Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ бахшида ба «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасон » даҳҳо китоби дар солҳои мухталиф навишташударо ба намоиш гузошт. Ин намоиши китоб қарор аст то як ҳафта идоама кунад. Дар ин муддат хонандагон имкон доранд бо беҳтарин нигоштаи шоирону
Зарфи як ҳафтаи охир 583 нафар хонандагони наврас ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳузар пайдо карданд ва 2 ҳазору 143 китоб дархост намуданд. Аксари онҳое, ки ба ин толор меомаданд, китобҳо бадеӣ дархост мекарданд. Аз адибони классику ва муосир матлаб суроғ доштанд.
Адиб, рассом, оҳангсоз ва арбоби ҷамъиятии бузурги Ҳиндустон Робиндронат Такур 7 майи соли 1861 дар Калкутта бо олами ҳастӣ чашм кушодааст. Ба иншои шеър аз ҳаштсолагӣ оғоз намуд. Соли 1878 ба Англия меравад ва дар колеҷи донишгоҳи Лондон фанни ҳуқуқро меомўзад. Аммо баъди як сол онро тарк намуда, ба Ҳиндустон бармегардад ва ба касби нависандагӣ машғул мешавад.
Соли 1901 ба мулки авлодиаш Шинтиникетан мекўчад ва он ҷо бо панҷ нафар омўзгори дигар мактаб мекушояд. Кори нависандагиро якҷоя бо омўзгорӣ давом медиҳад. Шеърҳо, ҳикояҳо, мақолаҳо, романҳо, китобҳои дарсӣ менависад.
Имрӯз дар шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи милии Тоҷикистон маҳфили “Дастони моҳир” доир шуд, ки мавзӯъи он ҳунари суманакпазӣ буд. Дар ин маҳфил хонандагон дар бораи баҳор, Наврӯз ва албатта суманак шеърҳо хонданд. Муаллима бошад ба хонандагон дар бораи таърихи пайдоиши суманак маълумот дод.
Хуб аст агар китобҳо барои бачаҳо бо тақризҳо чоп шаванд. Чанд маврид мо тақризи адибонро ба китоби ҳамқаламонашон интишор дода будем ва ин иқдом аз ҷониби хонандагон ба хушӣ пазируфта шуд. Ҳоло ҳамкорамон Фирӯза Аҳророва аз ҳафтаномаи “Адибёт ва санъат матлаби навиштаи Нозук Алиеваро дар бораи ҳикояҳои Акобир Шарифӣ-адиби хушзавқи бачагон китобат кардааст, ки фикр мекунем мақбули хонандагон мешавад.
Фаъолияти Акобир Шарифӣ серсоҳа аст. Ў барои дар дили хурдсолон парваридани ҳиссиёти наҷиби инсонӣ ва дар рўҳи
Подшоҳи Ҳиндустон расуле фиристод ба Нўшервон, ки: «Ман ба подшоҳӣ аз ту авлотарам, хироҷ ба ман бифирист».Нўшервон расулро фуруд овард ва дигар рўз бор бидод. Меҳтарон бихонду расулро ҳозир кард ва гуфт: «Ҷавоби пайғом бишнав». Пас Нўшервон сандуқе бихост.Бигушоду сандуқчае аз ў берун кард ва муште кабар (навъе аз гиёҳи хордор) аз он бароварду расулро дод ва гуфт: «Ба вилояти шумо аз ин бувад?».
Гуфт: «Бисёр бувад». Нўшервон гуфт: «Бирав малики Ҳиндро бигўй: Нахуст вилояти хештан ободон кун,