Истилоҳоти мусиқӣ дар ашъори шоир ба дараҷаест, ки бархе аз ҳофизшиносон ўро мусиқидон донистаанд ва далелашон аз як сў, корбурди истилоҳоти мусиқӣ бошад, аз сўи дигар, худи вожаи «Ҳофиз» аст, ки маънии овозхон, ромишгарро низ дорост (364, 57). Аммо аксари ҳофизшиносон ин ақидаро рад намуда, вожаи «Ҳофизро»-ро ба маънии азбаркунандаи Қуръон медонанд (367, 213). Муроди мо ин ҷо муайян намудани мусиқидонии Ҳофиз нест. Шоир мусиқиро
Яке аз роиҷтарин мутифи хамриёти Ҳофиз бода – манбаи шодию хушдилӣ аст. Ин мутиф гарчанде дар адаби форсӣ таърихи куҳан дорад, дар шеъри Ҳофиз ба авҷи камолоти худ мерасад. Шоир дар баён ва тасвири он мазомин ва таъбироти нав дохил намуда, мўҳтавои онро бо киноёту ташбеҳоти тоза ғанӣ гардонидааст. Бода барои шоир як неъмати шодибахши атои Худовандист, ки боиси хуш гузаронидани ин умри кўтоҳ мегардад. Аз диди шоиронаи Ҳофиз инсон дар лаби баҳри фано қарор дорад, муддати як мижа задан кофист, ки ғарқ дар ин баҳри адам гардад.
2. Май - мабдаи тасвир
Тасвири май дар ашъори бузургтарин шоири ғазалсарои адаби форсӣ – Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ мақоми махсус дошта, анқариб тамоми осори ўро фаро гирифтааст. Хоҷа ҳангоми сурудани мавзўи мазкур аз таҳаввулоти он дар осори шуарои салафи худ огоҳии комил дошта, мазомин ва мўҳтавои онро ба ҳадди камол расонидааст. Он чизе, ки Ҳофизро аз дигарон боло мегузорад, тарзи тасвир ва баёни ўст, ки саршор аз маҷозу киноя ва иҳому истиора аст. Аз сўи дигар, ҳар вожаи шеъри Ҳофиз дорои ду соҳати маънӣ: дарунмаънӣ ва берунманӣ мебошад.
Маънии луғавии достон шуҳрат ва масал (Бурҳони қотеъ), шаҳри воқиа (Фарҳанги забони паҳлавӣ 1386, 137), саргузашт, афсона, машҳур, забонзад (Фарҳанги форси Муин, зайли вожа). Достон ба маънои луғавӣ дар «Шоҳнома» истифода шудааст, аммо асли маънои он як рўйдоди анҷомёфта ва ба натиҷае расида мебошад, ки дар ин суханони Фирдавсӣ мулоҳиза шудаанд:
Кунун пуршигифте яке дост
Бипайвандам аз гуфтаи бостон. (Шоҳнома 1, 164)
Тавре ишора рафт, дар замони ҳукмронии Август ду ҷараёни адабӣ буд, ки якеи онро оппозитсионӣ мегуфтанд. Ин ҷараён, ки камбудиҳои замонро танқид менамуд, инкишоф наёфт ва танҳо бо танқиди баъзе ислоҳоти Август, ки марбути масъалаҳои оилавию маишӣ ва ахлоқӣ буданд, маҳдуд монд. Адиби машҳури Рум Публий Овидий Назон намояндаи ҳамин ҷараён маҳсуб мешавад. Овидий дар шаҳрчаи Сулмон, ки 140 км дуртар аз Рум воқеъ буд, дар оилаи сарватманде ба дунё омадааст. Баъди дарёфти маълумот дар Рум Овидий барои такмили савод ба Юнон, Осиёи Хурд ва Ситсилия меравад.
Квинт Ҳоратсий Флакк ҳамзамони Вергилий буда, намояндаи ҷараёни анъанавии замони Август буд. Ў дар Венузи ном шаҳри Италия дар оилаи ғуломи озоде таваллуд ёфтааст. Падараш тавонистааст ба фарзанди худ маълумоти хуб диҳад. Дар ибтидо Ҳоратсий дар Рум таҳсил намуда, сониян ба Афина омада, назми Юнон ва фалсафаи онро омўхтааст.
Дар ҳамин давра ба Юнон яке аз кушандагони Сезар – Брут меояд ва Ҳораттсий ҷавон ба лашкари ў дохил мешавад ва дар муҳорибаи назди Флипп иштирок мекунад. Муҳориба бо шикасти лашкари Брут ба охир мерасад. Дар натиҷаи афв Ҳоратсий ба Рум бармегардад ва бо эҷоди шеър шуруъ менамояд. Баъд ба