«Ҳофиз ҳофизаи мост. Зеҳну забону зиндагии мо сиришта бо Ҳофиз аст. Девони Ҳофиз фақат як дафтару девон нест, номаи зиндагиву зиндагиномаи мост. Ҳофиз фаротар аз адабиёт аст. Ҳофиз ба мо жарф зистану шод зистан меомўзаду яктана такягоҳи мост. Ҳеҷ кас чун ў зеру бами зиндагии моро намедонаду дар ғаму шодии мо шарик нест».
Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ
«Тоҷикон ва ўзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дўстию бародарӣ кўшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дўстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошад. Мо бояд барои халқҳоямон фазои дўстию самимияти ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкориро, тавре дар
Китоби «Харгўши сайёд» аз асарҳои адиби бузурги мисалнависи рус И.А.Крилов мураттиб шуда, ки онҳоро шоир ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Ҳикмат Раҳмат бо тоҷикӣ гардонидааст. Дар хусуси зарурати шоири ин китоб метавон гуфт, ки бо масалҳои пурҳикмату хирадмандонаи ин шоир наслҳои зиёде тарбият гирифтаанд ва мутолиаи онҳо ба тарбия ва рушду камоли одамон, махсусан ҷавонону наврасон дар рўзҳои мо низ мусоидат хоҳад кард.
Тарҷумаи масалҳо аз нашри И.А.Крилов, Басни Нашриёти «Художественная литература», Москва, 1966 сурат гирифтааст.
Дирўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзуъи «Фасли зимистон, фасли муъҷизаҳо ва ороиши Арчаи солинавӣ» баргузор шуд, ки дар он хонандагони наврас ширкат ва дар атрофи мавзуъ баҳс карданд.
Мураббӣ ба бачаҳо рӯ овард ва гуфт, ки зимистон фасли муъҷизаҳо, афсонаҳо, сардиҳост. Аммо сардию яхбандиаш ҳамоно
Оё бачаҳо медонад қатор чист ва оё касе аз онҳо бо қатор сафар кардаанд? Ин ду суол дар аввали маҳфили “Дастони моҳир” ба ширкаткунандагон ироа шуд, то мураббиён донанд, ки бачаҳо дар ин бора чӣ тасаввурот доранд. Маълум гардид, ки ҳама бо ин мафҳум ошноянд, қаторро дидаанд, дар бораи он маълумоти рушану норушон доранд. Пас
«Адабиёти бостон» нахустин китоби дарсии нисбатан мукаммал доир ба таърихи адабиёти пешазисломии мардуми эронитабор аст, ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Шарифмурод Исрофилниё зери назари академикаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ таълиф шудааст. Ин китоб аз рўйи беҳтарин ва мўътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фарҳам омадааст, то тавонад маводи дарсии донишҷўёни ихтисоси суханшиносиро таъмин кунад ва ҳамчунин ниёзи алоқамандони адабиёти бостонро бароварда гардонад.