Кӯдакон ва наврасон

Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон муборак!

Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад. Ҳамасола ин рӯз дар Тоҷикистон низ бо шукуҳ таҷлил мешуд, беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба  тамошо гузошта мешуданд, консертҳои идона ташкил мегардид. Вале имсол чун дар тамоми олам ин рӯз таҷлил намешавад. Бемории короновирус ҳамин лаҳзаҳои хурсандии кӯдаконро ҳам гирифт.

Дар сари роҳҳои нав. Тақризи устод Соҳиб Табаров ба ҳикояҳои Муаззама

​ Диққати дигар нависандаи ҷавон – насрнависи навқалам Муаззама дар ҳикояи «Истгоҳи шинос» ба қувваи меҳри падарӣ равона шудааст. Муаззама як мўйсафедро дар ҳолате тасвир кардааст, ки ба дидани писараш мерафт ва ҳазору як фикру андеша аз дилаш мегузашт. Дар назари аввал чунин  менамояд, ки каҳрамони ин ҳикоя як пири фартут аст 

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Сайёди ҷаҳон. Солҳои (1712 – 1795)

  Намояндаи барҷастаи адабиёти асрҳои миёнаи арман Арутюн Сайдян соли 1712 дар оилаи марди ҳунарманд дар шаҳри Тифлис, дар ҳамон шаҳре, ки гўё тамоми рангҳои табиат, халқҳо, урфу одат ва забонҳо бо ҳам омехтаанд, ба дунё омадааст. Зери таъсири муҳити гарми сиёсӣ, тиҷорат ва илмиву фарҳангии ҳамин шаҳр фаъолияти эҷодии Сайёди Наво шакл гирифт. Муҳақиқони осору аҳволи ў қайд карданд, ки панҷ забонро медонист ва бо се забон эҷод мекард.

Таърихи адабиёти ҷаҳон. Нозим Ҳикмат

 (солҳои 1902 –1963)

Шоир нависанда, ходими намоёни ҷамъиятӣ ва асосгузори назми инқилобии Туркия, Нозим Ҳикмат аз худ зиндагиномаи ибратомўз ва мероси ғаниву пурмўҳтаво боқӣ гузоштааст. Ӯ 20 –январи соли 1902 дар оилаи ашроф тавлид ёфта, ҳанўз аз наврасӣ бо воқеаву ҳодисаҳои пуртўфони ҳаёти он давр ошно шуд ва тадриҷаи яке аз муборизони асили роҳи озодӣ асили роҳи озодӣ гардид. Фаъолияти эҷодӣ ва сиёсии Н. Ҳикмат мусовӣ ҷараён гирифтааст. Аз соли 1917 маҳсули қалами 

Ошноӣ бо китоб. “Саҳифаҳои зиндагӣ”

Табиб А.Ғоибов китоби хотироти худро ҳамин гуна унвон кардааст ва дар сарсухан ҳадафи навиштани онро ин гуна баён доштааст: “Хотирот як навъ руҷўест ба ҳаёт гузаштаву рўзгори кунунии ҳар фард. Банда  ҳам дар радифи он ҳамсолони солхўрдае мебошам, ки бори гарони ғаму андўҳи даврони кўдакию наврасӣ, азобу азиятҳои айёми шубоб, илм дар мактаби олии тиббӣ, инчунин ҳангоми хуррамию такопўи зиндагии мустақилонаю фаъолояти корӣ дар муассисаҳои табобатиро бар дўш доштам. Ҳадаф аз иншои ин сатрҳо даъвои нависандагию рўзноманигорӣ набуда, фақат ба хотири бозгў намудани

Китобнома. “Тараннумгари олами вуҳуш”

 Китобномае, ки ахиран бо ин ном интишор ёфт, осори чопию электронии  нависанда, барандаи ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, роҳбари хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҷид Салим ва адабиёт  оид ба фаъолияти эҷодию адабии ўро дарбар  гирифта, ба ифтихори 50- солагии вай таълиф гардидаст. Китобнома  нахустин дастурест, ки оид ба фаъолияти гуногунҷабҳаи эҷодию илмӣ-адабии  то ин дам ба сомон расондаи Маҷид Салим маълумоти пурра медиҳад.

 

Страницы