Кӯдакон ва наврасон

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Маликашшуаро Баҳор ( 1886 –1951)

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,

Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.

Фасли гул мегузарад, ҳамнафасон баҳри Худо

Биншинед ба боғеву дилам шод кунед.

Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, эй мурғон,

Чун тамошои гулу лолаву шамшод кунед

Сарсухани устод Садриддин Айнӣ ба китоби “Намунаи адабиёти тоҷик”

Аз бозе, ки вақоъеро таърих қайд мекунад, то имрўз дар диёри  Мовароуннаҳру Туркистон, чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшона ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба арсе ё тасаллути подшоҳеву амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, 

Бузургонро бузургон зинда медоранд...Устод Лоҳутӣ дар бораи устод Айнӣ

Садамоти дунё, занҷирҳо, зиндонҳо, чўбҳо ва шиканҷаҳое устодро пиру мунҳанӣ кардаву чашмонашонро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин, як сол буд, ки ба ҷамъу тартиби «Намунаи адабиёти тоҷик» пардохта буд. Он рўзҳо китоб ба поён расида ва машғули покнависи он буданд. Ман онро мухтасаран мурур кардам.    Чунон, ки худи устод шаҳр дода, ба сабабҳои бисёре, ки китоб бе ҳеҷ гуна танқиду таҳлиле навишта шудааст. Аммо барои танқиду таҳлили нависандагони ояндаи тоҷик ғанитару ҷомеътарини 

Академик Лутфуллоев дар бораи романи Мирзоди Маонӣ “Фурӯғи хуршед”

 Ёд кардани рўзгори рангин ва амалҳои неку шоистаи бузургони миллат кори хайр ва савоб аст. Дар байни ин абармардон Исмоили Сомонӣ мисли ситораи тобон дурахшон аст. Аз ин ҷост, ки Раиси Ҷумҳур ўро доҳии тоҷикон гуфтааст. Ба ҳамин хотир дар бораи Исмоили Сомонӣ асарҳои таърихию бадеӣ иншо гардидаанд. Аз ҷумла ба майдон омадани романи сегонаи «Исмоили Сомонӣ» - и Мирзоди Маъонӣ боиси хурсандист.

 Ҳанўз соли 2003 китоби аввалини «Исмоили Сомонӣ» бо номи «Тулўи Хуршед» дастраси хонандагон гардид. Ман онро бо камоли майл хонда будам. Асар  писандам омад ва шод гардидам. 

Фарҳанги бостонии тоҷикон бар зидди фасод

 Дар ин маҷмўа намунаҳои ашъори шоирон, ки дар боби накўҳиши доду ситади ришва ва рибохорону ришватхўрон эҷод шудааст, гирдоварӣ гардидааст. Ҳадаф аз ин амр гирифтани пеши роҳи қонуншиканӣ, бенизомӣ, ҷиноятпўшонӣ ва беадолатӣ, хусусан муқовимат бар зидди фасод мебошад.

 Китоб аз ду қисм иборат буда, қисми аввал намунаҳои шеъри форсии тоҷикӣ  бар зидди фасод ва қисми дувум мақолаву мусоҳибаҳои Котиби Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия 

 

Муаррифӣ: “Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон”

Ин китоб соли 2013 бо талоши Энсиклопедияи миллии Тоҷикистон чоп шудааст ва сармуҳаррири он, донишманди маъруф Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ як сарсухани муфассале ҳам навишта. Дар ин сарсухан мехонем: Илме, ки аз омўзиши номи маҳаллоти ҷуғрофиёӣ падид омада ва то ба имрўз бад-он машғул аст,  топонимика ном дорад. Аз тадқиқоти донишмандони илми мазбур бармеояд, ки падид омадани номҳои ҷуғрофиёӣ, билхусус номи маҳалҳо (ки ҳам акнун мавзўи баҳси ин китоб аст), шарту қавонини махсуси худро дорад. Донишмандон бад-ин хулоса омадаанд, ки топография забони Замин аст, яъне ҳамчунон, ки олами набототу ҳайвонот ва инсоният дар доираи номгузории 

Страницы