаи мост. Рифоҳу самар дар ин шаҳр аз дониш барнахезад ва ончи фаровон коғазбозӣ аст ва ончи ноёб донишу хонишу куниш аст, дар ин Самарқанди сурх, ки рўзгоре нишемани шоҳони амалу пайғамбарони шеър буда. 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Уилям Шекспир (1564 – 1616)

Шекспир на танҳо драматурги номии Англияи аҳди Эҳё, балки бузургтарин тамоми дунё ва ҳама давраҳо ба ҳисоб меравад. Эҳё, балки бузургтарин драматурги тамоми дунё ва ҳама давраҳо ба ҳисоб меравад. Шекспир фарзанди ҳунарманди оддии яке аз шаҳрҳои Англия буда, поягузори театри Англия ҳисоб меёбад. Ҳарчанд аз эҷоди асарҳои оригиналии Шекспир ҳама огоҳӣ доштанд, гурўҳҳое низ буданд, ки баромади иҷтимоии ўро ба назар гирифта, ба муаллифи чунин асарҳои оригиналӣ будани ў шубҳа мекарданд. Шекспир дар яке аз театрҳои пешқадами замонаш –театри «Глобус» кор кардааст.

Страницы